Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №462 "Дар бораи Барномаи рушди геодезия ва харитасозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди геодезия ва харитасозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Барномаи рушди геодезия ва харитасозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи рушди геодезия ва харитасозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2.Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии онро дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷетӣ, маблағҳои махсус, сармоягузорӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин намуда, оид ба иҷрои он ҳар сол то 20 январ ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 26 октябри соли 2021, №462

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Программе развития геодезии и картографии в Республике Таджикистан на 2022-2026 годы

В соответствии со статьей 11 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Программу развития геодезии и картографии в Республике Таджикистан на 2022-2026 годы и План мероприятий по реализации Программы развития геодезии и картографии в Республике Таджикистан на 2022-2026 годы (приложения 1 и 2).

2. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти ГорноБадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения обеспечить выполнение настоящей Программы и Плана мероприятий по её реализации в пределах предусмотренных бюджетных средств, специальных средств, инвестиций и других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан, и о её выполнении ежегодно до 20 января представлять информацию Государственному комитету по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан.

3. Государственному комитету по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан ежегодно до 1 февраля представлять в Правительство Республики Таджикистан информацию о ходе выполнения настоящей Программы и Плана мероприятий по её реализации.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 26 октября 2021 года, №462