ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2018, №399
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2018, №399 "Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- дар сутуни сеюми гурӯҳи молии 22 рақамҳои "15, 0,12", "20, 0,12", "15", "10, 0,12", "20, 0,12", "10, 0,1", "0,45", "0,5", "18", "18", "80, 2", "2" ва "15" мувофиқан ба рақамҳои "20, 0,17", "25, 0,17", "20", "15, 0,17", "25, 0,17", "15, 0,6", "0,50", "1", "23", "23", "85, 7", "7" ва "20" иваз карда шаванд;
- дар сутуни сеюми гурӯҳи молии 57 рақами "30" ба рақами "40" иваз карда шавад.
2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосноккунии таъсири паёмадҳои манфии воридоти обҳои ташнашикан ва нӯшокиҳои спиртӣ ба истеҳсолкунандагони ватанӣ ва бехатарии озуқаворӣ, инчунин таъсири паёмадҳои манфии воридоти қолинҳо ва дигар намудҳои рӯйпӯшҳои бофандагии рӯифаршӣ ба истеҳсолкунандагони ватаниро ҷиҳати ирсоли минбаъда ба котиботи Созмони умумиҷаҳонии Савдо ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои мустақил пешниҳод намоянд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи қабули қарори мазкур огоҳ намояд.
4. Қарори мазкур аз 1 сентябри соли 2021 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 сентябри соли 2021, № 368
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 8 августа 2018 года, №399
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. В приложение 1 постановления Правительства Республики Таджикистан от 8 августа 2018 года, №399 "О ставках ввозных таможенных пошлин Республики Таджикистан" внести следующие изменения:
- в третьем столбце товарной группы 22 цифры "15, 0,12", "20, 0,12". "15", "10, 0,12", "20, 0,12", "10, 0,1", "0,45", "0,5", "18", "18", "80, 2", "2" и "15" соответственно заменить цифрами "20, 0,17", "25, 0,17", "20", "15, 0,17", "25, 0,17", "15, 0,6", "0,50", "1", "23", "23", "85, 7", "7" и "20";
- в третьем столбце товарной группы 57 цифру "30" заменить цифрой "40".
2. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерству промышленности и новых технологий Республики Таджикистан, Комитету продовольственной безопасности при Правительстве Республики Таджикистан и Службе государственного санитарно-эпидемиологического надзора Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан представить обоснование влияния негативных последствий импорта безалкогольных и алкогольных напитков на отечественных производителей и продовольственную безопасность, а также влияния негативных последствий импорта ковров и прочих текстильных напольных покрытий на отечественных производителей для дальнейшей передачи в секретариат Всемирной Торговой Организации и Исполнительный комитет Содружества Независимых Государств.
3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке информировать секретариат Всемирной Торговой Организации и Исполнительный комитет Содружества Независимых Государств о принятии настоящего постановления.
4. Настоящее постановление ввести в действие с 1 сентября 2021 года.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 2 сентября 2021 года, №368