Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, № 574 "Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №451"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №451

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Банди 18 Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №451 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"18. Ҳангоми бемори бистарӣ ё дар қарантин будан, дар рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд будан, дар хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок қарор доштан, бо ҳукми (қарори) суд дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ нигоҳ доштан ва (ё) дар изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ қарор доштан, дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани соҳибкори инфиродӣ, фавти ӯ ва (ё) рух додани сӯхтор, офатҳои табиӣ ё ҷорӣ гардидани карантин дар маҳалли фаъолият, ки амалӣ намудани фаъолияти соҳибкориро ғайриимкон менамояд, дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда маблағи патент пардохт карда намешавад.".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 октябри соли 2020, № 574

ш. Душанбе