Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 272 "Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон "Шаҳнавоз"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон "Шаҳнавоз"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон "Шаҳнавоз" таъсис дода шавад.

2. Оиннома ва сохтори муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон "Шаҳнавоз" тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

3. Шумораи ниҳоии кормандони муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон "Шаҳнавоз" ба миқдори 65 воҳиди корӣ бо дар назар доштани ҳайати хизматрасони техникӣ муқаррар карда шавад.

4. Маблағгузории 19 воҳиди кории муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон "Шаҳнавоз" аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва воҳидҳои дигари корӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаи мазкур дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

5. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон "Шаҳнавоз" тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои бо бино, воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот ва дигар ашёи зарурӣ таъмин намудани муассисаи мазкурро ҳал намоянд.

6. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, № 428 "Дар бораи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағийру иловаи зерин ворид карда шаванд:

- сархати панҷуми замимаи 3 хориҷ карда шавад;

- ба замимаи 4 сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон "Шаҳнавоз".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 июни соли 2021, № 272

ш. Душанбе