Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 октябри соли 2021, №432
Тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.10.2022 № 521)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ (минбаъд - Тартиби мазкур) қоидаҳои истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) ва хазинаи виртуалӣ бо модули фискалиро аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (минбаъд - субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ), ки ҳисоббаробаркуниҳои пулиро бо аҳолӣ анҷом медиҳанд, муайян менамояд ().
2. Дар тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд:
- дастгоҳи назоратӣ-хазинавии онлайн (минбаъд - ДНХ-онлайн) мошини электронии ҳисобкунанда ва дигар дастгоҳҳо, ки метавонанд ба модули фискалӣ пайваст шаванд, ҳуҷҷати фискалиро омода намоянд, интиқоли ҳуҷҷатҳои фискалиро ба оператори иттилооти фискалӣ дар реҷаи вақти воқеӣ таъмин намоянд ва маълумоти фискалиро чоп намоянд ();
- хазинаи вертуалӣ - таъминоти барномавӣ ё маҷмӯйи он, ки маълумотро дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ бо аҳолӣ дар нуқтаҳои савдои чакана (кор ва хизматрасонӣ) интиқол медиҳанд (агар бо воситаҳои қабули пардохтҳои ғайринақдӣ ҳамгироӣ шуда бошад), имкони ба модули фискалӣ пайваст шудан, ҳуҷҷатҳои фискалӣ тартиб додан, таъмини интиқоли ҳуҷҷатҳои фискалӣ дар реҷаи вақти воқеӣ ба оператори маълумоти фискалӣ ва чопи маълумоти фискалиро доранд ва ё онҳоро ба таври электронӣ интиқол медиҳанд ();
- оператори маълумоти фискалӣ (минбаъд - оператор) субъекти хоҷагидор, новобаста аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, мебошад, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун оператори маълумоти фискалӣ дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шуда, дорои таҷҳизоти махсуси барои коркард, қабули мустақил ва доимӣ, ҳифз ва нигоҳдории криптографии маълумоти фискалии дар реҷаи онлайн гирифташуда пешбинигардида, инчунин таъминкунандаи интиқоли маълумот дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ дар реҷаи онлайн ба мақомоти андоз тавассути шабакаҳои телекоммуникатсияи истифодаи умум ва дар асоси созишнома ва ҳуҷҷатҳои фармоиши Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои вазифаҳои оператори маълумоти фискалӣ мебошад ();
- модули фискалӣ - таъминоти барномавии махсуси ҳифзшудаи аз ҷониби оператор таҳияшуда, таҷҳизоти махсуси физикӣ, ки ҳамчун хотираи фискалӣ бидуни истифодаи тавоноии ҳисоббарорӣ ва таъминоти барномавии таҷҳизоти пайвастшуда фаъолият дошта, ҳифзи криптографии маълумоти фискалиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар асоси стандартҳои дахлдор таъмин менамояд;
- нишондодҳои фискалӣ - маълумот дар бораи ҳисоббаробаркуниҳо ва субъектҳои хоҷагидорӣ, ки ҳисоббаробаркуниро анҷом медиҳанд, ДНХ-онлайн, хазинаи вертуалӣ ё дигар маълумоте, ки оператор барои истифода дар ҳисоббаробаркуниҳо омода намудааст ();
- аломати фискалӣ - маҷмӯйи аломатҳои нодир, ки бо истифодаи модули фискалӣ дар натиҷаи табдили криптографии маълумоти фискалӣ тибқи стандартҳои тасдиқшуда ҷамъ оварда мешавад.
- феҳристи модулҳои фискалӣ - ҷамъоварии маълумот дар бораи модулҳои фискалӣ, ки дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудаанд;
- истифодабаранда - субъекти хоҷагидорӣ, ки ДНХ-онлайн ва (ё) хазинаи вертуалиро барои анҷоми ҳисоббаробаркунии нақдӣ бо аҳолӣ ҷиҳати фурӯши мол, кор ва хизматрасониҳо истифода менамояд ();
- расиди хазинавӣ (минбаъд - расид) - ҳуҷҷати аввалияи баҳисобгирӣ, ки далели ҳисоббаробаркуниҳоро дар шакли электронӣ ё коғазӣ ҳангоми анҷоми ҳисоббаробаркунӣ барои мол, кор ва хизматрасонӣ байни истифодабаранда ва харидор (мизоҷ) тавассути ДНХ-онлайн ва (ё) хазинаи вертуалӣ тибқи қонунгузории ҷорӣ бо истифодаи пули нақд ва (ё) воситаҳои пардохтҳои электронӣ барои мол, кор ва хизматрасонӣ фурӯхташуда тасдиқ менамояд ();
- Z-ҳисобот - шакли ҳисоботи ҳаррӯза (ҳисобот дар бораи барҳамдиҳӣ, ҳисобот дар бораи анҷоми басти корӣ);
- рақами истеҳсолкунанда - маҷмӯйи нодири рамзҳои аз ҷониби истеҳсолкунандагони ДНХ-онлайн ва модулҳои фискалӣ гузошташуда ();
- феҳристи ДНХ-онлайн ва хазинаҳои вертуалӣ - маҷмӯи иттилооти доимо таҷдидшаванда дар бораи моделҳои ДНХ-онлайн ва барномаҳои хазинаҳои вертуалӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба феҳристи давлатӣ ворид карда шудаанд ();
- маркази хизматрасонии техникӣ - (минбаъд - МХТ) шахси ҳуқуқие, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба феҳристи давлатӣ дохил карда шуда, ба хизматрасонии доимии ДНХ-онлайн ва хазинаҳои вертуалӣ машғул мебошад ();
- низоми иттилооти андоз - барномаи махсуси компютерие, ки аз ҷониби оператори маълумоти фискалӣ барои бақайдгирӣ ва пешбуди баҳисобгирии ДНХ-онлайн, хазинаи вертуалӣ ва МХТ таҳия карда шудааст ();
- рамзи тиҷоратӣ - рақами нодири мол дар асоси низоми байналмилалии логистикии GҒ1 ва дигар низомоти иттилоотӣ;
- коркарди маълумоти фискалӣ - маҷмӯйи амалиётҳои оператор, ки ҷамъоварӣ, сабт кардан, ба низом даровардан, нигоҳдории бетағйир, истихроҷ, истифода, таъмини мақоми ваколатдор ба дастрасӣ ба иттилооти фискалӣ, ба истиснои тағйир додан, маҳдудкунӣ, нест ё нобуд кардани онҳо иборат аст.
3. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурдани танҳо ДНХ-онлайн ва хазинаҳои вертуалӣ бо модули фискалӣ иҷозат дода мешавад, ки ба феҳристи давлатӣ ворид карда шудаанд. Истифодаи ДНХ-онлайн ва хазинаҳои вертуалӣ, ки ба феҳристи давлатӣ ворид карда нашудаанд ва дорои сертификати мутобиқати соҳаи амнияти иттилоотӣ намебошанд, манъ аст ().
4. Муқаррароти тартиби мазкур ба ҳисоббаробаркуниҳои пулии шахсони зерин татбиқ намегардад:
- андозсупорандагон оид ба хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо додани ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуҷҷатҳои ҳисобашон қатъӣ баробаранд, аз ҷумла, расидҳо (квитансия), билетҳо, талонҳо, тамғаҳои пардохти почтавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки шакли онҳоро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст;
- андозсупорандагон ҳангоми фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ;
- супорандагони андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;
- соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд;
- соҳибкорони инфиродие, ки тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус дар ҷойҳои ғайристатсионарӣ фаъолият менамоянд.
5. Қисми асосии (заминавии) лоиҳаи барномавии хазинаи вертуалӣ, ки аз ҷониби Кумитаи андоз ва оператор таҳия шудааст, ба субъектҳои хоҷагидорӣ ройгон дода мешавад. Барнома имконияти қабули маълумот оид ба мол, ташаккули расид, ҳамгироӣ бо модули фискалӣ, интиқоли расид ба оператор ба тариқи онлайн, ташаккули 2-ҳисобот, кор дар реҷаи офлайн, пешбурди номгӯйи мол, тартиб додани ҳисоботи умумӣ ва дигар имкониятҳоро фароҳам месозад ().
6. Расидҳои хазинавӣ ва ё расидҳои молӣ, ки дар коғаз чоп шудаанд, ё харидор (мизоҷ) онҳоро дар шакли электронӣ гирифтааст, ба расиди хазинавие, ки дар ДНХ-онлайн дар шакли коғазӣ чоп шудааст, баробар дониста мешавад, агар маълумоти фискалӣ дар чунин расиди хазинавӣ бо маълумоти ба системаи иттилоотии андоз дар шакли электронӣ фиристодашуда, якхела бошад ().
7. Ҳангоми пардохти молу хизматрасониҳо, ки тавассути терминал амалӣ карда мешаванд, ба мизоҷон бояд расиди ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ якҷо бо расиди терминал пешниҳод карда шавад (ба истиснои ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ, ки дар он имконияти пардохт намудан бо кортҳои пардохтии бонкӣ ё дигар воситаҳои электронии пардохтӣ татбиқ шудааст) ().
8. Маълумот дар расидҳои ДНХ-онлайн ва хазинаҳои вертуалӣ барои харидорон ҳангоми таҳвили мол (кору хизматрасонӣ) бояд бо ранги сиёҳ ва дар қоғази сафеди махсус чоп шуда, васегии расид бояд на камтар аз 55 миллиметр ва баландии ҳарфҳо (аломатҳо) бояд на камтар аз 2 миллиметр бошад ().
9. Расиди ДНХ-онлайн ва хазинаи вертуалӣ бояд маълумоти зеринро дар бар гирад ():
- рақами расид;
- рақами ДНХ-онлайн, ки аз ҷониби истеҳсолкунанда гузошта шудааст, ё рақами силсилавии хазинаи вертуалӣ ();
- номи субъекти хоҷагидорӣ;
- рақами мушаххаси андозсупоранда, рақами ягонаи мушаххаси (РМА/РЯМ);
- суроғае, ки дар он ҳисоббаробаркунии нақдӣ анҷом дода мешавад (ҳангоми иҷрои хизматрасонии дастраскунӣ, суроғаи ҳуқуқии субъекти соҳибкорӣ);
- номи маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ;
- рамзи тамғагузории маҳсулот;
- миқдори мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ;
- нархи (арзиши) мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ;
- меъёри андоз аз арзиши иловашуда, низоми содакардашудаи андозбандӣ барои молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо;
- маблағи андоз аз арзиши иловашуда, низоми содакардашудаи андозбандӣ барои молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо;
- шакли пардохт нақдӣ ё ғайринақдӣ ё ҳар ду шакл;
- маблағи умумии пардохт;
- сана ва вақти пардохт;
- рақами ягонаи модули фискалӣ;
- аломати фискалӣ;
- QR-рамз, ки на кам аз 30x30 мм бошад, бояд барои санҷиши ҳақиқӣ будани расид аст.
10. Субъектҳои фаъолияти хоҷагидор ҳуқуқ доранд ҳангоми истифодабарӣ аз ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ дигар воситаҳои электронии пардохтиро барои қабули пардохтҳои ғайринақдӣ истифода баранд ().
2. ТАРТИБИ ХИЗМАТРАСОНИИ ДНХ-ОНЛАЙН ВА (Ё) ПЕШБУРДИ ХАЗИНАҲОИ ВЕРТУАЛӢ
11. Субъектҳои хоҷагидорӣ ҳуқуқ доранд мустақилона ДНХ-онлайн ва (ё) хазинаи вертуалии дорои сертификати мутобиқати соҳаи амнияти иттилоотиро, ки ба феҳристи давлатӣ ворид карда шудаанд, харидорӣ намоянд, инчунин ихтиёран МХТ интихоб намоянд ().
12. Хизматрасонии кафолатнок ва муттасилаи ДНХ-онлайн ва (ё) хазинаи вертуалӣ дар асоси шартномаи миёни МХТ ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ басташуда сурат мегирад ().
13. Аз ҷониби МХТ ба соҳибкор ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалии дар ҳолати корӣ буда, ки дар он модули фискалӣ насб шудааст, дар давоми як рӯзи корӣ пас аз гирифтани ариза, пешниҳод карда мешавад ().
14. Ҳангоми корношоям гардидани ДНХ-онлайн ва ё хазинаи вертуалӣ, аз ҷониби МХТ дар давоми як рӯз дар нуқтаи савдо ва хизматрасонии субъекти хоҷагидор ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалии захиравӣ насб карда мешавад ().
15. Ҳангоми барҳамдиҳии субъекти хоҷагидорӣ, инчунин корношоямии модули фискалӣ, гузаштани муҳлати истифода, бо маълумот пур гардидани хотира ё дигар ҳолатҳои пешбининашуда, субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ модулҳои фискалиро ба МХТ бармегардонанд.
16. Ҳангоми гум шудани ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ, субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ дар муддати на дертар аз як рӯзи корӣ дар ин бора ба мақомоти андоз ва МХТ хабар медиҳад ().
17. Кумитаи андоз феҳристи ДНХ-онлайн ва хазинаҳои вертуалии аз ҷониби субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ истифодашавандаро ташкил медиҳад ().
18. Дастрасӣ ба утоқи шахсии системаи иттилоотии андоз бо истифодаи мушаххаскунии сайёр (пин-код) ва имзои электронии рақамӣ амалӣ карда мешавад.
3. ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРИИ ДНХ-ОНЛАЙН ВА (Ё) ХАЗИНАИ ВЕРТУАЛӢ ДАР МАҚОМОТИ АНДОЗ
19. Барои дар мақомоти андоз ба қайд гирифтан ё аз нав ба қайд гирифтани ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ, субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ бояд то аз оғози фаъолияти пешбурди ҳисоббаробаркунӣ бо аҳолӣ ариза аз рӯйи шакли тибқи замимаи 1 ба МХТ, ки ба феҳристи давлатӣ ё идораҳои минтақавии он дохил карда шудааст, дар шакли электронӣ ё хаттӣ пешниҳод намояд ().
20. Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мавҷудияти маҳалли фаъолият (шартномаи иҷора ё ҳуҷҷати бақайдгирии бино ё як қисми он);
- нусхаи шартнома бо МХТ дар бораи хизматрасонии техникӣ ва таъмири ДНХ-онлайн ва (ё) хазинаи вертуалӣ ();
- суроға ва маҳалли фаъолияти андозсупоранда;
- нусхаи сертификати мутобиқати соҳаи амнияти иттилоотӣ ба ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ ().
21. Иттилооти дар махзани маълумот мавҷудбуда тариқи худ аз худ (автоматӣ) ташаккул ёфта, иттилооти иловагӣ бошад, дар асоси нусхаи ҳуҷҷатҳои (шартномаи иҷора ё ҳуҷҷати бақайдгирии бино ё қисми он) субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ташаккул дода мешавад.
22. Маълумоти аз ҷониби субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ пешниҳодшударо МХТ меомӯзад ва баъдан ҳуҷҷатҳо дар давоми 4 соати корӣ аз лаҳзаи гирифтани онҳо, дар низоми иттилооти андоз ба қайд гирифта мешаванд.
23. Маълумот дар бораи дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудани ДНХ ё хазинаи вертуалӣ, аз тарафи мақомоти андоз ба утоқи шахсии субъект фаъолияти соҳибкорӣ тибқи замимаи 2 ворид карда мешавад ().
24. Ҳангоми ошкор шудани ихтилофот дар маълумоти пешниҳоднамудаи субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, сабаби ихтилофот аз ҷониби мақомоти андоз дар маҳалҳо дар давоми як рӯзи корӣ омӯхта мешавад.
25. Барои бақайдгирии ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ маблағ ситонида намешавад ().
26. Бақайдгирии давлатии ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ дар ҳолатҳои зерин рад карда мешавад ():
- ҳангоми аз ҷониби субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ пурра пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои пешбинишуда, ки барои бақайдгирии ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ заруранд ();
- ҳангоми мавҷудияти ихтилофот дар маълумоти пешниҳоднамудаи субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ;
- ҳангоми гирифтани маълумот дар бораи ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ, ки дар феҳристи давлатӣ ба қайд гирифта нашудаанд ().
27. Дар ҳолати рад намудани бақайдгирии ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ, мақомоти андоз на дертар аз як рӯзи корӣ ба МХТ ва субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ огоҳинома бо зикри, сабабҳои аниқи рад шуданро мефиристад ().
28. Дар ҳолати рад намудани бақайдгирии ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ, субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ ҳуқуқ дорад камбудиҳоро бартараф намуда, аризаро такроран пешниҳод намояд ().
29. Субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ҳуқуқ доранд аз амали (ё беамалии) шахсони мансабдори мақомоти андоз, инчунин оид ба огоҳиномаи онҳо ҷиҳати рад намудани бақайдгирии ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ шикоят намояд ().
30. Ҳангоми тағйир ёфтани суроғаи маҳалли фаъолиятӣ ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ, субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар муддати 7 рӯзи корӣ ба МХТ бевосита ё тариқи электронӣ ташриф оварда ҷиҳати иваз намудани маълумот оиди ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ дар якҷоягӣ бо нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти суроғаи нави ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалиро тасдиқ мекунанд, ариза пешниҳод менамоянд. Муҳлати воридсозии маълумот оид ба тағйири суроғаи фаъолияти ДНХ аз муҳлати бақайдгирии он зиёд буда наметавонад. Инчунин, ҳангоми барҳамдиҳии субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ, корношоямии модули фискалӣ, гузашти муҳлати коршоямӣ, бо маълумот пур гардидани хотира, зарурати иваз кардани ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ ва ё дигар ҳолатҳои пешбининашуда ба МХТ, ариза пешниҳод карда мешавад ().
4. ТАРТИБИ АЗ ҚАЙД БАРОВАРДАНИ ДНХ-ОНЛАЙН Ё ХАЗИНАИ ВЕРТУАЛӢ
31. Ҳангоми барҳамдиҳии субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ ё дигар ҳолатҳои аз қайд баровардани ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ, аз ҷониби субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ (намояндаи он) ба МХТ ариза тибқи замимаи 3 пешниҳод карда мешавад ().
32. Дар асоси маълумоти аз ҷониби МХТ ҷамъоваришуда, дар давоми як рӯзи корӣ барои хориҷ кардани ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ аз феҳристи сохторҳои дахлдори Кумитаи андоз ба низоми иттилооти андоз маълумоти дахлдор ворид карда мешавад ().
33. Дурустӣ ва эътимоднокии маълумот дар асоси маълумоти ба Кумитаи андоз дастрасбуда санҷида шуда, дар ҳолати зарурӣ дар давоми як рӯзи корӣ бо ташриф овардан ба маҳалли фаъолият омӯхта шуда, пас аз ин маълумоти дахлдор дар бораи ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ ба махзани маълумоти электронӣ ворид карда мешавад ().
5. ТАРТИБИ АЗ ҶОНИБИ СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИДОРӢ ИСТИФОДА ГАРДИДАНИ ДНХ-ОНЛАЙН Ё ХАЗИНАИ ВЕРТУАЛӢ
34. Ҳолати техникӣ, дурустӣ ва аниқии сана ва вақти ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ ҳар рӯз қабл аз оғози кор аз ҷониби шахси масъули субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ санҷида мешавад ().
35. Субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, ки бо аҳолӣ ҳисоббаробаркуниҳои нақдиро анҷом медиҳанд, бояд ҳатман ба харидор оид ба тасдиқи гирифтани маблағ расиди ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалиро пешниҳод кунанд ().
36. Дар сурати мавҷуд набудани имконияти техникии интиқоли маълумот дар реҷаи вақти воқеӣ ба оператор ҳангоми истифодаи ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ, аз ҷумла ҳангоми муваққатан кандашавии алоқа дар шабакаи Интернет, барои хариди анҷомдодашуда, расидҳо ба мизоҷон (фармоишгарон) метавонад тариқи офлайн пешниҳод карда шавад. Ҳамзамон, интиқоли маълумот ба оператор бояд дар муддати 24 соат пас аз ташаккули расиди аввал тариқи офлайн амалӣ карда шавад ().
37. Ҳангоми вайроншавии ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ, субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ бояд фавран ба МХТ бо зангзанӣ маркази иттилоот (саll-центр), аз тариқи бевосита ташриф овардан, ё тавассути утоқи шахсии андозсупоранда хабар диҳад. Дар навбати худ, пас аз гирифтани иттилоот, МХТ уҳдадораст, дар давоми як соат мақомоти андозро оид ба суроғаи маҳалли фаъолиятӣ нуқтаи савдои (кор ва хизматрасонии) субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ огоҳ созад ().
38. Субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ барои ҳолати кории ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ, инчунин таъмини пайвастшавӣ ба алоқаи мобилӣ ё Интернет масъул аст (ба истиснои баъзе мушкилоти техникӣ, ки дар раванди кор бо провайдерҳои Интернет ё оператори мобилӣ ба миён меоянд) ().
6. ТАРТИБИ БАРГАРДОНИДАНИ МАБЛАҒИ БА ДНХ-ОНЛАЙН Ё ХАЗИНАИ ВЕРТУАЛӢ ВОРИДШУДА
39. Дар ҳолати зарурати баргардонидани пул, фурӯшанда уҳдадор аст пулро ба харидор дар асоси расид, ё дигар ҳуҷҷатҳои бо расид баробаркардашуда ва тасдиқкунандаи пардохти мол (хизматрасонӣ), ки харидор пешниҳод кардааст, баргардонад.
40. Ҳангоми аз харидор баргардонидани мол борхат тартиб дода мешавад. Борхат дар ду нусха тартиб дода мешавад, ки яке аз онҳо дар ҳисоботи молӣ дӯхта шуда, нусхаи дуюм ба харидор супорида мешавад ва дар баргардонидани маблағ барои моли пасбаргардонидашуда асос ба ҳисоб меравад.
41. Маблағ аз хазинаи субъекти хоҷагидорӣ тариқи гирифтани он аз суратҳисоб дар давоми на зиёда аз як рӯзи корӣ, дар асоси аризаи хаттии харидор бо зикри насаб, ном ва номи падар баргардонида мешавад. Барои аз хазинаи субъекти соҳибкорӣ баргардонидани пул ордери хароҷоти хазинавӣ тартиб дода мешавад, ки дар он ҳатман насаб, ном ва номи падари харидор қайд карда мешавад.
42. Ҳангоми пурра ё қисман баргардонидани мол, даромад аз фурӯши мол бо дарназардошти маблағи пулии ба харидорон баргардонидашуда, ислоҳ карда мешавад. Ислоҳи даромадҳо дар ҳамон давраи андози анҷом дода мешавад, ки пули нақд дар ҳамон давра пардохта мешавад.
7. НАЗОРАТИ ИСТИФОДАИ ДНХ-ОНЛАЙН Ё ХАЗИНАИ ВЕРТУАЛӢ
43. Назорати баҳисобгирии пурраи маблағҳои пулӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои пулии мол (кор ва хизматрасонӣ) бо аҳолӣ тавассути ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ, аз ҷониби мақомоти андоз мутобиқи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад ().
44. Назорати истифодаи ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад ():
- бо тартиби хариди назоратӣ;
- қиёскунии расидҳои қаблии бо ДНХ-онлайн ё хазинаҳои вертуалӣ таҳияшуда бо маълумоти фискалие, ки ба Кумитаи андоз фиристода шудаанд ();
- тариқи хаттӣ ва ё электронӣ огоҳ намудани субъекти хоҷагидор вобаста ба истифода накардани ДНХ-онлайн ();
- ба экспертиза пешниҳод намудани ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ ҷиҳати муайян намудани ба талаботи техникӣ ҷавобгӯ будани он ().
45. Мақомоти андоз ҳуқуқ доранд ҳангоми санҷиши ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ, ки тибқи меъёрҳои қабулшуда гузаронида мешаванд, кормандони МХТ-ро ба сифати коршиносони (мушовирони) техникӣ ҷалб намоянд ().
46. Дар ҳолати ба талаботи техникӣ мутобиқ набудан, инчунин корношоямии барномаи компютерӣ ва ба вуҷуд омадани шубҳа оид ба истифодаи ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ, аз ҷониби шахсони мансабдори дар маҳалли фаъолият қарордоштаи мақомоти андоз тибқи замимаи 4 ба ҳамин тартиб санад тартиб дода мешавад ва ҳамзамон ДНХ-онлайн, таҷҳизоти таъминоти барномавии хазинаи вертуалӣ ва/ё модули фискалӣ барои ташхис (экспертиза) бозпас гирифта мешавад. Дар ин ҳолат, фарқ миёни маълумоти фискалии расиди ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ ва нишондиҳандаҳои фискалии ба мақоми ваколатдор фиристодашуда ба ҳисоб мешавад ().
47. То гирифтани хулосаи экспертиза ва то аз ҷониби мақомоти андоз муайян карда шудани масъала, МХТ ба субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ ба ҷойи ДНХ-онлайн ё таҷҳизоти таъминоти барномавии хазинаи вертуалӣ ва модули фискалии муваққатан бозпас гирифташуда, дигар ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ ва модули фискалии тариқи захиравии бақайдгирифташударо пешниҳод менамояд ().
48. ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ ва модули фискалии аз ҷониби мақомоти андоз барои экспертизаи техникӣ таҷҳизоти таъминоти барномавии бозпас гирифташуда ба МХТ-и мустақиле дода мешавад, ки ба ин ДНХ-онлайн ё таҷҳизоти таъминоти барномавӣ хазинаи вертуалӣ хизматрасонӣ наменамояд ().
49. Дар вақти гузаронидани экспертиза ҳангоми муайян гардидани корношоямии ДНХ-онлайн ё таҷҳизоти таъминоти барномавии компютерии хазинаи вертуалӣ ва модули фискалӣ пардохт барои гузаронидани экспертиза аз ҷониби субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ анҷом дода мешавад, дар акси ҳол пардохт аз ҷониби МХТ, ки дорои шартнома бо соҳибкор аст, пӯшонида мешавад ().
50. Экспертизаи ДНХ-онлайн ё таҷҳизоти таъминоти барномавии хазинаи виртуалӣ ва модули фискалӣ бояд дар давоми се рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани он тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ гузаронида мешавад ().
51. Дар ҳолати муайян накардани вайроншавии ДНХ-онлайн ё таҷҳизоти таъминоти барномавии хазинаи вертуалӣ, ДНХ-онлайн ё таҷҳизоти барномавии хазинаи вертуалӣ бо модули фискалӣ муҳр гузорӣ шуда, ба субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ баргардонида мешаванд ().
8. ТАРТИБИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТОР
52 Оператори бо таҷҳизоти махсуси техникӣ муҷаҳҳазшуда, ки барои таъмини амнияти иттилоотӣ усулҳои криптографиро, мутобиқ ба стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амнияти иттилоотӣ, истифода менамояд, маълумоти модулҳои фискалиро, ки ба ДНХ-онлайн ва хазинаи вертуалӣ пайваст мебошанд, пайваста дар реҷаи вақти воқеӣ мегирад, коркард мекунад ва нигоҳ медорад, инчунин системаи иттилоотии мақоми ваколатдорро ташаккул медиҳад ().
53. Вазифаҳо ва масъулияти оператор инҳоянд:
- таъмини амнияти иттилооти фискалӣ;
- нигоҳдории маълумоти фискалӣ дар тӯли панҷ сол аз лаҳзаи гирифтани он;
- маҳдуд кардани имкони тағйир додан, бастан ё нобуд кардани маълумоти фискалӣ дар раванди қабули он;
- таъмини нусхабардории захиравии маълумоти фискалӣ, мутобиқ ба талаботи амнияти иттилоотӣ;
- таҳия ва пешбурди системаи иттилоотӣ дар шабакаи Интернет;
- таҳияи системаи иттилоотӣ ва замимаҳои мобилӣ, ки имконияти санҷиши аслӣ будани расидҳои ДНХ-онлайн ва (ё) хазинаи вертуалиро тавассути ОК-код доранд ();
- таҳияи талабот ва шаклҳои мубодилаи маълумот байни модули фискалӣ ва ДНХ-онлайн ва (ё) таҷҳизоти таъминоти барномавии компютерии хазинаи вертуалӣ ();
- дастрасии ҳамгироии модули фискалӣ бо ДНХ-онлайн ва таҷҳизоти таъминоти барномавии хазинаи вертуалие, ки аз ҷиҳати техникӣ мутобиқ мебошанд ();
- таҳлили маълумот оид ба фурӯши молҳо (корҳо ва хизматрасониҳо) дар сатҳи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, инчунин системаҳои автоматикии таҳлилӣ барои муайян намудани ҳолатҳои эҳтимолии саркашӣ аз пардохти андоз;
- иштирок дар бақайдгирии филиалҳои МХТ, ки ба феҳристи давлатӣ дохил карда шудаанд;
- ба қайд гирифтани корманди соҳибтахассус (дорои сертификат) тибқи аризаи электронии пешниҳодшудаи МХТ ва барои ӯ фароҳам овардани имконияти кор дар системаи иттилоотии андози оператор;
- бо модули фискалӣ таъмин намудани МХТ ва ҷорӣ намудани баҳисобгирии модулҳои фискалии ба системаи иттилооти андоз интиқолдодашуда;
- мутобиқати маҳсулоти барномавии истифодашавандаи ДНХ-онлайн ба талаботи амнияти иттилотӣ ва мавҷудияти сертификати мутобиқати соҳаи амнияти иттилоотӣ ().
54. Феҳристи МХТ ва филиалҳои минтақавии он дар системаи иттилооти андоз ташаккул меёбад.
55. Бо қарори мақомоти ваколатдор оператор метавонад дастрасӣ ба системаи иттилооти андози МХТ ва филиалҳои онро боз дорад.
56. Модулҳои фискалӣ бо дархости МХТ ба қайд гирифта мешавад.
57. Ба системаи иттилоотии андоз ворид намудани маълумотҳои феҳристи модулҳои фискалӣ, МХТ ва филиалҳои он, мутахассисон, ДНХ-онлайн ва хазинаҳои вертуалӣ, аз ҷониби оператор анҷом дода мешавад ().
58. Оператор ҳуқуқ дорад якҷо бо мақомоти ваколатдор усулҳои истифодаи дурусти ДНХ-онлайн ва (ё) хазинаи вертуалиро дар маҳалли фаъолияти нуқтаҳои савдои чакана ва хизматрасонӣ омӯзад ва дар ҳолати зарурӣ барои анҷом додани ин кор ташкилотҳои экспертиро ҷалб намояд ().
59. Оператор тибқи супориши мақомоти ваколатдор оид ба иҷрои пурраи вазифаҳо аз ҷониби МХТ хулоса пешниҳод мекунад. Дар сурати аз ҷониби МХТ иҷро нагардидани вазифаҳои гузошташуда, оператор ба мақомоти ваколатдор тавсия медиҳад, ки МХТ аз феҳристи давлатӣ хориҷ карда шавад.
60. Дар доираи хизматҳои аз ҷониби оператор пешниҳодшаванда ва барои таъмин намудани субъектҳои хоҷагидорӣ бо модули фискалӣ, МХТ бо оператор шартнома мебанданд ва барои хизматрасониҳо тибқи нархнома маблағ пардохт мекунанд.
61. Мақоми ваколатдор аз ҷониби оператор риоя гардидани талаботи тартиби мазкурро назорат мекунад.
62. Дар сурати ба тартиби муқарраршуда ба мақоми ваколатдор пешниҳод накардани маълумоти фискалӣ ё дар сурати ирсоли маълумоти нодуруст, инчунин барои пешниҳод накардани ҷавоби аризаҳо ва муроҷиатҳои ба оператор равоншуда, оператор тибқи қонунгузории амалкунанда ҷавобгар мебошад.
9. ТАЛАБОТИ ТЕХНИКӢ БА ДАСТГОҲҲОИ НАЗОРАТӢ-ХАЗИНАВӢ ДАР РЕҶАИ ОНЛАЙН, ХАЗИНАҲОИ ВЕРТУАЛӢ ВА МОДУЛҲОИ ФИСКАЛӢ, КИ БАРОИ ИСТИФОДА ДАР ҲУДУДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИҶОЗАТ ДОДА ШУДААНД
63. Талаботи техникии мазкур хусусиятҳои асосии техникӣ ва кории ДНХ-онлайн, хазинаҳои вертуалӣ ва модули фискалиро, ки интиқоли иттилоотро ба Кумитаи андоз бо истифода аз модули фискалӣ ва таҷҳизоти таъминоти барномавии он таъмин мекунанд, ва дорои сертификати мутобиқати соҳаи амнияти иттилоотӣ буданд ба феҳристи давлатӣ дохил карда шудаанд, инчунин барои истифода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудаанд, нишон медиҳад ().
64. Ташаккули сохтори электронии маълумоти фискалии ДНХ-онлайн ва таҷҳизоти таъминоти барномавии хазинаҳои вертуалӣ, тартиби интиқол додани чунин маълумот ба оператори маълумоти фискалӣ, шаклҳои мубодилаи электронии иттилоот бо МХТ аз ҷониби оператор таҳия шуда, дар системаи иттилоотии андоз ҷойгир карда мешаванд ().
65. Талаботи техникӣ ба ДНХ-онлайн инҳоанд ():
- мавҷудияти рақами аз ҷониби истеҳсолкунанда додашуда ва баъдан барои дарҷ намудани рақами аз ҷониби истеҳсолкунанда додашуда;
- мавҷудияти ҳуҷҷати аввалияи баҳисобгирӣ (расид) тибқи қонунгузории амалкунанда ҳангоми ҳисоббаробаркунии нақдии мол (кор ва хизматрасонӣ) байни истифодабаранда ва харидор мебошад, ки дорои маълумот дар бораи ҳисоббаробаркуниҳо дар шакли электронӣ ё коғазӣ ва тавассути ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ таҳия карда шудааст ();
- манъ намудани истифодаи таъминоти барномавии ДНХ-онлайн бе модули фискалӣ ();
- худ аз худ баста шудан ҳангоми кӯшиши истифодаи ғайриқонунии ДНХ-онлайн ё ҳангоми тағйир ёфтани махзани маълумот бо мусоидати барномаҳои беруна ();
- худ аз худ баста шудан ҳангоми корношоямӣ ё пур будани хотираи модули фискалӣ;
- таъмини имконияти ташаккул додан ва таҷдиди рӯйхати мол ва рамзҳои молӣ тавассути ассотсиатсияи байналмилалии "GҒ1" ва дигар низомоти умумиҷаҳонӣ;
- мусоидат ба таҷҳизоте, ки штрих-кодро қабул менамояд;
- мавҷудияти таҷҳизот барои хондани кортҳои магнитӣ, ғmart-кортҳо, кортҳои бе тамос;
- мавҷудияти андозаи ҳаддиақалии экран барои санҷиши маълумоти фискалӣ пеш аз чоп дар коғаз ва иҷрои дигар амалҳо вобаста ба нишон дода шудани мол (кор ва хизматрасонӣ) дар экран;
- рамзи барнома иборат аз на камтар аз 6 аломат, ё сатҳи баландтари ҳифз доштан;
- имкони пайвастшавӣ бо оператори мобилӣ бо стандарти 3G ё зиёда аз он, инчунин бо истифода аз WiFi;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи муаллифии таҷҳизоти таъминоти барномавӣ (агар он берун аз кишвар бошад, манбаи он нишон дода мешавад);
- мавҷудияти сертификати мутобиқати мақоми ваколатдори соҳаи амнияти иттилоотӣ;
- мавҷудияти дастурҳои истифодаи ДНХ-онлайн (бо забони давлатӣ ва русӣ) ();
- рақамҳо, ҳарфҳо ва аломатҳои дар расид чопшуда бояд возеҳ намоён бошанд ва маънои якхеларо дошта бошанд;
- ҳангоми истифодаи ДНХ-онлайн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти бо истифода аз UTС+05:00 тавассути Интернет дастрас будани имконияти тариқи худкор мондани вақт ва сана ();
- тавассути модули фискалӣ интиқоли бевоситаи маълумоти фискалиро ба оператор таъмин намудан;
- танҳо барои як ДНХ-онлайн таъмин намудани истифодаи як модули фискалӣ ();
- таъмин намудани чопи иттилоот бештар бо забони давлатӣ дар расиди коғазӣ;
- ҳангоми ташаккулёбии маълумоти фискалӣ ҳифз намудан аз тағйироти барқасдона мутобиқи талаботи амнияти иттилоотӣ.
66. Талаботи техникӣ ба ҳама намудҳои ДНХ-онлайн татбиқ мегарданд ().
67. Истифодаи ДНХ-онлайн дар ҳолатҳои зерин манъ аст ():
- дар ҳолати дар Феҳристи давлатӣ мавҷуд набудани модели ДНХ-онлайн ();
- ҳангоми мавҷуд набудани модули фискалӣ;
- ҳангоми мавҷуд набудани як ё якчанд талаботи ҳатмӣ ба нишондиҳандаҳои дар расид чопшуда;
- дар сурати иҷро накардани як ё якчанд талаботи ҳатмӣ барои ДНХ-онлайн ();
- дар сурати мавҷуд набудани шартномаи хизматрасонии кафолатнок ва муттасил бо МХТ;
- дар сурати мавҷуд набудани шартнома бо оператор барои хизматрасонӣ;
- дар мавриди тағйир ёфтани маълумоти субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ;
- дар ҳолати надоштани сертификати мутобиқат дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ба ДНХ-онлайн ().
68. Хазинаи вертуалӣ талаботи техникии зерин дорад ():
- мавҷудияти рақами намунаи таъминоти барномавии, рақами силсилавӣ ё рақами иҷозатнома;
- манъ кардани дастрасӣ ба истифодаи таъминоти барномавии хизматрасонии вертуалӣ бе модули фискалӣ ();
- худ аз худ баста шудан ҳангоми кӯшиши истифодаи ғайриқонуни хазинаҳои вертуалӣ ё ҳангоми тағйир додани махзани маълумот тавассути барномаҳои компютерии беруна ();
- худ аз худ баста шудан ҳангоми корношоямӣ ё вақте ки хотираи модули фискалӣ пур мебошад;
- таъмини ташаккул ва таҷдиди рӯйхати мол ва рамзи молӣ тавассути ассотсиатсияи байналмилалии "GҒ1" ва дигар низомоти умумиҷаҳонӣ;
- дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани таҷҳизоти баҳисобгирӣ штрих-код;
- рамзи барномавӣ, ки на камтар аз 6 аломат иборат мебошад, ё доштани сатҳи баландтари ҳифз;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи муаллифии таҷҳизоти таъминоти барномавӣ (агар он аз дигар кишвар бошад, манбаи он нишон дода мешавад);
- рақамҳо, ҳарфҳо ва аломатҳои дар расидҳои чопшуда бояд возеҳ дида шаванд ва маънои якхеларо дошта бошад;
- худ аз худ имконияти мондани вақт ва санаро бо истифодаи UТС+05:00 тавассути Интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошад;
- таъмини интиқоли бевоситаи маълумоти фискалӣ ба оператор тавассути модули фискалӣ;
- истифодаи як модули фискалиро танҳо барои як хазинаи вертуалӣ таъмин намояд;
- нишон додани иттилоотро дар расиди коғазӣ бо бартарии забони давлатӣ таъмин намояд;
- истифодабарии маҷмуаҳои дастгоҳи барномавӣ хазинаи вертуалӣ бояд ба талаботи амнияти иттилотӣ мутобиқ буда дорои сертификати мутобиқати соҳаи амнияти иттилоотӣ бошад ().
69. Талаботи техникӣ ба ҳама намудҳои хазинаи вертуалӣ татбиқ мегарданд ().
70. Истифодаи хазинаи вертуалӣ дар ҳолатҳои зерин манъ аст ():
- ҳангоми дар феҳристи давлатӣ мавҷуд набудани тамғаи хазинаи вертуалӣ ();
- ҳангоми мавҷуд набудани модули фискалӣ;
- ҳангоми мавҷуд набудани як ё якчанд талаботи ҳатмӣ ба нишондиҳандаҳои дар расид чопшуда;
- дар сурати набудани шартномаи хизматрасонии кафолатнок ва муттасил бо МХТ;
- дар сурати мавҷуд набудани шартнома бо оператор барои хизматрасонӣ;
- дар мавриди тағйир ёфтани маълумоти субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ;
- дар ҳолати мавҷуд набудани сертификати мутобиқат дар соҳаи амнияти иттилоотӣ.
71. Модули фискалӣ метавонад дар шакли смарт-корт ё калиди UҒB истифода шавад.
72. Модули фискалӣ бояд бо назоратчии навъи Infineon ҒLE77CLFX2400PM муҷаҳҳаз карда шавад ё бо нусхаи нисбатан нав мутобиқат намояд. Модул бояд ба протоколҳои алоқаи Т = 0 ва Т = 1, инчунин стандартҳои қабулшудаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд. Илова бар ин, ба алгоритмҳои криптографӣ ва вазифаҳои рамзикунонии стандарти ГОСТ 28147-89 ва стандартҳои Java Card 2.2.2 ва баландтар аз он мусоидат намояд.
73. Алгоритми рамзкунанда метавонад ҳамчун як ҷузъи низоми амалиётии ҒIM-корт татбиқ гардад ва дар минтақаи муҳофизатшудаи ҒIM-корт ҷойгир карда шавад. Барои иҷрои амалиётҳои рамзгузорӣ протсессори криптографӣ метавонад истифода шавад, ки ҷузъи меъмории модули микропротсессорҳои ҒIM-корт мебошад.
74. Минтақаи ҳифзшудаи хотира (криптомодул) бояд эътимоднокии нигоҳдориро таъмин кунад, инчунин ба дастрасии беиҷозат ба алгоритм ва маълумот, аз ҷумла муваққатӣ (амалиётӣ) тобовар бошад.
75. Амалиётҳои рамзкунонии маълумот бояд бо тартиби фаврӣ чунон иҷро карда шаванд, то ин ки иҷрои амалиёти омодасозӣ ва рамзгузории минбаъда ба таъхири вақти зиёд оварда нарасонад.
76. Дар асоси муомилоти электронии ДНХ-онлайн ва ё таъминоти барномавии хазинаи вертуалӣ, расид дар хотираи модули фискалӣ қайд карда мешавад ().
77. Модули фискалӣ "Z-ҳисобот"-ро дар хотираи худ ташаккул медиҳад ва нигоҳ медорад.
78. Маълумоте, ки тавассути ДНХ-онлайн ва (ё) хазинаи вертуалӣ ташаккул дода шудааст, ба модули фискалӣ ирсол карда мешавад, аз ҷумла, маблағи умумии расид, маблағи пардохт, нақдӣ ё ғайринақдӣ, маблағи андоз аз арзиши иловашуда, навъи муомилот (фурӯш ё баргардонидан) ().
79. Ҳангоми интиқоли бомуваффақияти маълумот:
- рақами ягонаи модули фискалӣ ташаккул меёбад;
- маълумоти рамзикунонидашудаи расид, ки бо истифодаи имзои электронии рақамӣ ба имзо расонида шудааст, ба оператор интиқол дода мешавад.
80. Ҳангоми ба кор даровардани модули фискалӣ бояд таъминоти барномавии махсусгардонидашуда (апплет) насб карда шавад, то ин ки иҷрои тадбирҳои дар тартиби мазкур овардашуда таъмин карда шавад.
81. Давраи якуми раванди ба кор даровардани модули фискалӣ аз инҳо иборат мебошад:
- имзои электронии рақамӣ омода карда мешавад;
- ба оператор калиди кушода супорида мешавад.
82. Субъектҳои хоҷагидорӣ бояд барои осеб нарасонидан ба модулҳои фискалии ба онҳо вобасташуда чораҷӯйӣ намоянд.
10. ТАЛАБОТ ОИД БА ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ ФЕҲРИСТИ ДАВЛАТИИ МАРКАЗҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТЕХНИКИИ ДАСТГОҲҲОИ НАЗОРАТИЮ ХАЗИНАВИИ ОНЛАЙН, ХАЗИНАҲОИ ВЕРТУАЛӢ ВА МОДУЛҲОИ ФИСКАЛӢ
83. Талаботи мазкур тартиби бақайдгирӣ, аз қайд баровардан ва пешбурди Феҳристи давлатии марказҳои хизматрасонии техникӣ, инчунин талаботи алоҳида барои ин марказҳо - шахсони ҳуқуқиеро, ки ба хизматрасонии техникӣ ва таъмири таҷҳизоти дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии онлайн ва барномаи компютерии хазинаҳои вертуалӣ, ки бо таҷҳизоти муосири махсусгардонидашудаи технологӣ муҷаҳҳаз шудааст, машғул мебошанд, муайян менамояд ().
84. Бақайдгирии МХТ дар феҳристи давлатии МХТ аз ҷониби Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдор) анҷом дода мешавад ва дар сомонаи расмии он ҷойгир карда мешавад.
85. МХТ-ҳои ба Феҳристи давлатӣ ворид карда шуда, ҳуқуқ доранд дар дилхоҳ маҳалли ҳудуди ҷумҳурӣ филиалҳо кушоянд, ки дорои мутахассисони соҳибтахассус, шароит ва таҷҳизоти зарурӣ мебошанд. Дар баробари ин ҳар як филиали МХТ бояд алоҳида ба Феҳрист ворид карда шавад. Инчунин, ҳангоми ба миён омадани талабот ба хизматрасонии ДНХ-онлайн ва (ё) хазинаи вертуалӣ, МХТ-ҳо, филиалҳои он бояд дар ҳамон маҳал нуқтаи хизматрасонии техникии ДНХ-онлайн ва хазинаҳои вертуалиро кушоянд ().
86. Бақайдгирии филиалҳои минтақавии МХТ (минбаъд - филиалҳои минтақавӣ) бо иштироки оператори маълумоти фискалӣ сурат мегирад.
87. Ба Феҳристи давлатӣ ворид намудани МХТ ва бақайдгирии филиалҳои онҳо ройгон анҷом дода мешавад.
88. Шахсони ҳуқуқие, ки ба хизматрасонии техникии ДНХ-онлайн ва (ё) таҷҳизоти таъминоти барномавии хазинаҳои вертуалӣ машғуланд, тибқи тартиби муқарраршуда ба Феҳристи давлатӣ ворид карда нашудаанд, тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ().
89. МХТ санҷиши ҳатмии ҳарсолаи техникӣ ва барномавии ДНХ-онлайн ва таъминоти барномавии хазинаи вертуалиро, ки барои субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ насб шудаанд, анҷом медиҳад ва натиҷаҳои онро дар дафтари санҷиши субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ сабт менамояд ва инчунин дар давоми се рӯз дар системаи иттилооти андоз қайд мекунад ().
90. МХТ бо субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва оператор тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар асоси шартнома ҳамкорӣ мекунад.
91. Дар бинои мақомоти андоз ҷойгир кардани МХТ манъ аст.
92. Пеш аз ба қайд гирифтан ва ворид кардан ба феҳристи давлатӣ, МХТ бояд ҳолати техникии ДНХ-онлайн ва ё хазинаи вертуалиро санҷад ва боварӣ ҳосил намояд, ки дар он барномаи электронии дуруст насб карда шудааст ().
93. МХТ бояд сомонаи расмии худ ва барномаи электронии худро, ки бо системаи иттилоотии андоз пайваст аст, дошта бошад.
94. Дар сомонаи расмӣ маълумоти зерин ҷойгир карда мешавад:
- маълумоти дар бораи намудҳои ДНХ-онлайн ва хазинаҳои вертуалии аз ҷониби мақоми ваколатдор тасдиқшуда ва ҳуқуқ барои хизматрасонии техникӣ ();
- нархи фурӯши модели ДНХ-онлайн, хазинаҳои вертуалӣ (версияҳои он) ();
- дастурҳо, аксҳо ва видеомавод, дастурамалҳо барои истифодаи ДНХ-онлайн ва хазинаҳои вертуалӣ ();
- намудҳои хизматрасонӣ;
- арзиши хизматрасониҳо (нархи хизматрасониҳо);
- хадамоти дастгирии реҷаи вақти воқеӣ мусоидат менамояд;
- маълумоти муфассал дар бораи филиалҳои МХТ (суроға, ҷойгиршавӣ, намудҳои хизматрасонӣ ва ғайра);
- рақамҳои телефон барои посухи фаврӣ (маркази иттилоот).
95. МХТ ва марказҳои минтақавии онҳо барои таъмир ва хизматрасонии техникии ДНХ-онлайн ва (ё) хазинаҳои вертуалӣ бояд имконоти зеринро дошта бошанд ():
- заминаи моддию техникӣ ва таҷҳизоти зарурӣ барои хизматрасонии фаврӣ;
- нисбат ба шумораи умумии шартномаҳои кафолатӣ барои хизматрасонии ДНХ-онлайн ва хазинаҳои вертуалӣ на камтар аз панҷ фоиз ДНХ-онлайн ва хазинаҳои вертуалии тайёрро дошта бошад ().
96. Барои МХТ тағйир додани нишондиҳандаҳои кории ДНХ-онлайн ва барномаи электронии хазинаи вертуалӣ бидуни иҷозати истеҳсолкунанда ё намояндаи ваколатдори он, манъ аст ().
97. МХТ ба мизоҷони худ дар бораи истифодаи дурусти ДНХ-онлайн ва хазинаи вертуалӣ дастурҳо ва маслиҳатҳои дахлдорро пешниҳод менамояд ().
98. МХТ уҳдадор аст, ки пас аз қабули модулҳои фискалии муҳлаташон гузашта, корношоям, бо хотираи пуршуда ё ҳангоми барҳамдиҳии субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ, онҳоро дар муддати як моҳ барои маҳфиздорӣ ба оператор баргардонад.
99. Шахсони ҳуқуқие, ки мехоҳанд ба хизматрасонии техникии ДНХ-онлайн ва (ё) хазинаи вертуалӣ машғул шаванд, барои шомил гаштан ба феҳристи давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида ариза пешниҳод мекунанд ().
100. Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:
- нусхаи шартнома бо истеҳсолкунандаи ДНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ ё намояндаи ваколатдори он ();
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи соҳибмулкӣ ё истифодаи маҳалли фаъолият;
- маълумот дар бораи мавҷудияти маркази иттилоот (call-сентр);
- маълумот дар бораи кормандоне, ки аз истеҳсолкунандагон ё намояндагони ваколатдори онҳо барои таъмини хизматрасонии кафолатноки ДНХ-онлайн ва (ё) таҷҳизоти таъминоти барномавии хазинаи вертуалӣ сертификат доранд ();
101. Дар ҳолати ошкор намудани номутобиқатӣ дар маълумоти пешниҳоднамудаи шахсони ҳуқуқие, ки мехоҳанд ба фаъолияти хизматрасонии техникии ДНХ-онлайн ва (ё) хазинаи вертуалӣ машғул шаванд, аз ҷониби мақоми ваколатдор дар бораи эътимоднокӣ ва мутобиқ будан ба қонунгузорӣ, дар давоми як рӯзи корӣ дар маҳалҳо омӯзиш гузаронида мешавад ().
102. Аз рӯйи натиҷаҳои санҷиш, мақоми ваколатдор дар бораи ба феҳристи давлатӣ дохил намудани МХТ ё дар бораи дохил накардани он қарор қабул мекунад.
103. Дар ҳолатҳои зерин, мақоми ваколатдор шомил шудан ба феҳристи давлатиро рад мекунад:
- дар сурати нопурра пешниҳод шудани номгӯйи ҳуҷҷатҳо ва ё дар сатҳи дахлдор пур карда нашудани онҳо;
- ҳангоми ошкор гардидани номутобиқатӣ дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва тасдиқ шудани он.
104. Мақоми ваколатдор пас аз қабул намудани ҳуҷҷатҳо бояд дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ ба аризадиҳанда нусхаи қарорро дар бораи ба Феҳристи давлатӣ ворид намудани МХТ ё мактуби раддияро бо нишон додани сабаби радкунӣ дар шакли электронӣ ё коғазӣ пешниҳод намояд.
105. Дар сурати рад шудани шомилшавӣ ба феҳристи давлатӣ аризадиҳанда ҳуқуқ дорад пас аз ислоҳи камбудиҳо ба мақоми ваколатдор такроран муроҷиат намояд.
106. МХТ аз феҳристи давлатӣ дар ҳолатҳои зерин хориҷ карда мешавад:
- ҳангоми барҳамдиҳӣ, муфлис эълон шудан;
- ҳангоми дар қонунгузорӣ тағйир ёфтани талабот нисбат ба фаъолият;
- ҳангоми ошкор шудани аз ҷониби МХТ ворид намудани тағйирот дар нишондиҳандаҳои кории ДНХ-онлайн ва хазинаи вертуалӣ бидуни иҷозати истеҳсолкунанда ё намояндаи ваколатдори он ().
107. Хориҷ кардани МХТ аз феҳристи давлатӣ дар асоси қарори мақомоти ваколатдор амалӣ карда мешавад.
108. Дар давоми се рӯз пас аз санаи қабули қарор дар бораи хориҷ кардани МХТ аз феҳристи давлатӣ, мақоми ваколатдор дар ин бора ба МХТ огоҳинома мефиристад. Инчунин оператор дар муддати се рӯз ба субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, ки МХТ ва филиалҳояш ба онҳо хизматрасонӣ менамоянд, дар ин бора огоҳинома мефиристад.
109. МХТ-и аз феҳристи давлатӣ хориҷшуда, худи ҳамон рӯзи қабули огоҳинома дар сомонаи худ эълон ҷойгир намояд.
110. Баъди хориҷ гардидани МХТ аз феҳристи давлатӣ, МХТ бояд дар муддати панҷ рӯз ҳамаи модулҳои фискалии мавҷударо ба оператор баргардонад.
111. Субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, ки бо хизматрасонии техникии ДНХ-онлайн машғул буда, аз феҳристи давлатӣ мутобиқи тартиби мазкур хориҷ карда шудаанд, аз ҳуқуқи бақайдгирӣ дар феҳристи давлатӣ маҳрум мегарданд ().
112. Барои ба феҳристи давлатӣ ворид намудани филиалҳои минтақавии худ МХТ ба мақоми ваколатдор ва оператор барои бақайдгирӣ дархост пешниҳод менамояд, инчунин дар бораи мавҷудияти мутахассиси соҳибтахассус оид ба хизматрасонии кафолатнок барои ДНХ-онлайн ва (ё) хазинаи вертуалӣ дар филиали минтақавӣ тариқи электронӣ маълумот пешниҳод менамояд ().
113. Ҳангоми ба феҳристи давлатӣ ворид намудани филиали минтақавӣ дастрасӣ ба системаи иттилооти андоз имконпазир мегардад.
114. Мақоми ваколатдор ва оператор ҳуқуқ доранд, дар ҳолати пешниҳод нагардидани маҷмӯйи пурраи ҳуҷҷатҳои пешбинишуда ё нодуруст дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда нишон додани маълумот, бақайдгирии филиали минтақавиро рад намоянд.
115. Аз ҷониби оператор ба аризадиҳанда дар давоми ҳафт рӯзи корӣ пас аз гирифтани ҳуҷҷатҳо дар бораи ба қайд гирифта шудан, ё рад гардидани бақайдгирии филиали минтақавӣ, дар шакли электронӣ мактуби ҷавобӣ фиристода мешавад.
116. Дар ҳолати рад гардидани бақайдгирии филиали минтақавӣ, аризадиҳанда ҳуқуқ дорад пас аз ислоҳи камбудиҳо ба мақоми ваколатдор ва оператор такроран муроҷиат намояд.
117. Дар ҳолатҳои зерин филиалҳои минтақавии МХТ аз қайд бароварда мешаванд:
- бо дархости МХТ;
- ҳангоми аз ҷониби мақоми ваколатдор аз феҳристи давлатӣ хориҷ шудани МХТ;
118. Баъди аз қайд баровардани филиалҳои минтақавии МХТ, оператор дар муддати се рӯз ба МХТ ва филиали минтақавии он огоҳиномаи электронӣ дар ин бора мефиристад.
119. Ҳангоми аз қайд баровардани филиали минтақавии МХТ, дастрасӣ ба системаи иттилооти андоз низ қатъ карда мешавад.
120. Баъди аз қайд баровардани филиали минтақавии МХТ, оператор дар ин бора дар муддати се рӯз ба утоқи шахсии субъекти фаъолияти хоҷагидорие, ки ба он аз ҷониби филиали минтақавии мазкур хизмат расонида мешавад, маълумот мефиристад.
121. Мақомоти андоз назорати МХТ-ро оид ба риоя гардидани талаботи мазкур амалӣ менамояд.
122. Дар ҳолати иҷро накардан ё қисман иҷро кардани муқаррароти мазкур мақомоти андоз метавонад дастрасиро ба системаи иттилооти андоз маҳдуд кунад, ё МХТ-ро аз феҳристи давлатӣ хориҷ намояд.
123. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, инчунин шахсони масъули сохторҳои мақомоти андоз барои риоя накардани талаботи тартиби мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
*Замимаҳои 1-4
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 октябри соли 2021, №432
Тартиби истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) ва низомоти хазинаҳои шартан (вертуалӣ) ҳангоми анҷоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби (истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) ва низомоти хазинаҳои шартан (вертуалӣ) ҳангоми анҷоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ (минбаъд - Тартиби мазкур) қоидаҳои истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) ва хазинаи шартан (вертуалӣ) бо модули фискалиро аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (минбаъд - субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ), ки ҳисоббаробаркуниҳои пулиро бо аҳолӣ анҷом медиҳанд, муайян менамояд.
2. Дар тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд:
- мошини назоратӣ - хазинавии онлайн (минбаъд - МНХ-онлайн)мошини электронии ҳисобкунанда ва дигар дастгоҳҳо, ки метавонанд ба модули фискалӣ пайваст шаванд, ҳуҷҷати фискалиро омода намоянд, интиқоли ҳуҷҷатҳои фискалиро ба оператори иттилооти фискалӣ дар реҷаи вақти воқеӣ таъмин намоянд ва маълумоти фискалиро чоп намоянд;
- хазинан шартан (вертуалӣ) - таъминоти барномавӣ ё маҷмӯйи он, ки маълумотро дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ бо аҳолӣ дар нуқтаҳои савдои чакана (кор ва хизматрасонӣ) интиқол медиҳанд (агар бо воситаҳои қабули пардохтҳои ғайринақдӣ ҳамгироӣ шуда бошад), имкони ба модули фискалӣ пайваст шудан, ҳуҷҷатҳои фискалӣ тартиб додан, таъмини интиқоли ҳуҷҷатҳои фискалӣ дар реҷаи вақти воқеӣ ба оператори маълумоти фискалӣ ва чопи маълумоти фискалиро доранд ва ё онҳоро ба таври электронӣ интиқол медиҳанд;
- оператори маълумоти фискалӣ (минбаъд - оператор) - корхонаи воҳиди давлатии "Маркази барномасозии маъмурикунонии андоз"-и назди Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки корҳоро доир ба қабули мустақилона ва доимӣ, коркард, ҳифзи криптографӣ ва нигоҳдории маълумоти фискалии дар реҷаи вақти воқеӣ ба даст овардашуда, анҷом медиҳад;
- модули фискалӣ - таъминоти барномавии махсуси ҳифзшудаи аз ҷониби оператор таҳияшуда, таҷҳизоти махсуси физикӣ, ки ҳамчун хотираи фискалӣ бидуни истифодаи тавоноии ҳисоббарорӣ ва таъминоти барномавии таҷҳизоти пайвастшуда фаъолият дошта, ҳифзи криптографии маълумоти фискалиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар асоси стандартҳои дахлдор таъмин менамояд;
- нишондодҳои фискалӣ - маълумот дар бораи ҳисоббаробаркуниҳо ва субъектҳои хоҷагидорӣ, ки ҳисоббаробаркуниро анҷом медиҳанд, МНХ- онлайн, хазинаи шартан (вертуалӣ) ё дигар маълумоте, ки оператор барои истифода дар ҳисоббаробаркуниҳо омода намудааст;
- аломати фискалӣ - маҷмӯйи аломатҳои нодир, ки бо истифодаи модули фискалӣ дар натиҷаи табдили криптографии маълумоти фискалӣ тибқи стандартҳои тасдиқшуда ҷамъ оварда мешавад.
- феҳристи модулҳои фискалӣ - ҷамъоварии маълумот дар бораи модулҳои фискалӣ, ки дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудаанд;
- истифодабаранда - субъекти хоҷагидорӣ, ки МНХ-онлайн ва (ё) хазинаи шартан (вертуали)-ро барои анҷоми ҳисоббаробаркунии нақдӣ бо аҳолӣ ҷиҳати фурӯши мол, кор ва хизматрасониҳо истифода менамояд;
- расиди хазинавӣ (минбаъд - расид) - ҳуҷҷати аввалияи баҳисобгирӣ, ки далели ҳисоббаробаркуниҳоро дар шакли электронӣ ё коғазӣ ҳангоми анҷоми ҳисоббаробаркунӣ барои мол, кор ва хизматрасонӣ байни истифодабаранда ва харидор (мизоҷ) тавассути МНХ-онлайн ва (ё) хазинаи шартан (вертуалӣ) тибқи қонунгузории ҷорӣ бо истифодаи пули нақд ва (ё) воситаҳои пардохтҳои электронӣ барои мол, кор ва хизматрасонӣ фурӯхташуда тасдиқ менамояд;
- Z-ҳисобот - шакли ҳисоботи ҳаррӯза (ҳисобот дар бораи барҳамдиҳӣ, ҳисобот дар бораи анҷоми басти корӣ);
- рақами истеҳсолкунанда - маҷмӯйи нодири рамзҳои аз ҷониби истеҳсолкунандагони МНХ-онлайн ва модулҳои фискалӣ гузошташуда;
- феҳристи МНХ-онлайн ва хазинаҳои шартан (вертуалӣ) - маҷмӯи иттилооти доимо таҷдидшаванда дар бораи моделҳои МНХ-онлайн ва барномаҳои хазинаҳои шартан (вертуалӣ), ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба феҳристи давлатӣ ворид карда шудаанд;
- маркази хизматрасонии техникӣ - (минбаъд - МХТ) шахси ҳуқуқие, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба феҳристи давлатӣ дохил карда шуда, ба хизматрасонии доимии МНХ-онлайн ва хазинаҳои шартан (вертуалӣ) машғул мебошад;
- низоми иттилооти андоз - барномаи махсуси компютерие, ки аз ҷониби оператори маълумоти фискалӣ барои бақайдгирӣ ва пешбуди баҳисобгирии МНХ-онлайн, хазинаи шартан (вертуалӣ) ва МХТ таҳия карда шудааст;
- рамзи тиҷоратӣ - рақами нодири мол дар асоси низоми байналмилалии логистикии GҒ1 ва дигар низомоти иттилоотӣ;
- коркарди маълумоти фискалӣ - маҷмӯйи амалиётҳои оператор, ки ҷамъоварӣ, сабт кардан, ба низом даровардан, нигоҳдории бетағйир, истихроҷ, истифода, таъмини мақоми ваколатдор ба дастрасӣ ба иттилооти фискалӣ, ба истиснои тағйир додан, маҳдудкунӣ, нест ё нобуд кардани онҳо иборат аст.
3. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурдани танҳо МНХ-онлайн ва хазинаҳои шартан (вертуалӣ) бо модули фискалӣ иҷозат дода мешавад, ки ба феҳристи давлатӣ ворид карда шудаанд. Истифодаи МНХ-онлайн ва хазинаҳои шартан (вертуалӣ), ки ба феҳристи давлатӣ ворид карда нашудаанд ва дорои сертификати мутобиқати соҳаи амнияти иттилоотӣ намебошанд, манъ аст.
4. Муқаррароти тартиби мазкур ба ҳисоббаробаркуниҳои пулии шахсони зерин татбиқ намегардад:
- андозсупорандагон оид ба хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо додани ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуҷҷатҳои ҳисобашон қатьӣ баробаранд, аз ҷумла, расидҳо (квитансия), билетҳо, талонҳо, тамғаҳои пардохти почтавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки шакли онҳоро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст;
- андозсупорандагон ҳангоми фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ;
- супорандагони андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;
- соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд;
- соҳибкорони инфиродие, ки тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус дар ҷойҳои ғайристатсионарӣ фаъолият менамоянд.
5. Қисми асосии (заминавии) лоиҳаи барномавии хазинаи шартан (вертуалӣ), ки аз ҷониби Кумитаи андоз ва оператор таҳия шудааст, ба субъектҳои хоҷагидорӣ ройгон дода мешавад. Барнома имконияти қабули маълумот оид ба мол, ташаккули расид, ҳамгироӣ бо модули фискалӣ, интиқоли расид ба оператор ба тариқи онлайн, ташаккули 2-ҳисобот, кор дар реҷаи офлайн, пешбурди номгӯйи мол, тартиб додани ҳисоботи умумӣ ва дигар имкониятҳоро фароҳам месозад.
6. Расидҳои хазинавӣ ва ё расидҳои молӣ, ки дар коғаз чоп шудаанд, ё харидор (мизоҷ) онҳоро дар шакли электронӣ гирифтааст, ба расиди хазинавие, ки дар МНХ-онлайн дар шакли коғазӣ чоп шудааст, баробар дониста мешавад, агар маълумоти фискалӣ дар чунин расиди хазинавӣ бо маълумоти ба системаи иттилоотии андоз дар шакли электронӣ фиристодашуда, якхела бошад.
7. Ҳангоми пардохти молу хизматрасониҳо, ки тавассути терминал амалӣ карда мешаванд, ба мизоҷон бояд расиди МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ) якҷо бо расиди терминал пешниҳод карда шавад (ба истиснои МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ), ки дар он имконияти пардохт намудан бо кортҳои пардохтии бонкӣ ё дигар воситаҳои электронии пардохтӣ татбиқ шудааст).
8. Маълумот дар расидҳои МНХ-онлайн ва хазинаҳои шартан (вертуалӣ) барои харидорон ҳангоми таҳвили мол (кору хизматрасонӣ) бояд бо ранги сиёҳ ва дар қоғази сафеди махсус чоп шуда, васегии расид бояд на камтар аз 55 миллиметр ва баландии ҳарфҳо (аломатҳо) бояд на камтар аз 2 миллиметр бошад.
9. Расиди МНХ-онлайн ва хазинаи вертуалӣ бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- рақами расид;
- рақами МНХ-онлайн, ки аз ҷониби истеҳсолкунанда гузошта шудааст, ё рақами силсилавии хазинаи вертуалӣ;
- номи субъекти хоҷагидорӣ;
- рақами мушаххаси андозсупоранда, рақами ягонаи мушаххаси (РМА/РЯМ);
- суроғае, ки дар он ҳисоббаробаркунии нақдӣ анҷом дода мешавад (ҳангоми иҷрои хизматрасонии дастраскунӣ, суроғаи ҳуқуқии субъекти соҳибкорӣ);
- номи маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ;
- рамзи тамғагузории маҳсулот;
- миқдори мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ;
- нархи (арзиши) мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ;
- меъёри андоз аз арзиши иловашуда, низоми содакардашудаи андозбандӣ барои молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо;
- маблағи андоз аз арзиши иловашуда, низоми содакардашудаи андозбандӣ барои молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо;
- шакли пардохт нақдӣ ё ғайринақдӣ ё ҳар ду шакл;
- маблағи умумии пардохт;
- сана ва вақти пардохт;
- рақами ягонаи модули фискалӣ;
- аломати фискалӣ;
- QR-рамз, ки на кам аз 30x30 мм бошад, бояд барои санҷиши ҳақиқӣ будани расид аст.
10. Субъектҳои фаъолияти хоҷагидор ҳуқуқ доранд ҳангоми истифодабарӣ аз МНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ дигар воситаҳои электронии пардохтиро барои қабули пардохтҳои ғайринақдӣ истифода баранд.
2. ТАРТИБИ ХИЗМАТРАСОНИИ МНХ-ОНЛАЙН ВА (Ё) ПЕШБУРДИ ХАЗИНАҲОИ ШАРТАН (ВЕРТУАЛӢ)
11. Субъектҳои хоҷагидорӣ ҳуқуқ доранд мустақилона МНХ-онлайн ва (ё) хазинаи шартан (вертуалӣ)-и дорои сертификати мутобиқати соҳаи амнияти иттилоотиро, ки ба феҳристи давлатӣ ворид карда шудаанд, харидорӣ намоянд, инчунин ихтиёран МХТ интихоб намоянд.
12. Хизматрасонии кафолатнок ва муттасилаи МНХ-онлайн ва (ё) хазинаи шартан (вертуалӣ) дар асоси шартномаи миёни МХТ ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ басташуда сурат мегирад.
13. Аз ҷониби МХТ ба соҳибкор МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ)-и дар ҳолати корӣ буда, ки дар он модули фискалӣ насб шудааст, дар давоми як рӯзи корӣ пас аз гирифтани ариза, пешниҳод карда мешавад.
14. Ҳангоми корношоям гардидани МНХ-онлайн ва ё хазинаи вертуалӣ, аз ҷониби МХТ дар давоми як рӯз дар нуқтаи савдо ва хизматрасонии субъекти хоҷагидор МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалии) захиравӣ насб карда мешавад.
15. Ҳангоми барҳамдиҳии субъекти хоҷагидорӣ, инчунин корношоямии модули фискалӣ, гузаштани муҳлати истифода, бо маълумот пур гардидани хотира ё дигар ҳолатҳои пешбининашуда, субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ модулҳои фискалиро ба МХТ бармегардонанд.
16. Ҳангоми гум шудани МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ), субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ дар муддати на дертар аз як рӯзи корӣ дар ин бора ба мақомоти андоз ва МХТ хабар медиҳад.
17. Кумитаи андоз феҳристи МНХ-онлайн ва хазинаҳои шартан (вертуалӣ)-и аз ҷониби субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ истифодашавандаро ташкил медиҳад.
18. Дастрасӣ ба утоқи шахсии системаи иттилоотии андоз бо истифодаи мушаххаскунии сайёр (пин-код) ва имзои электронии рақамӣ амалӣ карда мешавад.
3. ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРИИ МНХ-ОНЛАЙН ВА (Ё) ХАЗИНАИ ШАРТАН (ВЕРТУАЛӢ) ДАР МАҚОМОТИ АНДОЗ
19. Барои дар мақомоти андоз ба қайд гирифтан ё аз нав ба қайд гирифтани МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ), субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ бояд то аз оғози фаъолияти пешбурди ҳисоббаробаркунӣ бо аҳолӣ ариза аз рӯйи шакли тибқи замимаи 1 ба МХТ, ки ба феҳристи давлатӣ ё идораҳои минтақавии он дохил карда шудааст, дар шакли электронӣ ё хаттӣ пешниҳод намояд.
20. Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мавҷудияти маҳалли фаъолият (шартномаи иҷора ё ҳуҷҷати бақайдгирии бино ё як қисми он);
- нусхаи шартнома бо МХТ дар бораи хизматрасонии техникӣ ва таъмири МНХ-онлайн ва (ё) хазинаи шартан (вертуалӣ);
- суроға ва маҳалли фаъолияти андозсупоранда;
- нусхаи сертификати мутобиқати соҳаи амнияти иттилоотӣ ба МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ).
21. Иттилооти дар махзани маълумот мавҷудбуда тариқи худ аз худ (автоматӣ) ташаккул ёфта, иттилооти иловагӣ бошад, дар асоси нусхаи ҳуҷҷатҳои (шартномаи иҷора ё ҳуҷҷати бақайдгирии бино ё қисми он) субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ташаккул дода мешавад.
22. Маълумоти аз ҷониби субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ пешниҳодшударо МХТ меомӯзад ва баъдан ҳуҷҷатҳо дар давоми 4 соати корӣ аз лаҳзаи гирифтани онҳо, дар низоми иттилооти андоз ба қайд гирифта мешаванд.
23. Маълумот дар бораи дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудани МНХ ё хазинаи шартан (вертуалӣ), аз тарафи мақомоти андоз ба утоқи шахсии субъект фаъолияти соҳибкорӣ тибқи замимаи 2 ворид карда мешавад.
24. Ҳангоми ошкор шудани ихтилофот дар маълумоти пешниҳоднамудаи субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, сабаби ихтилофот аз ҷониби мақомоти андоз дар маҳалҳо дар давоми як рӯзи корӣ омӯхта мешавад.
25. Барои бақайдгирии МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ) маблағ ситонида намешавад.
26. Бақайдгирии давлатии МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ) дар ҳолатҳои зерин рад карда мешавад:
- ҳангоми аз ҷониби субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ пурра пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои пешбинишуда, ки барои бақайдгирии МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ) заруранд;
- ҳангоми мавҷудияти ихтилофот дар маълумоти пешниҳоднамудаи субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ;
- ҳангоми гирифтани маълумот дар бораи МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ), ки дар феҳристи давлатӣ ба қайд гирифта нашудаанд.
27. Дар ҳолати рад намудани бақайдгирии МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ), мақомоти андоз на дертар аз як рӯзи корӣ ба МХТ ва субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ огоҳинома бо зикри, сабабҳои аниқи рад шуданро мефиристад.
28. Дар ҳолати рад намудани бақайдгирии МНХ-онлайн ё хазинаи шартан вертуалӣ, субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ ҳуқуқ дорад камбудиҳоро бартараф намуда, аризаро такроран пешниҳод намояд.
29. Субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ҳуқуқ доранд аз амали (ё беамалии) шахсони мансабдори мақомоти андоз, инчунин оид ба огоҳиномаи онҳо ҷиҳати рад намудани бақайдгирии МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ шикоят намояд.
30. Ҳангоми тағйир ёфтани суроғаи маҳалли фаъолиятӣ МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ), субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар муддати 7 рӯзи корӣ ба МХТ бевосита ё тариқи электронӣ ташриф оварда ҷиҳати иваз намудани маълумот оиди МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ) дар якҷоягӣ бо нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти суроғаи нави МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуали)-ро тасдиқ мекунанд, ариза пешниҳод менамоянд. Муҳлати воридсозии маълумот оид ба тағйири суроғаи фаъолияти МНХ аз муҳлати бақайдгирии он зиёд буда наметавонад. Инчунин, ҳангоми барҳамдиҳии субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ, корношоямии модули фискалӣ, гузашти муҳлати коршоямӣ, бо маълумот пур гардидани хотира, зарурати иваз кардани МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ) ва ё дигар ҳолатҳои пешбининашуда ба МХТ, ариза пешниҳод карда мешавад.
4. ТАРТИБИ АЗ ҚАЙД БАРОВАРДАНИ МНХ-ОНЛАЙН Ё ХАЗИНАИ ШАРТАН (ВЕРТУАЛӢ)
31. Ҳангоми барҳамдиҳии субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ ё дигар ҳолатҳои аз қайд баровардани МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ), аз ҷониби субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ (намояндаи он) ба МХТ ариза тибқи замимаи 3 пешниҳод карда мешавад.
32. Дар асоси маълумоти аз ҷониби МХТ ҷамъоваришуда, дар давоми як рӯзи корӣ барои хориҷ кардани МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ) аз феҳристи сохторҳои дахлдори Кумитаи андоз ба низоми иттилооти андоз маълумоти дахлдор ворид карда мешавад.
33. Дурустӣ ва эътимоднокии маълумот дар асоси маълумоти ба Кумитаи андоз дастрасбуда санҷида шуда, дар ҳолати зарурӣ дар давоми як рӯзи корӣ бо ташриф овардан ба маҳалли фаъолият омӯхта шуда, пас аз ин маълумоти дахлдор дар бораи МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ) ба махзани маълумоти электронӣ ворид карда мешавад.
5. ТАРТИБИ АЗ ҶОНИБИ СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИДОРӢ ИСТИФОДА ГАРДИДАНИ МНХ-ОНЛАЙН Ё ХАЗИНАИ ШАРТАН (ВЕРТУАЛӢ)
34. Ҳолати техникӣ, дурустӣ ва аниқии сана ва вақти МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ) ҳар рӯз қабл аз оғози кор аз ҷониби шахси масъули субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ санҷида мешавад.
35. Субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, ки бо аҳолӣ ҳисоббаробаркуниҳои нақдиро анҷом медиҳанд, бояд ҳатман ба харидор оид ба тасдиқи гирифтани маблағ расиди МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуали)-ро пешниҳод кунанд.
36. Дар сурати мавҷуд набудани имконияти техникии интиқоли маълумот дар реҷаи вақти воқеӣ ба оператор ҳангоми истифодаи МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ), аз ҷумла ҳангоми муваққатан кандашавии алоқа дар шабакаи Интернет, барои хариди анҷомдодашуда, расидҳо ба мизоҷон (фармоишгарон) метавонад тариқи офлайн пешниҳод карда шавад. Ҳамзамон, интиқоли маълумот ба оператор бояд дар муддати 24 соат пас аз ташаккули расиди аввал тариқи офлайн амалӣ карда шавад.
37. Ҳангоми вайроншавии МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ), субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ бояд фавран ба МХТ бо зангзанӣ маркази иттилоот (саll-центр), аз тариқи бевосита ташриф овардан, ё тавассути утоқи шахсии андозсупоранда хабар диҳад. Дар навбати худ, пас аз гирифтани иттилоот, МХТ уҳдадораст, дар давоми як соат мақомоти андозро оид ба суроғаи маҳалли фаъолиятӣ нуқтаи савдои (кор ва хизматрасонии) субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ огоҳ созад.
38. Субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ барои ҳолати кории МНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ, инчунин таъмини пайвастшавӣ ба алоқаи мобилӣ ё Интернет масъул аст (ба истиснои баъзе мушкилоти техникӣ, ки дар раванди кор бо провайдерҳои Интернет ё оператори мобилӣ ба миён меоянд).
6. ТАРТИБИ БАРГАРДОНИДАНИ МАБЛАҒИ БА МНХ-ОНЛАЙН Ё ХАЗИНАИ ШАРТАН (ВЕРТУАЛӢ) ВОРИДШУДА
39. Дар ҳолати зарурати баргардонидани пул, фурӯшанда уҳдадор аст пулро ба харидор дар асоси расид, ё дигар ҳуҷҷатҳои бо расид баробаркардашуда ва тасдиқкунандаи пардохти мол (хизматрасонӣ), ки харидор пешниҳод кардааст, баргардонад.
40. Ҳангоми аз харидор баргардонидани мол борхат тартиб дода мешавад. Борхат дар ду нусха тартиб дода мешавад, ки яке аз онҳо дар ҳисоботи молӣ дӯхта шуда, нусхаи дуюм ба харидор супорида мешавад ва дар баргардонидани маблағ барои моли пасбаргардонидашуда асос ба ҳисоб меравад.
41. Маблағ аз хазинаи субъекти хоҷагидорӣ тариқи гирифтани он аз суратҳисоб дар давоми на зиёда аз як рӯзи корӣ, дар асоси аризаи хатии харидор бо зикри насаб, ном ва номи падар баргардонида мешавад. Барои аз хазинаи субъекти соҳибкорӣ баргардонидани пул ордери хароҷоти хазинавӣ тартиб дода мешавад, ки дар он ҳатман насаб, ном ва номи падари харидор қайд карда мешавад.
42. Ҳангоми пурра ё қисман баргардонидани мол, даромад аз фурӯши мол бо дарназардошти маблағи пулии ба харидорон баргардонидашуда, ислоҳ карда мешавад. Ислоҳи даромадҳо дар ҳамон давраи андози анҷом дода мешавад, ки пули нақд дар ҳамон давра пардохта мешавад.
7. НАЗОРАТИ ИСТИФОДАИ МНХ-ОНЛАЙН Ё ХАЗИНАИ ШАРТАН (ВЕРТУАЛӢ)
43. Назорати баҳисобгирии пурраи маблағҳои пулӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои пулии мол (кор ва хизматрасонӣ) бо аҳолӣ тавассути МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ), аз ҷониби мақомоти андоз мутобиқи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад.
44. Назорати истифодаи МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ) бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- бо тартиби хариди назоратӣ;
- қиёскунии расидҳои қаблии бо МНХ-онлайн ё хазинаҳои шартан вертуалӣ таҳияшуда бо маълумоти фискалие, ки ба Кумитаи андоз фиристода шудаанд;
- тариқи хаттӣ ва ё электронӣ огоҳ намудани субъекти хоҷагидор вобаста ба истифода накардани МНХ-онлайн;
- ба экспертиза пешниҳод намудани МНХ-онлайн ё хазинаи вертуалӣ ҷиҳати муайян намудани ба талаботи техникӣ ҷавобгӯ будани он.
45. Мақомоти андоз ҳуқуқ доранд ҳангоми санҷиши МНХ-онлайн ё хазинаи шартан вертуалӣ, ки тибқи меъёрҳои қабулшуда гузаронида мешаванд, кормандони МХТ-ро ба сифати коршиносони (мушовирони) техникӣ ҷалб намоянд.
46. Дар ҳолати ба талаботи техникӣ мутобиқ набудан, инчунин корношоямии барномаи компютерӣ ва ба вуҷуд омадани шубҳа оид ба истифодаи МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ), аз ҷониби шахсони мансабдори дар маҳалли фаъолият қарордоштаи мақомоти андоз тибқи замимаи 4 ба ҳамин тартиб санад тартиб дода мешавад ва ҳамзамон МНХ- онлайн, таҷҳизоти таъминоти барномавии хазинаи шартан (вертуалӣ) ва/ё модули фискалӣ барои ташхис (экспертиза) бозпас гирифта мешавад. Дар ин ҳолат, фарқ миёни маълумоти фискалии расиди МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ) ва нишондиҳандаҳои фискалии ба мақоми ваколатдор фиристодашуда ба ҳисоб мешавад.
47. То гирифтани хулосаи экспертиза ва то аз ҷониби мақомоти андоз муайян карда шудани масъала, МХТ ба субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ ба ҷойи МНХ-онлайн ё таҷҳизоти таъминоти барномавии хазинаи шартан (вертуалӣ) ва модули фискалии муваққатан бозпас гирифташуда, дигар МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ) ва модули фискалии тариқи захиравии бақайдгирифташударо пешниҳод менамояд.
48. МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ) ва модули фискалии аз ҷониби мақомоти андоз барои экспертизаи техникӣ таҷҳизоти таъминоти барномавии бозпас гирифташуда ба МХТ-и мустақиле дода мешавад, ки ба ин МНХ-онлайн ё таҷҳизоти таъминоти барномавӣ хазинаи шартан (вертуалӣ) хизматрасонӣ наменамояд.
49. Дар вақти гузаронидани экспертиза ҳангоми муайян гардидани корношоямии МНХ-онлайн ё таҷҳизоти таъминоти барномавии компютерии хазинаи шартан (вертуалӣ) ва модули фискалӣ пардохт барои гузаронидани экспертиза аз ҷониби субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ анҷом дода мешавад, дар акси ҳол пардохт аз ҷониби МХТ, ки дорои шартнома бо соҳибкор аст, пӯшонида мешавад.
50. Экспертизаи МНХ-онлайн ё таҷҳизоти таъминоти барномавии хазинаи шартан (вируталӣ) ва модули фискалӣ бояд дар давоми се рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани он тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ гузаронида мешавад.
51. Дар ҳолати муайян накардани вайроншавии МНХ-онлайн ё таҷҳизоти таъминоти барномавии хазинаи шартан (вертуалӣ), МНХ-онлайн ё таҷҳизоти барномавии хазинаи шартан (вертуалӣ) бо модули фискалӣ муҳр гузорӣ шуда, ба субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ баргардонида мешаванд.
8. ТАРТИБИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТОР
52 Оператори бо таҷҳизоти махсуси техникӣ муҷаҳҳазшуда, ки барои таъмини амнияти иттилоотӣ усулҳои криптографиро, мутобиқ ба стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амнияти иттилоотӣ, истифода менамояд, маълумоти модулҳои фискалиро, ки ба МНХ-онлайн ва хазинаи шартан (вертуалӣ) пайваст мебошанд, пайваста дар реҷаи вақти воқеӣ мегирад, коркард мекунад ва нигоҳ медорад, инчунин системаи иттилоотии мақоми ваколатдорро ташаккул медиҳад.
53. Вазифаҳо ва масъулияти оператор инҳоянд:
- таъмини амнияти иттилооти фискалӣ;
- нигоҳдории маълумоти фискалӣ дар тӯли панҷ сол аз лаҳзаи гирифтани он;
- маҳдуд кардани имкони тағйир додан, бастан ё нобуд кардани маълумоти фискалӣ дар раванди қабули он;
- таъмини нусхабардории захиравии маълумоти фискалӣ, мутобиқ ба талаботи амнияти иттилоотӣ;
- таҳия ва пешбурди системаи иттилоотӣ дар шабакаи Интернет;
- таҳияи системаи иттилоотӣ ва замимаҳои мобилӣ, ки имконияти санҷиши аслӣ будани расидҳои МНХ-онлайн ва (ё) хазинаи шартан (вертуалӣ)-ро тавассути ОК-код доранд;
- таҳияи талабот ва шаклҳои мубодилаи маълумот байни модули фискалӣ ва МНХ-онлайн ва (ё) таҷҳизоти таъминоти барномавии компютерии хазинаи шартан (вертуалӣ);
- дастрасии ҳамгироии модули фискалӣ бо МНХ-онлайн ва таҷҳизоти таъминоти барномавии хазинаи шартан (вертуалие), ки аз ҷиҳати техникӣ мутобиқ мебошанд;
- таҳлили маълумот оид ба фурӯши молҳо (корҳо ва хизматрасониҳо) дар сатҳи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, инчунин системаҳои автоматикии таҳлилӣ барои муайян намудани ҳолатҳои эҳтимолии саркашӣ аз пардохти андоз;
- иштирок дар бақайдгирии филиалҳои МХТ, ки ба феҳристи давлатӣ дохил карда шудаанд;
- ба қайд гирифтани корманди соҳибтахассус (дорои сертификат) тибқи аризаи электронии пешниҳодшудаи МХТ ва барои ӯ фароҳам овардани имконияти кор дар системаи иттилоотии андози оператор;
- бо модули фискалӣ таъмин намудани МХТ ва ҷорӣ намудани баҳисобгирии модулҳои фискалии ба системаи иттилооти андоз интиқолдодашуда;
- мутобиқати маҳсулоти барномавии истифодашавандаи МНХ-онлайн ба талаботи амнияти иттилотӣ ва мавҷудияти сертификати мутобиқати соҳаи амнияти иттилоотӣ.
54. Феҳристи МХТ ва филиалҳои минтақавии он дар системаи иттилооти андоз ташаккул меёбад.
55. Бо қарори мақомоти ваколатдор оператор метавонад дастрасӣ ба системаи иттилооти андози МХТ ва филиалҳои онро боз дорад.
56. Модулҳои фискалӣ бо дархости МХТ ба қайд гирифта мешавад.
57. Ба системаи иттилоотии андоз ворид намудани маълумотҳои феҳристи модулҳои фискалӣ, МХТ ва филиалҳои он, мутахассисон, МНХ-онлайн ва хазинаҳои шартан (вертуалӣ), аз ҷониби оператор анҷом дода мешавад.
58. Оператор ҳуқуқ дорад якҷо бо мақомоти ваколатдор усулҳои истифодаи дурусти МНХ-онлайн ва (ё) хазинаи шартан (вертуали)-ро дар маҳалли фаъолияти нуқтаҳои савдои чакана ва хизматрасонӣ омӯзад ва дар ҳолати зарурӣ барои анҷом додани ин кор ташкилотҳои экспертиро ҷалб намояд.
59. Оператор тибқи супориши мақомоти ваколатдор оид ба иҷрои пурраи вазифаҳо аз ҷониби МХТ хулоса пешниҳод мекунад. Дар сурати аз ҷониби МХТ иҷро нагардидани вазифаҳои гузошташуда, оператор ба мақомоти ваколатдор тавсия медиҳад, ки МХТ аз феҳристи давлатӣ хориҷ карда шавад.
60. Дар доираи хизматҳои аз ҷониби оператор пешниҳодшаванда ва барои таъмин намудани субъектҳои хоҷагидорӣ бо модули фискалӣ, МХТ бо оператор шартнома мебанданд ва барои хизматрасониҳо тибқи нархнома маблағ пардохт мекунанд.
61. Мақоми ваколатдор аз ҷониби оператор риоя гардидани талаботи тартиби мазкурро назорат мекунад.
62. Дар сурати ба тартиби муқарраршуда ба мақоми ваколатдор пешниҳод накардани маълумоти фискалӣ ё дар сурати ирсоли маълумоти нодуруст, инчунин барои пешниҳод накардани ҷавоби аризаҳо ва муроҷиатҳои ба оператор равоншуда, оператор тибқи қонунгузории амалкунанда ҷавобгар мебошад.
9. ТАЛАБОТИ ТЕХНИКӢ БА МОШИНҲОИ НАЗОРАТӢХАЗИНАВӢ ДАР РЕҶАИ ОНЛАЙН, ХАЗИНАҲОИ ШАРТАН (ВЕРТУАЛӢ) ВА МОДУЛҲОИ ФИСКАЛӢ, КИ БАРОИ ИСТИФОДА ДАР ҲУДУДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИҶОЗАТ ДОДА ШУДААНД
63. Талаботи техникии мазкур хусусиятҳои асосии техникӣ ва кории МНХ-онлайн, хазинаҳои шартан (вертуалӣ) ва модули фискалиро, ки интиқоли иттилоотро ба Кумитаи андоз бо истифода аз модули фискалӣ ва таҷҳизоти таъминоти барномавии он таъмин мекунанд, ва дорои сертификати мутобиқати соҳаи амнияти иттилоотӣ буданд ба феҳристи давлатӣ дохил карда шудаанд, инчунин барои истифода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудаанд, нишон медиҳад.
64. Ташаккули сохтори электронии маълумоти фискалии МНХ-онлайн ва таҷҳизоти таъминоти барномавии хазинаҳои шартан (вертуалӣ), тартиби интиқол додани чунин маълумот ба оператори маълумоти фискалӣ , шаклҳои мубодилаи электронии иттилоот бо МХТ аз ҷониби оператор таҳия шуда, дар системаи иттилоотии андоз ҷойгир карда мешаванд.
65. Талаботи техникӣ ба МНХ-онлайн инҳоанд:
- мавҷудияти рақами аз ҷониби истеҳсолкунанда додашуда ва баъдан барои дарҷ намудани рақами аз ҷониби истеҳсолкунанда додашуда;
- мавҷудияти ҳуҷҷати аввалияи баҳисобгирӣ (расид) тибқи қонунгузории амалкунанда ҳангоми ҳисоббаробаркунии нақдии мол (кор ва хизматрасонӣ) байни истифодабаранда ва харидор мебошад, ки дорои маълумот дар бораи ҳисоббаробаркуниҳо дар шакли электронӣ ё коғазӣ ва тавассути МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ) таҳия карда шудааст;
- манъ намудани истифодаи таъминоти барномавии МНХ-онлайн бе модули фискалӣ;
- худ аз худ баста шудан ҳангоми кӯшиши истифодаи ғайриқонунии МНХ-онлайн ё ҳангоми тағйир ёфтани махзани маълумот бо мусоидати барномаҳои беруна;
- худ аз худ баста шудан ҳангоми корношоямӣ ё пур будани хотираи модули фискалӣ;
- таъмини имконияти ташаккул додан ва таҷдиди рӯйхати мол ва рамзҳои молӣ тавассути ассотсиатсияи байналмилалии "GҒ1" ва дигар низомоти умумиҷаҳонӣ;
- мусоидат ба таҷҳизоте, ки штрих-кодро қабул менамояд;
- мавҷудияти таҷҳизот барои хондани кортҳои магнитӣ, ғmart-кортҳо, кортҳои бе тамос;
- мавҷудияти андозаи ҳаддиақалии экран барои санҷиши маълумоти фискалӣ пеш аз чоп дар коғаз ва иҷрои дигар амалҳо вобаста ба нишон дода шудани мол (кор ва хизматрасонӣ) дар экран;
- рамзи барнома иборат аз на камтар аз 6 аломат, ё сатҳи баландтари ҳифз доштан;
- имкони пайвастшавӣ бо оператори мобилӣ бо стандарти 3G ё зиёда аз он, инчунин бо истифода аз WiFi;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи муаллифии таҷҳизоти таъминоти барномавӣ (агар он берун аз кишвар бошад, манбаи он нишон дода мешавад);
- мавҷудияти сертификати мутобиқати мақоми ваколатдори соҳаи амнияти иттилоотӣ;
- мавҷудияти дастурҳои истифодаи МНХ-онлайн (бо забони давлатӣ ва русӣ);
- рақамҳо, ҳарфҳо ва аломатҳои дар расид чопшуда бояд возеҳ намоён бошанд ва маънои якхеларо дошта бошанд;
- ҳангоми истифодаи МНХ-онлайн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти бо истифода аз UTС+05:00 тавассути Интернет дастрас будани имконияти тариқи худкор мондани вақт ва сана;
- тавассути модули фискалӣ интиқоли бевоситаи маълумоти фискалиро ба оператор таъмин намудан;
- танҳо барои як МНХ-онлайн таъмин намудани истифодаи як модули фискалӣ;
- таъмин намудани чопи иттилоот бештар бо забони давлатӣ дар расиди коғазӣ;
- ҳангоми ташаккулёбии маълумоти фискалӣ ҳифз намудан аз тағйироти барқасдона мутобиқи талаботи амнияти иттилоотӣ.
66. Талаботи техникӣ ба ҳама намудҳои МНХ-онлайн татбиқ мегарданд.
67. Истифодаи МНХ-онлайн дар ҳолатҳои зерин манъ аст:
- дар ҳолати дар Феҳристи давлатӣ мавҷуд набудани модели МНХ- онлайн;
- ҳангоми мавҷуд набудани модули фискалӣ;
- ҳангоми мавҷуд набудани як ё якчанд талаботи ҳатмӣ ба нишондиҳандаҳои дар расид чопшуда;
- дар сурати иҷро накардани як ё якчанд талаботи ҳатмӣ барои МНХ- онлайн;
- дар сурати мавҷуд набудани шартномаи хизматрасонии кафолатнок ва муттасил бо МХТ;
- дар сурати мавҷуд набудани шартнома бо оператор барои хизматрасонӣ;
- дар мавриди тағйир ёфтани маълумоти субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ;
- дар ҳолати надоштани сертификати мутобиқат дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ба МНХ-онлайн.
68. Хазинаи шартан (вертуалӣ) талаботи техникии зерин дорад:
- мавҷудияти рақами намунаи таъминоти барномавии, рақами силсилавӣ ё рақами иҷозатнома;
- манъ кардани дастрасӣ ба истифодаи таъминоти барномавии хизматрасонии шартан (вертуалӣ) бе модули фискалӣ;
- худ аз худ баста шудан ҳангоми кӯшиши истифодаи ғайриқонуни хазинаҳои шартан (вертуалӣ) ё ҳангоми тағйир додани махзани маълумот тавассути барномаҳои компютерии беруна;
- худ аз худ баста шудан ҳангоми корношоямӣ ё вақте ки хотираи модули фискалӣ пур мебошад;
- таъмини ташаккул ва таҷдиди рӯйхати мол ва рамзи молӣ тавассути ассотсиатсияи байналмилалии "GҒ1" ва дигар низомоти умумиҷаҳонӣ;
- дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани таҷҳизоти баҳисобгирӣ штрих- код;
- рамзи барномавӣ, ки на камтар аз 6 аломат иборат мебошад, ё доштани сатҳи баландтари ҳифз;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи муаллифии таҷҳизоти таъминоти барномавӣ (агар он аз дигар кишвар бошад, манбаи он нишон дода мешавад);
- рақамҳо, ҳарфҳо ва аломатҳои дар расидҳои чопшуда бояд возеҳ дида шаванд ва маънои якхеларо дошта бошад;
- худ аз худ имконияти мондани вақт ва санаро бо истифодаи UТС+05:00 тавассути Интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошад;
- таъмини интиқоли бевоситаи маълумоти фискалӣ ба оператор тавассути модули фискалӣ;
- истифодаи як модули фискалиро танҳо барои як хазинаи вертуалӣ таъмин намояд;
- нишон додани иттилоотро дар расиди коғазӣ бо бартарии забони давлатӣ таъмин намояд;
- истифодабарии маҷмуаҳои дастгоҳи барномавӣ хазинаи шартан (вертуалӣ) бояд ба талаботи амнияти иттилотӣ мутобиқ буда дорои сертификати мутобиқати соҳаи амнияти иттилоотӣ бошад.
69. Талаботи техникӣ ба ҳама намудҳои хазинаи шартан (вертуалӣ) татбиқ мегарданд.
70. Истифодаи хазинаи шартан (вертуалӣ) дар ҳолатҳои зерин манъ аст:
- ҳангоми дар феҳристи давлатӣ мавҷуд набудани тамғаи хазинаи шартан (вертуалӣ);
- ҳангоми мавҷуд набудани модули фискалӣ;
- ҳангоми мавҷуд набудани як ё якчанд талаботи ҳатмӣ ба нишондиҳандаҳои дар расид чопшуда;
- дар сурати набудани шартномаи хизматрасонии кафолатнок ва муттасил бо МХТ;
- дар сурати мавҷуд набудани шартнома бо оператор барои хизматрасонӣ;
- дар мавриди тағйир ёфтани маълумоти субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ;
- дар ҳолати мавҷуд набудани сертификати мутобиқат дар соҳаи амнияти иттилоотӣ.
71. Модули фискалӣ метавонад дар шакли смарт-корт ё калиди UҒB истифода шавад.
72. Модули фискалӣ бояд бо назоратчии навъи Infineon ҒLE77CLFX2400PM муҷаҳҳаз карда шавад ё бо нусхаи нисбатан нав мутобиқат намояд. Модул бояд ба протоколҳои алоқаи Т = 0 ва Т = 1, инчунин стандартҳои қабулшудаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд. Илова бар ин, ба алгоритмҳои криптографӣ ва вазифаҳои рамзикунонии стандарти ГОСТ 28147-89 ва стандартҳои Java Card 2.2.2 ва баландтар аз он мусоидат намояд.
73. Алгоритми рамзкунанда метавонад ҳамчун як ҷузъи низоми амалиётии ҒIM-корт татбиқ гардад ва дар минтақаи муҳофизатшудаи ҒIM- корт ҷойгир карда шавад. Барои иҷрои амалиётҳои рамзгузорm протсессори криптографӣ метавонад истифода шавад, ки ҷузъи меъмории модули микропротсессорҳои ҒIM-корт мебошад.
74. Минтақаи ҳифзшудаи хотира (криптомодул) бояд эътимоднокии нигоoдориро таъмин кунад, инчунин ба дастрасии беиҷозат ба алгоритм ва маълумот, аз ҷумла муваққатӣ (амалиётӣ) тобовар бошад.
75. Амалиётҳои рамзкунонии маълумот бояд бо тартиби фаврӣ чунон иҷро карда шаванд, то ин ки иҷрои амалиёти омодасозӣ ва рамзгузории минбаъда ба таъхири вақти зиёд оварда нарасонад.
76. Дар асоси муомилоти электронии МНХ-онлайн ва ё таъминоти барномавии хазинаи вертуалӣ, расид дар хотираи модули фискалӣ қайд карда мешавад.
77. Модули фискалӣ "Z-ҳисобот"-ро дар хотираи худ ташаккул медиҳад ва нигоҳ медорад.
78. Маълумоте, ки тавассути МНХ-онлайн ва (ё) хазинаи шартан (вертуалӣ) ташаккул дода шудааст, ба модули фискалӣ ирсол карда мешавад, аз ҷумла, маблағи умумии расид, маблағи пардохт, нақдӣ ё ғайринақдӣ, маблағи андоз аз арзиши иловашуда, навъи муомилот (фурӯш ё баргардонидан).
79. Ҳангоми интиқоли бомуваффақияти маълумот:
- рақами ягонаи модули фискалӣ ташаккул меёбад;
- маълумоти рамзикунонидашудаи расид, ки бо истифодаи имзои электронии рақамӣ ба имзо расонида шудааст, ба оператор интиқол дода мешавад.
80. Ҳангоми ба кор даровардани модули фискалӣ бояд таъминоти барномавии махсусгардонидашуда (апплет) насб карда шавад, то ин ки иҷрои тадбирҳои дар тартиби мазкур овардашуда таъмин карда шавад.
81. Давраи якуми раванди ба кор даровардани модули фискалӣ аз инҳо иборат мебошад:
- имзои электронии рақамӣ омода карда мешавад;
- ба оператор калиди кушода супорида мешавад.
82. Субъектҳои хоҷагидорӣ бояд барои осеб нарасонидан ба модулҳои фискалии ба онҳо вобасташуда чораҷӯйӣ намоянд.
10. ТАЛАБОТ ОИД БА ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ ФЕҲРИСТИ ДАВЛАТИИ МАРКАЗҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТЕХНИКИИ МОШИНҲОИ НАЗОРАТИЮ ХАЗИНАВИИ ОНЛАЙН, ХАЗИНАҲОИ ШАРТАН (ВЕРТУАЛӢ) ВА МОДУЛҲОИ ФИСКАЛӢ
83. Талаботи мазкур тартиби бақайдгирӣ, аз қайд баровардан ва пешбурди Феҳристи давлатии марказҳои хизматрасонии техникӣ, инчунин талаботи алоҳида барои ин марказҳо - шахсони ҳуқуқиеро, ки ба хизматрасонии техникӣ ва таъмири таҷҳизоти мошинҳои назоратӣ-хазинавии онлайн ва барномаи компютерии хазинаҳои шартан (вертуалӣ), ки бо таҷҳизоти муосири махсусгардонидашудаи технологӣ муҷаҳҳаз шудааст, машғул мебошанд, муайян менамояд.
84. Бақайдгирии МХТ дар феҳристи давлатии МХТ аз ҷониби Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдор) анҷом дода мешавад ва дар сомонаи расмии он ҷойгир карда мешавад.
85. МХТ-ҳои ба Феҳристи давлатӣ ворид карда шуда, ҳуқуқ доранд дар дилхоҳ маҳалли ҳудуди ҷумҳурӣ филиалҳо кушоянд, ки дорои мутахассисони соҳибтахассус, шароит ва таҷҳизоти зарурӣ мебошанд. Дар баробари ин ҳар як филиали МХТ бояд алоҳида ба Феҳрист ворид карда шавад. Инчунин, ҳангоми ба миён омадани талабот ба хизматрасонии МНХ-онлайн ва (ё) хазинаи шартан (вертуалӣ), МХТ-ҳо, филиалҳои он бояд дар ҳамон маҳал нуқтаи хизматрасонии техникии МНХ-онлайн ва хазинаҳои шартан (вертуали)-ро кушоянд.
86. Бақайдгирии филиалҳои минтақавии МХТ (минбаъд - филиалҳои минтақавӣ) бо иштироки оператори маълумоти фискалӣ сурат мегирад.
87. Ба Феҳристи давлатӣ ворид намудани МХТ ва бақайдгирии филиалҳои онҳо ройгон анҷом дода мешавад.
88. Шахсони ҳуқуқие, ки ба хизматрасонии техникии МНХ-онлайн ва (ё) таҷҳизоти таъминоти барномавии хазинаҳои шартан (вертуалӣ) машғуланд, тибқи тартиби муқарраршуда ба Феҳристи давлатӣ ворид карда нашудаанд, тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
89. МХТ санҷиши ҳатмии ҳарсолаи техникӣ ва барномавии МНХ-онлайн ва таъминоти барномавии хазинаи шартан (вертуали)-ро, ки барои субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ насб шудаанд, анҷом медиҳад ва натиҷаҳои онро дар дафтари санҷиши субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ сабт менамояд ва инчунин дар давоми се рӯз дар системаи иттилооти андоз қайд мекунад.
90. МХТ бо субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва оператор тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар асоси шартнома ҳамкорӣ мекунад.
91. Дар бинои мақомоти андоз ҷойгир кардани МХТ манъ аст.
92. Пеш аз ба қайд гирифтан ва ворид кардан ба феҳристи давлатӣ, МХТ бояд ҳолати техникии МНХ-онлайн ва ё хазинаи шартан (вертуали)-ро санҷад ва боварӣ ҳосил намояд, ки дар он барномаи электронии дуруст насб карда шудааст.
93. МХТ бояд сомонаи расмии худ ва барномаи электронии худро, ки бо системаи иттилоотии андоз пайваст аст, дошта бошад.
94. Дар сомонаи расмӣ маълумоти зерин ҷойгир карда мешавад:
- маълумоти дар бораи намудҳои МНХ-онлайн ва хазинаҳои шартан (вертуали)-и аз ҷониби мақоми ваколатдор тасдиқшуда ва ҳуқуқ барои хизматрасонии техникӣ;
- нархи фурӯши модели МНХ-онлайн, хазинаҳои шартан (вертуалӣ) (версияҳои он);
- дастурҳо, аксҳо ва видеомавод, дастурамалҳо барои истифодаи МНХ-онлайн ва хазинаҳои шартан (вертуалӣ);
- намудҳои хизматрасонӣ;
- арзиши хизматрасониҳо (нархи хизматрасониҳо);
- хадамоти дастгирии реҷаи вақти воқеӣ мусоидат менамояд;
- маълумоти муфассал дар бораи филиалҳои МХТ (суроға, ҷойгиршавӣ, намудҳои хизматрасонӣ ва ғайра);
- рақамҳои телефон барои посухи фаврӣ (маркази иттилоот).
95. МХТ ва марказҳои минтақавии онҳо барои таъмир ва хизматрасонии техникии МНХ-онлайн ва (ё) хазинаҳои шартан (вертуалӣ) бояд имконоти зеринро дошта бошанд:
- заминаи моддию техникӣ ва таҷҳизоти зарурӣ барои хизматрасонии фаврӣ;
- нисбат ба шумораи умумии шартномаҳои кафолатӣ барои хизматрасонии МНХ-онлайн ва хазинаҳои шартан (вертуалӣ) на камтар аз панҷ фоиз МНХ-онлайн ва хазинаҳои шартан (вертуалии) тайёрро дошта бошад.
96. Барои МХТ тағйир додани нишондиҳандаҳои кории МНХ-онлайн ва барномаи электронии хазинаи шартан (вертуалӣ) бидуни иҷозати истеҳсолкунанда ё намояндаи ваколатдори он, манъ аст.
97. МХТ ба мизоҷони худ дар бораи истифодаи дурусти МНХ-онлайн ва хазинаи шартан (вертуалӣ) дастурҳо ва маслиҳатҳои дахлдорро пешниҳод менамояд.
98. МХТ уҳдадор аст, ки пас аз қабули модулҳои фискалии муҳлаташон гузашта, корношоям, бо хотираи пуршуда ё ҳангоми барҳамдиҳии субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ, онҳоро дар муддати як моҳ барои маҳфиздорӣ ба оператор баргардонад.
99. Шахсони ҳуқуқие, ки мехоҳанд ба хизматрасонии техникии МНХ-онлайн ва (ё) хазинаи шартан (вертуалӣ) машғул шаванд, барои шомил гаштан ба феҳристи давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида ариза пешниҳод мекунанд.
100. Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:
- нусхаи шартнома бо истеҳсолкунандаи МНХ-онлайн ё хазинаи шартан (вертуалӣ) ё намояндаи ваколатдори он;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи соҳибмулкӣ ё истифодаи маҳалли фаъолият;
- маълумот дар бораи мавҷудияти маркази иттилоот (call-сентр);
- маълумот дар бораи кормандоне, ки аз истеҳсолкунандагон ё намояндагони ваколатдори онҳо барои таъмини хизматрасонии кафолатноки МНХ-онлайн ва (ё) таҷҳизоти таъминоти барномавии хазинаи шартан (вертуалӣ) сертификат доранд;
101. Дар ҳолати ошкор намудани номутобиқатӣ дар маълумоти пешниҳоднамудаи шахсони ҳуқуқие, ки мехоҳанд ба фаъолияти хизматрасонии техникии МНХ-онлайн ва (ё) хазинаи шартан (вертуалӣ) машғул шаванд, аз ҷониби мақоми ваколатдор дар бораи эътимоднокӣ ва мутобиқ будан ба қонунгузорӣ, дар давоми як рӯзи корӣ дар маҳалҳо омӯзиш гузаронида мешавад.
102. Аз рӯйи натиҷаҳои санҷиш, мақоми ваколатдор дар бораи ба феҳристи давлатӣ дохил намудани МХТ ё дар бораи дохил накардани он қарор қабул мекунад.
103. Дар ҳолатҳои зерин, мақоми ваколатдор шомил шудан ба феҳристи давлатиро рад мекунад:
- дар сурати нопурра пешниҳод шудани номгӯйи ҳуҷҷатҳо ва ё дар сатҳи дахлдор пур карда нашудани онҳо;
- ҳангоми ошкор гардидани номутобиқатӣ дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва тасдиқ шудани он.
104. Мақоми ваколатдор пас аз қабул намудани ҳуҷҷатҳо бояд дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ ба аризадиҳанда нусхаи қарорро дар бораи ба Феҳристи давлатӣ ворид намудани МХТ ё мактуби раддияро бо нишон додани сабаби радкунӣ дар шакли электронӣ ё коғазӣ пешниҳод намояд.
105. Дар сурати рад шудани шомилшавӣ ба феҳристи давлатӣ аризадиҳанда ҳуқуқ дорад пас аз ислоҳи камбудиҳо ба мақоми ваколатдор такроран муроҷиат намояд.
106. МХТ аз феҳристи давлатӣ дар ҳолатҳои зерин хориҷ карда мешавад:
- ҳангоми барҳамдиҳӣ, муфлис эълон шудан;
- ҳангоми дар қонунгузорӣ тағйир ёфтани талабот нисбат ба фаъолият;
- ҳангоми ошкор шудани аз ҷониби МХТ ворид намудани тағйирот дар нишондиҳандаҳои кории МНХ-онлайн ва хазинаи шартан (вертуалӣ) бидуни иҷозати истеҳсолкунанда ё намояндаи ваколатдори он.
107. Хориҷ кардани МХТ аз феҳристи давлатӣ дар асоси қарори мақомоти ваколатдор амалӣ карда мешавад.
108. Дар давоми се рӯз пас аз санаи қабули қарор дар бораи хориҷ кардани МХТ аз феҳристи давлатӣ, мақоми ваколатдор дар ин бора ба МХТ огоҳинома мефиристад. Инчунин оператор дар муддати се рӯз ба субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, ки МХТ ва филиалҳояш ба онҳо хизматрасонӣ менамоянд, дар ин бора огоҳинома мефиристад.
109. МХТ-и аз феҳристи давлатӣ хориҷшуда, худи ҳамон рӯзи қабули огоҳинома дар сомонаи худ эълон ҷойгир намояд.
110. Баъди хориҷ гардидани МХТ аз феҳристи давлатӣ, МХТ бояд дар муддати панҷ рӯз ҳамаи модулҳои фискалии мавҷударо ба оператор баргардонад.
111. Субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, ки бо хизматрасонии техникии МНХ-онлайн машғул буда, аз феҳристи давлатӣ мутобиқи тартиби мазкур хориҷ карда шудаанд, аз ҳуқуқи бақайдгирӣ дар феҳристи давлатӣ маҳрум мегарданд.
112. Барои ба феҳристи давлатӣ ворид намудани филиалҳои минтақавии худ МХТ ба мақоми ваколатдор ва оператор барои бақайдгирӣ дархост пешниҳод менамояд, инчунин дар бораи мавҷудияти мутахассиси соҳибтахассус оид ба хизматрасонии кафолатнок барои МНХ-онлайн ва (ё) хазинаи шартан (вертуалӣ) дар филиали минтақавӣ тариқи электронӣ маълумот пешниҳод менамояд.