Низомномаи Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ аз 22 октябри соли 2021, №441

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

сархати ҳаштуми банди 7 Низомнома то 31 декабри соли 2021 амал мекунад

Замимаи 1

Ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 октябри соли 2021,№441

НИЗОМНОМАИ ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ЭНЕРГЕТИКӢ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Хадамоти назорати давлатии энергетикии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдХадамот) мақоми ҳокимияти иҷроияи давлатӣ буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатии энергетикиро амалӣ менамояд.

2. Хадамот дар нақшаи идоракунии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

3. Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва ҳамин низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

4. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият анҷом медиҳад.

2. ВАЗИФАҲОИ ХАДАМОТ

5. Хадамот дар самти фаъолияти худ вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:

- назорати гузаронидани чорабиниҳои ташкилию техникӣ оид ба истифодаи самаранок ва сарфаҷуёнаи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ;

- назорати паст намудани сарфи технологии энергияи барқ, талафоти маҳсулоти энергетикӣ дар раванди истеҳсол, коркард, нигаҳдорӣ, интиқол, тақсимот, фурӯш, истифода ё истеъмол;

- назорати ба таври мунтазам бо энергияи барқ, гармӣ ва газ таъмин намудани истеъмолкунандагон аз тарафи таъминкунандагони энергияи барқ, гармӣ ва газ;

- назорати риояи талаботи санадҳои меъёрии техникӣ оид ба сифати энергияи барқ, гармӣ ва газ;

- назорати истифодабарии техникӣ ва бехавфи иншооти асосии неругоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ, дегхонаҳо ва шабакаҳои гармии ташкилотҳои энергиятаъминкунанда, дастгоҳ ва таҷҳизоти истеъмолкунандагони энергияи барқ ва гармӣ;

- назорати тасдиқ ва риояи меъёрҳои мувофиқашудаи сарфи технологии захираҳои сӯзишворию энергетикӣ ба воҳиди маҳсулоти истеҳсолшаванда (кор, хизмат ва ғайра);

- назорати риояи нишондиҳандаҳои шартномавии тавоноии таҷҳизоту дастгоҳҳои барқии пайвастшуда ва энергияи барқӣ аз тарафи истеъмолкунандагон истифодашуда;

- назорати дуруст татбиқ шудани тариф, муайян намудани миқдори энергияи барқ, гармӣ ва газ аз тарафи ташкилотҳои таъминкунанда ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо истеъмолкунандагон;

- назорати ташкили баҳисобгирии истеҳсол ва истеъмоли захираҳои сӯзишворию энергетикӣ;

- назорати таъмини дараҷаи муносиби ҷуброни тавоноии ғайрифаъол дар таҷҳизоту дастгоҳҳои барқии истеъмолкунандагон, татбиқи дурусти тахфиф ё илова намудан ба тарифи энергияи барқ барои ҷуброни тавоноии ғайрифаъол;

- амалӣ намудани назорати сари вақт аз санҷиши дониш гузаштани ҳайати кормандони хизматрасони неругоҳҳо, шабакаҳо, таҷҳизот ва дастгоҳҳои барқу гармӣ оид ба қоидаҳои истифодабарии техникӣ ва техникаи бехатарӣ;

- додани иҷозат барои ба шабака пайваст намудани дастгоҳ ва иншооти навваслгардида, барқароршуда ва таҷдидгардидаи истеъмолкунандагони захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, аз ҷумла шабака ва таҷҳизоти барқӣ, гармӣ ва газии дохилибиноии биноҳои бисёрошёна;

- назорати иҷрои нақшаи чорабиниҳои ташкилию техникӣ оид ба омода намудани иншооти энергетикӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, раъду барқ ва обхезӣ;

- назорати ба кор омода намудани иншооти мавсимӣ, аз ҷумла дастгоҳу таҷҳизоти барқии пойгоҳҳои обкашӣ, корхонаҳои пахтатозакунӣ ва дигар ташкилотҳое, ки фаъолияташон хусусияти мавсимӣ доранд;

- назорати гузаронидани таҳқиқоти энергетикӣ ва тартиб додани шиносномаҳои энергетикӣ;

- назорати дуруст муқаррар шудани меъёрҳои сифат ва бозгашти конденсат.

3. ҲУҚУҚҲОИ ХАДАМОТ

6. Хадамот дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда ҳуқуқ дорад:

- аз истеъмолкунандагон амалӣ намудани чорабиниҳоро оид ба сарфаҷӯйӣ ва самаранокии энергияи барқ, гармӣ, ангишт ва газ, инчунин бартараф кардани камбудиҳо дар истифодаи ин намудҳои энергия талаб намояд;

- дар ҳолатҳои ошкор намудани далелҳои сарфи ками захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, ба воҳиди маҳсулоти истеҳсолшаванда нисбат ба меъёри мувофиқашуда ва далелҳои ғайримақсаднок истифода шудани захираҳои сӯзишворию энергетикӣ аз нав дида баромадани меъёри истеъмоли онҳоро талаб намояд;

- таҷрибаи кории истеъмолкунандагонро дар бораи сарфаҷӯёна ва самаранок истифода бурдани захираҳои энергетикӣ ҷамъбаст намуда, барои дар ин соҳа ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам чораҳо андешад;

- кори бахшҳои ташкилотҳои таъминкунандаи энергия оид ба фурӯши энергияи барқ, гармӣ, газ, ангишт, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳоро санҷад;

- дар ҳамаи нуқтаҳои ҳисоб, аз ҷумла дар неругоҳҳо, зеристгоҳҳо ва нуқтаҳои баҳисобгирии байнидавлатӣ санҷиши баҳисобгирии энергияи барқ ва газро бо гирифтани нишондодҳои ҳисобгиракҳо гузаронида, тавозуни энергияи барқ ва газро муайян созад;

- барои баррасии масъалаҳои марбут ба ваколати худ шӯроҳо (комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ)-ро, аз ҷумла бо иштироки намояндагони дигар мақомоту идораҳои давлатӣ ташкил намояд;

- назорати риояи регламентҳои техникӣ ва стандартҳои муқарраргардида, меъёрҳо ва қоидаҳои соҳавиро дар ҷараёни сохтмон, азнавсозӣ ва таҷдиди объект ва иншооти энергетикӣ, аз ҷумла истеъмолкунандагони захираҳои сӯзишворию энергетикӣ амалӣ намояд;

- аз неругоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ, дегхонаҳо ва шабакаҳои гармӣ, бино ва иншооти гармиистифодакунанда гирифтани шиносномаҳоро оид ба омода будани онҳо барои кор дар мавсими тирамоҳу зимистон талаб намояд;

- бо тартиби муқарраршуда нашри адабиёт ва лавҳаҳоро оид ба сарфаҷӯйӣ ва самаранокии захираҳои энергетикӣ, техникаи бехатарӣ ва истифодабарии бехавфи таҷҳизот ва дастгоҳҳои барқӣ, гармӣ ва газӣ ташкил намояд;

- тибқи тартиби муқарраршуда дар кори таҳқиқи ҳолат ва сабабҳои рух додани садамаҳо ва дигар вайроншавиҳои технологие, ки ба истифодабарии неругоҳҳо, шабакаҳо, таҷҳизот ва дастгоҳҳои барқию гармӣ вобаста мебошанд, инчунин дар таҳқиқи ҳодисаҳои нохуше, ки вобаста ба истифодаи дастгоҳ ва таҷҳизоти барқу гармӣ ба амал омадаанд ва боиси ҷароҳат ё марги инсон гардидаанд, иштирок намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида бо мақсади баланд бардоштани кори боэътимоди дастгоҳ ва таҷҳизоти барқӣ корҳои санҷишӣ ва озмоишӣ гузаронад;

- барои бекор кардани протоколҳои санҷишӣ ва озмоишие, ки аз ҷониби озмоишгоҳҳои электротехникии иҷозатноманадошта ё мӯҳлати иҷозатномаашон гузашта дода шудааст, дастур диҳад;

- дар сурати ошкор намудани ҳолатҳои садамавӣ, сӯхтор ва дигар ҳолатҳои ба ҳаёти шаҳрвандон, муҳити зист, амнияти ҷомеа хавфнок аз ташкилотҳои энергетикӣ ва истеъмолкунандагон фавран хомӯш намудани дастгоҳ ва таҷҳизоти энергетикиро талаб намояд;

- дар ҳолатҳои садама, вайроншавиҳои технологӣ, ҳодисаҳои нохуш ва қоидавайронкуниҳо бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ ҳар вақти шабонарӯзӣ бе монеа ба ҳудуд ва дохили объект ва дастгоҳҳои энергетикӣ ворид шаванд;

- бо тартиби муқарраршуда риояи меъёри тасдиқшудаи сарф ва ҳадди истеъмоли захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, иҷрои супоришҳо ва чорабиниҳои ташкилию техникиро оид ба сарфи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ талаб намояд;

- бо тартиби муқарраргардида барои аз истеҳсолот гирифтани таҷҳизоти аз ҷиҳати иқтисодӣ бесамар ва ба талаботҳои истифодабарии боэътимод ва хизматрасонии бехавф ҷавобгӯ набударо талаб намояд;

- санҷиши дониши ҳайати комиссия ва кормандони хизматрасони неругоҳҳо, шабакаҳо ва истеъмолкунандагони захираҳои сӯзишворию энергетикиро оид ба қоидаҳои истифодабарии техникӣ, техникаи бехатарӣ ва дигар қоидаҳои амалкунандаи соҳавӣ гузаронида, шахсони масъули аз санҷиши дониш нагузаштаро аз кор дур намояд, инчунин дар кори комиссияи онҳо иштирок намояд;

- ба роҳбарони ташкилотҳои болоӣ ирсол намудани пешниҳод ё ба мақомоти прокуратура фиристодани мавод оид ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкороне, ки бо гуноҳи онҳо садамаҳо, ҳодисаҳои нохуш рух додаанд ё дағалона ба вайронкунии талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи энергетика роҳ додаанд, инчунин онҳое, ки амрномаи Хадамотро иҷро накардаанд;

- далелҳои сарфи исрофкорона дар истифодаи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, аз ҷумла энергияи барқ ва гармиро ошкор намуда, оид ба вайрон кардани қоидаҳо санад тартиб диҳад, зарари иқтисодиро муайян намояд, пешниҳод кунад ва ба суратҳисоби худ ситонад;

- дар асоси қонунгузорӣ барои риоя накардани меъёр ва қоидаҳо дар соҳаи энергетика протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб диҳад ва ҷиҳати ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан қарор қабул намояд;

- дар сурати набудани кормандони хизматрасони дастгоҳҳои энергетикӣ ва истифодакунандаи энергия оид ба хомӯш кардани онҳо дастури иҷрояшон ҳатмӣ диҳад;

- ба таври фаврӣ аз ташкилотҳои таъминкунандаи энергия ва истеъмолкунандагони энергия (ба истиснои шахсони воқеӣ) пешниҳод намудани маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро (ҳисоботи фурӯши барқ, санадҳои қабул ва бекоркунии баҳисобгирӣ, қоидавайронкунӣ, ҳисоботҳои техникӣ, санади иҷрои корҳо ва хароҷоти маводу таҷҳизот ва ғайра), ки марбут ба салоҳияти Хадамот мебошанд, талаб намояд;

- аз истеъмолкунандагон баланд кардани эътимоднокии нақшаҳои барқтаъминкуниро, инчунин тақсимоти таъминоти технологӣ, умумиистеҳсолӣ, коммуналӣ-маиширо талаб намояд;

- санҷиши дурустии кори асбобҳои баҳисобгирии сарфи захираҳои энергетикӣ ва маълумоти пешниҳодшударо оид ба ҳаҷми воқеии истифодаи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ гузаронад;

- тибқи тартиби муқарраршуда барои нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти худ, эълонҳои расмӣ, ҷойгир намудани маълумот аз натиҷаи санҷишҳо ва чораҳои андешидашуда, ҷой додани дигар ҳуҷҷатҳое, ки марбут ба салоҳияти Хадамот мебошанд, нашрияи худро таъсис диҳад.

4. УҲДАДОРИҲОИ ХАДАМОТ

7. Хадамот дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:

- дар рафти санҷишҳо ва чорабиниҳои назоратӣ талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои амалкунандаи соҳавиро ба таври қатъӣ риоя намояд;

- тартиби гузаронидан ва ба расмият даровардани чорабиниҳои назорати давлатии тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо риоя намояд;

- оид ба натиҷаҳои чорабиниҳои назорати давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои вайрон кардани талабот чораҳои дахлдор андешад;

- дар таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии соҳавӣ, аз ҷумла таҳияи барномаҳои давлатӣ иштирок намояд;

- назорати иҷрои муқаррароти қонунгузорӣ, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи энергетикаро дар корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, дар самти истифодаи сарфаҷӯёна ва самараноки захираҳои сӯзишворию энергетикӣ амалӣ созад;

- дар ҳолатҳои ошкор кардани далелҳои ғайримақсаднок сарф шудани энергияи барқ, гармӣ, газ, ангишт ва маҳсулоти нафтӣ кам кардани ҳадди истеъмоли онҳоро талаб намояд;

- дар ҳолати ошкор кардани худсарона ба шабакаҳои барқӣ, гармӣ ва қубурҳои газгузар пайваст шудани истеъмолкунандагон ба роҳбарон ва кормандони ташкилотҳои таъминкунандаи энергия барои хомӯш кардани ин гуна истеъмолкунандагон дастури ҳатмӣ диҳад;

- тибқи тартиби муқарраршуда пардохти энергияи ғайрифаъоли истифодашударо аз истеъмолкунандагон ситонад;

- доир ба масъалаи риояи меъёр ва қоидаҳои дар соҳаи энергетика амалкунанда дастурҳои иҷрояшон ҳатмӣ диҳад;

- дар кори комиссияҳои корӣ ва давлатӣ оид ба қабули иншооти нави ба истифода додашаванда, барқароркардашуда ва таҷдидгардида иштирок намояд;

- муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро тибқи тартиби қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор диҳад.

5. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ХАДАМОТ

8. Хадамотро сардор роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад. Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

9. Сардори Хадамот ду муовин дорад, ки онҳоро бо пешниҳоди сардори Хадамот вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

10. Сохтори Хадамот мувофиқи самтҳои асосии фаъолияти он аз раёсатҳо ва шуъбаҳо иборат мебошад.

11. Ба ваколатҳои сардори Хадамот дохил мешаванд:

- роҳбарии умумии тамоми фаъолияти Хадамот;

- ҳимояи манфиатҳои Хадамот дар ҳамаи идораҳо, корхонаю ташкилот, инчунин муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

- дар мувофиқа бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани харҷнома ва ҷадвали воҳидҳои корӣ барои нигоҳ доштан ва нақшаи кории фаъолияти Хадамот;

- тақсими вазифаҳо байни муовинон ва муқаррар намудани уҳдадории онҳо;

- тасдиқи низомномаҳо, дастурамалҳои мансабии кормандон ва нақшаҳои кории воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, зерсохторҳои дар нақшаи идоракунӣ ва ташкилотҳои системаи Хадамот қарордошта;

- дар доираи ваколатҳои худ баровардани фармоишҳо ва дастурҳо, ки иҷрои онҳо барои кормандони Хадамот ва воҳидҳои сохторӣ ҳатмист, инчунин назорат бурдани иҷрои онҳо;

- дар асоси озмун қабул ва аз мансаб озод намудани кормандони Хадамот.

12. Сардори Хадамот ҳамзамон сарнозири давлатӣ оид ба назорати энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ ҳамзамон муовинони сарнозири давлатӣ оид ба назорати энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб мешаванд. Сардорони раёсат, муовинони онҳо, сардорони шуъба, сармутахасисони воҳидҳои сохтории Хадамот, ки назорати энергетикиро амалӣ мегардонанд, нозири калони давлатӣ, мутахасисони пешбар ва мутахассисон нозири давлатӣ оид ба назорати энергетикӣ ҳисоб мешаванд.

13. Барои ҳалли масъалаҳои муҳим дар назди Хадамот шӯрои техникӣ ташкил карда мешавад.

14. Шахсони мансабдори Хадамот дорои шаҳодатномаи намуди ягона ва либоси расмӣ мебошанд, ки намунаи онро Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

15. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, бланк ва штампҳои намунаи муқарраршуда мебошад ва аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

16. Суроғаи ҳуқуқии Хадамот: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734042, шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Қаҳҳоров, 35.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 октябри соли 2021,№441

СОХТОРИ ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ЭНЕРГЕТИКӢ

Роҳбарият

Раёсати назорат дар соҳаи сарфаҷӯйӣ ва самаранокии энергия

Шуъбаи муҳосибот

Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кор бо кадрҳо

Шуъбаи истеҳсолӣ - техникӣ

Шуъбаи коргузорӣ, назорат ва таҳлил

Шуъбаи назорати неругоҳҳо ва шабакаҳои барқии 35 кВ боло

Шуъбаи назорати шабакаҳо ва дастгоҳҳои гармидиҳӣ

Шуъбаи назорати нафту газ ва ангишт

Замимаи 3

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 октябри соли 2021,№441

НАҚШАИ ИДОРАКУНИИ ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ЭНЕРГЕТИКӢ

Дастгоҳи марказӣ

Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе

Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Бохтар

Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Кӯлоб

Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Суғд

Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Хуҷанд

Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Истаравшан

Шуъбаи назорати давлатии энергетикии минтақаи Зарафшон

Шуъбаи назорати давлатии энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Замимаи 4

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 октябри соли 2021,№441

НОМГӯЙИ ТАШКИЛОТИ СИСТЕМАИ ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ЭНЕРГЕТИКӢ

Муассисаи давлатии "Маркази таълимӣ дар соҳаи энергетика"

Озмоишгоҳи электротехникӣ