Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, № 359 "Дар бораи Барномаи давлатии рушди минбаъдаи мамнӯъгоҳи табиии давлатии "Дашти Ҷум" барои солҳои 2021-2025"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии рушди минбаъдаи мамнӯъгоҳи табиии давлатии "Дашти Ҷум" барои солҳои 2021-2025

 Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии рушди минбаъдаи мамнӯъгоҳи табиии давлатии "Дашти Ҷум" барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи давлатии рушди минбаъдаи мамнӯъгоҳи табиии давлатии "Дашти Ҷум" барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин амалисозии Барномаи давлатии рушди минбаъдаи мамнӯъгоҳи табиии давлатии "Дашти Ҷум" барои солҳои 2021-2025-ро дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбинишавандаи буҷети давлатӣ ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин намояд.

3. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 10 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии рушди мамнӯъгоҳи табиии давлатии "Дашти Ҷум" барои солҳои 2021-2025 маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 сентябри соли 2021, № 359

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственной программе дальнейшего развития государственного природного заповедника "Дашти Джум" на 2021-2025 годы

В соответствии со статьей 11 Закона Республики Таджикистан "О государственных перспективах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Государственную программу дальнейшего развития государственного природного заповедника "Дашти Джум" на 2021-2025 годы и План мероприятий по реализации Государственной программы дальнейшего развития государственного природного заповедника "Дашти Джум" на 2021-2025 годы (приложения 1 и 2).

2. Комитету по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами, исполнительными органами государственной власти Хатлонской области и района Шамсидцин Шохин обеспечить реализацию Государственной программы дальнейшего развития государственного природного заповедника "Дашти Джум" на 2021-2025 годы в рамках ежегодно предусматриваемых средств государственного бюджета и других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан.

3. Комитету по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан ежегодно до 10 февраля представлять Правительству Республики Таджикистан информацию о ходе выполнения Государственной программы развития государственного природного заповедника "Дашти Джум" на 2021-2025 годы.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 2 сентября 2021 года, №359