Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону ӯзбекистон" дар ноҳияи Қубодиён
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону ӯзбекистон" дар ноҳияи Қубодиён таъсис дода шавад.
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии "Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону ӯзбекистон" дар ноҳияи Қубодиёнро ҳал намояд.
3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Қубодиён масъалаи таъмини воҳидҳои кории Муассисаи давлатии "Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону ӯзбекистон" дар ноҳияи Қубодиёнро ҳал намояд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти хароҷоти нигоҳдории Муассисаи давлатии "Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону ӯзбекистон" дар ноҳияи Қубодиёнро дар соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин карда, дар солҳои минбаъда тибқи тартиби муқарраргардида ба ин мақсад маблағҳои заруриро дар буҷет пешбинӣ намояд.
5. Ба Номгӯйи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №148 "Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати бисту ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону ӯзбекистон" дар ноҳияи Қубодиён"".,
6. Бино ва иншооти Муассисаи давлатии "Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону ӯзбекистон" дар ноҳияи Қубодиён ба моликияти ҷумҳуриявӣ қабул гардида, ба тавозуни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
7. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 сентябри соли 2021, №419
ш. Душанбе