ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии онро дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбинишавандаи буҷети давлатӣ барои соҳаи тандурустӣ ва маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин намоянд.
3. Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии техникии амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии онро таъмин намуда, аз натиҷаи он ҳар сол то 20 январ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 26 октябри соли 2021, № 461
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Программе развития государственных лечебных учреждений Республики Таджикистан на 2022-2025 годы
В соответствии со статьей 11 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Программу развития государственных лечебных учреждений Республики Таджикистан на 2022-2025 годы и План мероприятий реализации Программы развития государственных лечебных учреждений Республики Таджикистан на 2022-2025 годы (приложения 1 и 2).
2. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами и исполнительными органами государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов обеспечить исполнение настоящей Программы и Плана мероприятий по её реализации в рамках ежегодно предусматриваемых средств государственного бюджета для отрасли здравоохранения и других средств, не запрещённых законодательством Республики Таджикистан.
3. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан обеспечить координацию и техническую подержку реализации настоящей Программы и Плана мероприятий по её реализации и о её результатах ежегодно до 20 января предоставлять информацию Правительству Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Pecпублики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 26 октября 2021 года, №461