ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027
Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби сармояҳои шарикони рушд ҷиҳати амалисозии барномаи мазкур ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳамасола то 10 январ оид ба корҳои анҷомдодашуда ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни амалисозии барномаи мазкур ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 20 январ маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 сентябри соли 2021, №415
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Программе профилактики микронутриентной недостаточности и связанных с ней заболеваний среди населения Республики Таджикистан на 2022-2027 годы
В соответствии со статьей 16 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Программу профилактики микронутриентной недостаточности и связанных с ней заболеваний среди населения Республики Таджикистан на 2022-2027 годы и План мероприятий по реализации Программы профилактики микронутриентной недостаточности и связанных с ней заболеваний среди населения Республики Таджикистан на 2022-2027 годы (приложения 1 и 2).
2. Соответствующим министерствам и ведомствам и местным исполнительным органам государственной власти принять необходимые меры по реализации настоящей программы и плана мероприятий по её реализации в рамках ежегодно предусматриваемых средств государственного бюджета и привлечения инвестиций партнеров по развитию и ежегодно до 10 января представлять информацию о проделанной работе Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан.
3. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан ежегодно до 20 января представлять Правительству Республики Таджикистан информацию о ходе реализации настоящей программы и плана мероприятий по её реализации.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 30 сентября 2021 года, №415