ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2023 № 332)
Мутобиқи моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Андозаи маблағ барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда шавад .
2. Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои тартиби мазкурро таъмин намоянд.
4. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳо оид ба таблиғ ва ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" ва тартиби мазкур чораандешӣ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 июли соли 2021, № 299
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Порядке прохождения военной службы в составе мобилизационного призывного резерва
(в редакции Пост. Правительства РТ от 31.07.2023 №332)
В соответствии со статьей 37 Закона Республики Таджикистан "О воинской обязанности и военной службе" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Размер средств для прохождения военной службы в составе мобилизационного призывного резерва установить 750 показателей для расчётов
2. Утвердить Порядок прохождения военной службы в составе мобилизационного призывного резерва (прилагается).
3. Министерству обороны Республики Таджикистан и Министерству финансов Республики Таджикистан обеспечить исполнение настоящего порядка.
4. Министерству обороны Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять меры для проведения работ на должном уровне по пропаганде и агитации Закона Республики Таджикистан "О воинской обязанности и военной службе" и настоящего порядка.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 30 июля 2021 года, №299