ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар ном ва матни қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009, №320 "Дар бораи Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таэквон-до" калимаи "таэквон-до" ба калимаи "якҳарба" ва калимаҳои "Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
2. Дар замимаи 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, № 257 "Дар бораи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" сархатҳои ҳафтум, ҳаштум, нуҳум, даҳум ва ёздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба бозиҳои даставӣ";
"Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои якҳарба";
"Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои варзиши обӣ";
"Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои теннис ва бадминтон";
"Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид кӯҳнавардӣ, шухмаймоӣ ва лижаронии кӯҳӣ".
3. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаҳои мазкурро ҳал намояд.
4. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро бо қарори мазкур мутобиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 сентябри соли 2021, № 424
ш. Душанбе