ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои миёнамуҳлат дар давраи солҳои 2021-2025 оид ба амалисозии Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, №679 "Дар бораи Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Нақшаи чорабиниҳои миёнамуҳлат дар давраи солҳои 2021-2025 оид ба амалисозии Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои миёнамуҳлат дар давраи солҳои 2021-2025 оид ба амалисозии Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025 чораҳои зарурӣ андешад.
3. Вазорату идораҳои дахлдор ҳамасола то 10 январ вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои миёнамуҳлат дар давраи солҳои 2021-2025 оид ба амалисозии Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025 ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
4. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамасола то 25 январ вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои миёнамуҳлат дар давраи солҳои 2021-2025 оид ба амалисозии Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20152025 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 августи соли 2021, № 336
ш. Душанбе
Замима
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Среднесрочном плане мероприятий на период 2021-2025 годы по реализации Стратегии развития платёжной системы Республики Таджикистан на 2015-2025 годы
В соответствии со статьей 14 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и во исполнение постановления Правительства Республика Таджикистан от 31 октября 2014 года, №679 "О Стратегии развития платёжной системы Республики Таджикистан на 2015-2025 годы" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Среднесрочный план мероприятий на период 2021-2025 годы по реализации Стратегии развития платёжной системы Республики Таджикистан на 2015-2025 годы (прилагается).
2. Национальному банку Таджикистана совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые меры по выполнению Среднесрочного плана мероприятий на период 2021-2025 годы по реализации Стратегии развития платёжной системы Республики Таджикистан на 2015-2025 годы.
3. Соответствующим министерствам и ведомствам ежегодно до 10 января представлять в Национальный банк Таджикистана информацию о выполнении Среднесрочного плана мероприятий на период 2021-2025 годы по реализации Стратегии развития платёжной системы Республики Таджикистан на 2015-2025 годы.
4. Национальному банку Таджикистана ежегодно до 25 января представлять в Правительство Республики Таджикистан информацию о выполнении Среднесрочного плана мероприятий на период 2021-2025 годы по реализации Стратегии развития платёжной системы Республики Таджикистан на 2015-2025 годы.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 27 августа 2021 года, №336
*Приложение