ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои дигар бо тартиби муқарраргардида давра ба давра маблағгузории коркарду татбиқи технологияҳо, инчунин лоиҳаҳои инноватсионии дар стратегияи мазкур ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он пешбинишударо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои соҳаҳои маориф ва илм ҳамасола ба нақша гирифта мешаванд, маблағҳои махсуси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин намоянд.
3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои истеҳсолӣ, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ҳамкориро бо ташкилотҳои илмии ҷумҳурӣ тақвият дода, барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияҳои бавуҷудовардаи олимон, инчунин ихтирооти бо патент ва шаҳодатномаҳои муаллифӣ ҳифзшудаи онҳо чораҳои мушаххас андешанд.
4. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ҷиҳати амалӣ намудани стратегияи мазкур ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он, ҳамчунин назорати иҷрои онҳо ба зиммаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вогузор карда шавад.
5. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳар сол то 15 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараёни амалишавии стратегияи мазкур ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 июни соли 2021, № 263
ш. Душанбе