Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2021, №445 "Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2014, №173"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2014, № 173

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2014, №173 "Дар бораи Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шаванд:

- дар тамоми матн калимаҳои "Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- аз банди 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;

- банди 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"14. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар сохтори худ дорои дастгоҳ дар шахсияти сардори раёсат-котиби илмӣ, ду сармутахассис, ду мутахассиси пешбар ва ду мутахассис аст, ки ҷузъи дастгоҳи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад.";

- дар банди 15 калимаҳои "Котиби илмии" ба калимаҳои "Сардори раёсат-котиби илмии" иваз карда шаванд;

- дар банди 21 калимаҳои "Академияи илмҳои тиббии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон," хориҷ карда шуда, калимаҳои "қарорҳои вазоратҳо" ва "дар ҳаёт татбиқ" мувофиқан ба калимаҳои "фармоиш ва қарорҳои вазоратҳо" ва "амалӣ" иваз карда шаванд.

2. Ба Ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз рӯйи вазифа), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2014, №173 "Дар бораи Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

- дар сатри "Ноиби Президент, раиси Шуъбаи илмҳои биологӣ ва тиббии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини раиси Шӯро);" калимаҳои "биологӣ ва тиббии" ба калимаи "биологии" иваз карда шаванд;

- сатри панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ноиби Президент, раиси Шуъбаи илмҳои тиб ва фармасевтии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (муовини раиси Шӯро);";

- дар сатри "Котиби илмии Шӯро;" калимаҳои "Котиби илмии" ба калимаҳои "Сардори раёсат-котиби илмии" иваз карда шаванд;

- сатри "Президенти Академияи илмҳои тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;" хориҷ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 22 октябри соли 2021, № 445