Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2021, № 263
Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 (минбаъд-Стратегия) мақсад ва вазифаҳои асосии рушди илм, технология ва инноватсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра муайян карда, самтҳои асосӣ ва чораҳои амалисозии сиёсати давлатиро дар ин соҳаҳо, инчунин натиҷаҳои чашмдошти амалисозии онро муқаррар менамояд.
2. Стратегия замина барои таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди якҷояи илм, технология ва инноватсия, инчунин коркарду татбиқи технология ва лоиҳаҳои нави инноватсионӣ дар иқтисодиёти кишвар мебошад.
2. ВАЗЪИ КУНУНИИ СОҲАИ ИЛМ ВА ҲАМОҲАНГСОЗИИ КОРҲОИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
3. Ба асри нав инсоният бо дастовардҳои назарраси илмӣ ва технологӣ ворид гардид, ки он тарзи ҳаётро ба куллӣ тағйир дода истодааст. Истифодаи самарабахши натиҷаҳои илми бунёдӣ ва амалӣ омили муҳимми рушди устувор дар ҳар як давлат мебошад. Вобаста ба ин, вазифаи муҳим барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани самт барои табдил додани илми ватанӣ ба омили муҳимми рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии кишвар, суръатбахшии неруи иқтисодии он, таъмини рақобатпазирии иқтисодиёт ва амнияти миллии давлат тибқи афзалиятҳои стратегии дарозмуддати ҷумҳурӣ мебошад.
4. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илм самти афзалиятнок ба шумор рафта, дар партави сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд меёбад. Давлат ва ҳукумат илмро меҳвари асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар намудани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судманд меандешанд.
5. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 ноябри соли 2020 шумораи кормандони дараҷаю унвонҳои илмидор, ки бевосита ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғуланд (яъне, дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ кор мекунанд), ҳамагӣ 4505 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 362 нафар доктори илм ва 839 нафар номзади илм мебошанд.
6. Дар соли 2019 дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар онҳо аспирантҳо ва докторантҳои PhD тайёр карда мешаванд, аз рӯйи 40 ихтисос миқдори аспирантҳо - 758 нафар, докторантҳои анъанавӣ - 43 нафар ва докторантҳои PhD 1091 нафарро ташкил медиҳанд, аспирантураро 393 нафар, докторантураи анъанавиро 13 нафар ва докторантураро 106 нафар хатм кардаанд.
7. Мувофиқи маълумоти Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати то 31 декабри соли 2020 бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ҳамагӣ 19 шӯрои диссертатсионӣ, аз ҷумла 10 шӯрои докторӣ ва 10 шӯрои номзадӣ амал мекарданд, аз ҷумла 1 шӯро оид ба илмҳои физика ва математика, 1 шӯро оид ба илми химия, 3 шӯро оид ба илмҳои тиббӣ, 1 шӯро оид ба илмҳои кишоварзӣ, 4 шӯро оид ба илмҳои филология, 2 шӯро оид ба илми таърих, 3 шӯро оид ба илмҳои педагогӣ, 1 шӯро оид ба илми фалсафа, 2 шӯро оид ба илмҳои иқтисодӣ.
8. То санаи 1 октябри соли 2020 бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 60 шӯрои диссертатсионӣ, аз ҷумла 30 шӯрои докторӣ ва 30 шӯрои номзадӣ амал мекарданд. Аз инҳо, дар самти илмҳои табиию риёзӣ ва техникӣ - 16 шӯро, илмҳои ҷамъиятию гуманитарӣ - 30 шӯро, илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ - 9 шӯро ва илмҳои байторӣ ва кишоварзӣ 5 шӯро мувофиқ меоянд. Аз шумораи умумии шӯроҳо ба муаасисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 48 шӯро ва ба муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ 12 шӯро рост меояд. Дифои рисолаҳо аз рӯйи 40 ихтисос, аз ҷумла дар соҳаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ аз рӯйи 22 ихтисос, дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ аз рӯйи 18 ихтисос ба роҳ монда шудааст.
9. Заминаи рушди илм, технология ва инноватсия дар ҷумҳурӣ инҳо мебошанд:
- ташкилотҳои илмии давлатӣ (академӣ, соҳавӣ ва донишгоҳӣ), ки ба фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ, омода кардани кормандони илмӣ машғуланд, ҳамчунин неруи кадрии ин ташкилотҳо, заминаи моддию техникӣ ва таҷрибавию конструктории онҳо;
- таҳқиқотҳои бунёдӣ ва амалӣ, низоми таҳсилоти олӣ;
- таҷрибаи мутамарказ гардонидани кӯшишҳо ба ҳалли масъалаҳои илмӣ, илмию техникӣ ва технологӣ;
- захираҳои бузурги табиӣ, энергетикӣ ва ғайра.
10. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар муассисаҳои илмии дахлдори зерин анҷом дода мешавад:
- Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муассисаи худидорашавандаи олии илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар фаъолияти худ масъалаҳои гузаронидан, инкишоф додан ва ҳамоҳанг сохтани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар ҷумҳурӣ, омӯзиши масъалаҳои муҳимми тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, афзун гардонидани самараи истифодаи дастовардҳои илмӣ, тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос, ҳамкории илм ва истеҳсолотро таъмин менамояд. Ба ҳайати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 25 муассисаи илмию таҳқиқотӣ дохил мешаванд. Дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон то 01 декабри соли 2020 ҳамагӣ 2059 нафар кор мекарданд, ки аз онҳо 1170 нафар кормандони илмӣ мебошанд. Аз шумораи умумии кормандони илмӣ 851 нафарро кормандони илмии бастӣ ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 156 доктори илм, 272 номзади илм ва 463 нафар кормандон бе дараҷаҳои илмӣ мебошанд;
- Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон муассисаи давлатии худидорашавандаи илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ, инкишофи таҳқиқоти бунёдӣ ва илмӣ дар соҳаи кишоварзӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмиро таъмин менамояд. Ҳоло дар сохтори Академия 11 муассисаи илмӣ фаъолият менамоянд. Муассисаҳои илмӣ дорои 24 филиал, стансия ва хоҷагиҳои таҷрибавӣ мебошанд. Дар муассисаҳои илмии Академия 1118 нафар корманд, аз ҷумла 540 ходими илмӣ, аз онҳо 32 доктор ва 122 номзади илм, аз он ҷумла 9 академик ва 4 аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ ба таҳқиқоти илмӣ фаъолият менамоянд;
- Академияи таҳсилоти Тоҷикистон гузаронидан ва ҳамоҳанг сохтани таҳқиқоти илмӣ доир ба педагогикаи умумӣ, назария ва методикаи таълими забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, назария ва методикаи таълим дар самтҳои дигари илми педагогикаро таъмин менамояд. Дар назди Академия 3 муассисаи илмӣ амал мекунанд, ки дар онҳо ҳамагӣ 141 нафар кормандони илмӣ, аз ҷумла 15 доктори илм, 14 номзади илм ба фаъолияти илмӣ машғуланд;
- муассисаҳои илмию таълимии тиббии тобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалиро дар соҳаи тиб таъмин менамоянд, фаъолияти илмиву таҳқиқотии академӣ ва донишгоҳии низоми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамоҳанг месозанд. Дар соҳаи тиб ҳоло 17 муассисаи илмию таълимӣ ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул мебошанд. Дар ин муассисаҳо ҳамагӣ 667 нафар корманди илмӣ, аз ҷумла 163 нафар доктори илмҳои тиббӣ ва 504 нафар номзади илмҳои тиббӣ фаъолият мекунанд. То 1 декабри соли 2020 дар ҷумҳурӣ шумораи докторони илми тиббӣ 170 нафар ва номзадҳои илми тиббӣ 721 нафарро ташкил медиҳад;
- дар бахши илми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳқиқот дар марказҳои илмӣ, иттиҳодияҳои илмию истеҳсолӣ ва пойгоҳҳо, парваришгоҳҳо, озмоишгоҳҳо ва кафедраҳо анҷом дода мешаванд. Таҳқиқоти илмӣ ва тайёр кардани кадрҳо ва мутахассисони илмӣ дар аксар мавридҳо дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии академӣ анҷом дода мешаванд;
- ба бахши соҳавии илм воҳидҳои илмию таҳқиқотии вазорату идораҳо дохил мешаванд, ки онҳо таҳқиқоти амалиро анҷом дода, тавсияҳои амалиро доир ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва татбиқи технологияҳои нав, истифодаи инноватсия дар иқтисодиёти миллӣ таҳия менамоянд.
11. Айни замон таҳқиқоти илмиро дар миқёси тамоми мамлакат Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг месозад, ки он дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2014, №173 амал мекунад. Дар Стратегия васеъ гардонидани мақоми Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ, аниқ кардани ваколат ва масъулияти он дар соҳаи интихоб ва ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ дар миқёси тамоми мамлакат пешбинӣ гардидааст. Ба он масъулияти на танҳо гузаронидани экспертизаҳо, интихоби лоиҳаву барномаҳо, балки баҳодиҳии аҳамияти илмии натиҷаҳои таҳқиқот ва самаранокии татбиқи амалиро низ вогузор кардан мебояд.
3. МУШКИЛОТИ МАВҶУДА ДАР СОҲАҲОИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
12. Айни замон пешрафти минбаъдаи илм ва саҳми он дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз бисёр ҷиҳат ба ҳалли саривақтии як қатор мушкилоти ҳалталаб вобаста мебошад, аз ҷумла дар чунин самтҳо:
- таъминоти молиявии соҳаи илм. Соҳаи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Бо вуҷуде, ки хароҷот ба илм ба таври доимӣ меафзояд (чунончи, дар соли 2020 дар қиёс бо соли 2015 ин хароҷот ба қадри 150 фоиз афзоиш ёфт), вале ба таври умум ҳиссаи хароҷот ба илм дар ҳисоб бо маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи паст қарор дорад. Ҳаҷми умумии маблағгузории соҳаи илм дар соли 2020 ҳамагӣ 120625226 сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо давлатҳои пешрафта нисбатан паст аст;
- таъминоти моддиву техникии муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Заминаи моддиву техникӣ, хусусан таҷҳизот ва асбобҳои илмӣ барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ беҳбудиро тақозо мекунад. Айни замон барои харидорӣ намудани таҷҳизоти муосири озмоишгоҳӣ маблағ нокифоя мебошад. Дар натиҷа, сатҳу сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ барои ноил шудан ба дастовардҳои боз ҳам назаррас имконият намедиҳад;
- ташаккули заминаи муосири иттилоотии илм. Таҷрибаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад, ки бе истифодаи технологияҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ рушди илм ва ба вуҷуд овардани технологияҳои қобили рақобат ва истифодаи онҳо дар амал имкон надорад. Гарчанде айни замон муассисаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, муассисаҳои илмии соҳавӣ, кафедраҳо ва озмоишгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо техникаи компютерӣ ба таври кифоя муҷаҳҳаз гардонида шуда, бо интернет пайваст шуда бошанд ҳам, суръати ташаккули инфрасохтори муосири иттилоотӣ дар ин муассисаҳо беҳбудӣ мехоҳад;
- тайёр кардани кадрҳои илмии тахассуси олии касбӣ. Дар муассисаҳои илмӣ олимони дараҷаи илмидошта тақрибан 50 фоизро ташкил медиҳанд, ки барои беҳтар намудани сифату самаранокии корҳои илмию таҳқиқотӣ басанда нест. Нокифоя будани шароити лозимии моддию иҷтимоии кормандони илмӣ, аспирантон, магистрону докторантон барои ҷалб намудани мутахассисони ҷавони лаёқатманд ба корҳои илмӣ баъзе мушкилиҳо эҷод менамояд. Норасоии мутахассисон дар чунин самтҳои илм, мисли сейсмология, технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, энергетика, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия, экология, вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, геронтология, андрология, осебшиносӣ, наркология, нефрология, офталмология, трансплантология, ҷарроҳии дилу рагҳо, мантиқ ва методологияи илм, онтология ва гноселогия, этика, эстетика, сотсиология, ҳуқуқи байналхалқӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва ғайра мушоҳида мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби набудани миқдори зарурии кадрҳои илмии дараҷаҳои илмидор дар аксари ин самтҳо шӯроҳои диссертатсионӣ низ таъсис дода нашудаанд;
- ҳамгироӣ (интегратсия)-и зарурии илм ва маориф. Яке аз омилҳои муҳимтарини баланд бардоштани самаранокии тайёр кардани кадрҳои илмӣ, истифодаи заминаи илмиву таҷрибавии муассисаҳои академӣ дар раванди таҳсил ва баланд бардоштани сатҳи таҳқиқоти илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамгироии илм ва маориф мебошад. Вале бояд зикр намуд, ки неруи илмии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, муассисаҳои илмию таълимии тиббии тобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои илмии соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳоло бо мақсади муттаҳид кардани қувва ва захираҳо барои тайёр кардани кадрҳои тахассуси олӣ ва мутахассисон дар соҳаи илмӣ ва илмиву технологӣ, истифодаи муштараки заминаи илмиву таҷрибавии бахшҳои академӣ ва соҳавӣ, дар равандҳои таҳқиқотӣ ва таълимӣ ба қадри зарурӣ ҳамгиро карда нашудаанд;
- мутамарказгардонии неруи илмӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат. Баъзе аз таҳқиқоти илмӣ, ки доир ба самтҳои гуногуни илмӣ бурда мешаванд, бо кадрҳои илмӣ ба миқдори кофӣ таъмин нагардидаанд. Банақшагирии корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ эҳтиёҷ ба такмили минбаъда дорад. Неруи илмӣ ҳоло ба дараҷаи зарурӣ ба ҳалли масъалаҳои афзалиятдоштаи илм ва рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мутамарказ гардонида нашудааст, ки дар ин бобат суст будани фаъолият ҷиҳати ташаккул ва таҳияи барномаҳои маҷмӯӣ ва мақсадноки илмӣ ва илмию техникӣ шаҳодат медиҳад;
- робитаи илм бо истеҳсолот. Ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳои истеҳсолӣ, бахши хусусӣ ва соҳибкорон ҷиҳати татбиқи дастовардҳо дар соҳаи илм, технология ва инноватсия дар сатҳи зарурӣ қарор надорад. Ҳамкории илм бо истеҳсолот нокифоя буда, дархостҳо ба натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ аз тарафи истеҳсолот пешниҳод карда намешаванд, гузариши соҳаҳои илм ва технология ба роҳи инноватсионии рушд хеле суст аст;
- сатҳи фаъолияти инноватсионӣ. Яке аз шартҳои муҳимми рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи технологияҳои инноватсионии муосир дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва соҳаҳои дигар бо истифодаи васеи дастовардҳои илм ва техника, яъне гузариш ба роҳи инноватсионии рушд мебошад. Вале барои гузариш ба роҳи нави рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе масъалаҳои дар сатҳи зарурӣ ҳалношуда боқӣ мондаанд. Аз ҷумла, аз як тараф, муайян набудани механизми дар амал татбиқ намудани миқдори зиёди ихтирооте, ки бо патент ва шаҳодатномаҳои муаллифӣ ҳифз карда шудаанд, аз тарафи дигар, талабгорӣ надоштани ин дастовардҳои илмӣ аз ҷониби бахши соҳибкории иқтисодиёт, бо вуҷуди мавҷуд будани эҳтиёҷоти зиёд ба технологияи нав ва маҳсулоти нав. Масъалаи дигар рушд накардани инфрасохтори инноватсионӣ, яъне ширкату ташкилот ва субъектҳои дигари хоҷагидоре, ки фаъолияти онҳо ба мусоидат ҷиҳати рушди илм, техника ва технология, ҳамчунин моддигардонӣ ва тиҷоратигардонии молу маҳсулот ва технологияҳои нав нигаронида шуда бошад. Масъалаи асосие, ки ба рушди фаъолияти инноватсионӣ мусоидати бевосита расонида метавонад, ин ба вуҷуд овардани низоми миллии дастгирии инноватсияҳо, рушди технологияҳо, навсозии истеҳсолот дар асоси коркардҳои нави илмию техникӣ мебошад, ки гузариши иқтисодиёти кишварро ба роҳи инноватсионии рушд таъмин карда метавонад;
- сатҳи ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ. Дар солҳои охир робитаҳои илмии олимони Тоҷикистон хеле густариш ёфт. Аммо, новобаста ба миқдори зиёди шартномаву созишномаҳои басташуда оид ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои илм ва технология, самаранокии амалишавии онҳо ба қадри назаррас баланд нест ва беҳбудӣ мехоҳад.
13. Вазъи кунунӣ ва масъалаҳои мавҷуда дар соҳаи илм, ки асос барои рушди минбаъдаи инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, зарурати таҳия ва қабули чорабиниҳоро доир ба дастгирии давлатӣ ва рушди илм тақозо дорад, ки амалисозии онҳо бояд таъсири неруи илмиро ба рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, рушди маориф ва фарҳанг ба қадри назаррас тақвият дода, барои комёб гардидан ба мақсадҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мусоидат намояд.
4. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ СТРАТЕГИЯ
14. Мақсади Стратегия муайян кардани роҳҳои самарабахши рушди минбаъдаи илми ватанӣ, таъмини рақобатпазирии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, ба вуҷуд овардани технологияҳои рақобатпазир, суръатбахшии истифодаи амалии онҳо ба манфиати рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, эҳтиёҷот ба коркардҳои илмӣ ва технологияҳо аз тарафи истеҳсолот, тиҷорат, корфармоён, ташаккули инфрасохтори инноватсионӣ, ҳамчунин амнияти шахсият, ҷамъият ва давлат мебошад.
15. Барои муваффақ шудан ба мақсадҳои дар банди 14 Стратегия пешбинишуда ҳал кардани вазифаҳои асосии зерин зарур аст:
- муҳайё намудани шароити мусоиди ташкилию ҳуқуқӣ барои анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, мутобиқ гардонидани ташкилотҳои илмӣ ба иқтисодиёти инноватсионӣ;
- мукаммалгардонии заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти илмӣ, илмию технологӣ ва илмию инноватсионӣ, фаъолият оид ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва техникӣ;
- баланд бардоштани самаранокии истифодаи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;
- истифодаи самараноки маблағҳои Фонди Президентии таҳқиқоти бунёдӣ дар самти таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, коркардҳои илмӣ, ба вуҷуд овардани технологияҳои нав ва маҳсулоти инноватсионӣ;
- муҳайё намудани шароит барои ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия;
- ташаккули инфрасохтори инноватсионӣ ва дастгирии фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаҳои илм ва технология, фароҳам овардани шароит барои тиҷоратӣ (коммерсиализатсия) кардани натиҷаҳои таҳқиқот;
- таҳкими заминаи моддиву техникии таҳқиқоти илмӣ бо дарназардошти ташаккули шабакаи марказҳои илмии истифодаи муштарак;
- ба манфиати рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар мутобиқ намудани мавзӯъ (лоиҳа)-ҳои илмию таҳқиқотӣ;
- дар доираи воҳидҳои кории мавҷуда таъсиси озмоишгоҳҳои нави илмию таҳқиқотии муҷаҳҳаз бо асбобу таҷҳизоти илмии муосир ва ҷавобгӯй бо стандартҳои ҷаҳонӣ барои анҷом додани таҳқиқот дар як ё якчанд самтҳои афзалиятдоштаи рушди илм, технология ва инноватсия ва амалисозии барнома (лоиҳа)-ҳои стратегии аҳамияти миллидошта;
- таҳкими бахши илмию таҳқиқотии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
- ҳамгироӣ (интегратсия)-и бахшҳои илмҳои академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
- муайян намудани механизмҳои ҳамкории ташкилотҳои илмӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ оид ба татбиқи ихтирооти бо патент ва шаҳодатномаҳои муаллифӣ ҳифзшуда, коркардҳои нави илмӣ, технологияҳо ва маҳсулоти инноватсионӣ дар истеҳсолот;
- ба вуҷуд овардани механизми ҷалби мутахассисони ҷавон ба фаъолияти илмӣ ва фаъолияти инноватсионӣ (ҷорӣ кардани грантҳои махсус барои олимони ҷавон, ҳавасмандгардонии онҳо, додани қарзи давлатии ипотекӣ барои мутахассисони ҷавон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия, пешниҳоди маблағгузории венчурӣ барои амалисозии коркардҳои илмии онҳо);
- дар асоси озмун дастгирӣ намудани барномаҳои миёнамуҳлати рушди муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
- мусоидат ба баланд бардоштани сифати менеҷмент дар ташкилотҳои илмӣ барои амалисозии лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таъмини ҳамкории самарабахш бо тиҷорат;
- инкишоф додани инфрасохтори иттилоотии муосир дар асоси истифодаи технологияҳои пешрафтаи иттилоотиву коммуникатсионӣ;
- тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии илмию техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии онҳо;
- рушди илмҳои ҳарбӣ ва гузоштани замина барои таъсиси комплекси саноати ҳарбӣ.
5. САМТҲОИ АСОСИИ АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯ
§1. Самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия
16. Муҳимтарини самтҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм ва технология инҳо мебошанд:
- рушди илми бунёдӣ, таҳқиқотҳои амалӣ ва коркардҳо;
- мукаммалсозии танзими давлатӣ дар соҳаи рушди илм ва технология;
- ташаккули низоми миллии инноватсионӣ;
- баланд бардоштани самаранокии истифодаи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию технологӣ дар рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар;
- ҳифз ва рушди неруи кадрии комплекси илмию техникӣ;
- ҳамгиро кардани илм, таҳсилот ва истеҳсолот;
- рушди ҳамкориҳои байналмилалии илмию техникӣ.
§2. Самтҳои асосии рушди илм, технология ва инноватсия
17. Дар муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мактабҳои илмии эътирофи ҷаҳонӣ пайдокарда дар чунин самтҳои илм, чун математика, астрофизика, физика, асосҳои химиявӣ ва технологии истифодаи захираҳои ашёи хом, геология, сейсмология, омӯзиши флора, фауна ва захираҳои биологӣ, физиология ва биохимияи растаниҳо, ҷарроҳӣ, асабшиносӣ, кардиология, оториноларингология, гастроэнтерология, психиатрия ва наркология, генетика ва селексияи пахта ва зироатҳои дигари кишоварзӣ, усулҳои интегратсионии мубориза бар зидди зараррасонандаҳои кишоварзӣ, хокшиносӣ ва агрохимия, иқтисодиёт, таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносӣ, фалсафа, забон ва адабиёти тоҷик мавҷуданд.
18. Айни замон бо дарназардошти суръати фавқулода баланди рушди илми ҷаҳонӣ зарур аст, ки самтҳои стратегӣ ва афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳури Тоҷикистон аниқ ва ба талаботи муосири илми ватанӣ ва ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шаванд. Дар ин асос дар ояндаи наздик ба сифати самтҳои стратегии рушди илм ва таҳқиқоти илмӣ чаҳор ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як ҳадафи иловагӣ пазируфта мешаванд:
- расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистон;
- таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон;
- раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ;
- саноатигардонии босуръати Тоҷикистон;
- амнияти шахс, ҷомеа ва давлат.
§3. Самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ
19. Самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраҳои муайян аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон муайян карда мешавад. Самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2020, №503 тасдиқ шудааст, ки инҳо мебошанд:
- масъалаҳои бунёдӣ ва амалии риёзиёт, табиатшиносӣ ва ҷаҳонбинии илмии табиатшиносӣ, амнияти ядроӣ, химиявӣ ва биологӣ, истифодаи кайҳон ва энергияи атом бо мақсадҳои осоишта, инноватсия, нанотехнология, технологияҳои коркарди маводи нави функсионалӣ ва иқтисоди рақамӣ, мошинсозӣ, моделсозии математикӣ, лингвистикаи компютерӣ, ақли сунъӣ, роботсозӣ, дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин;
- саноатикунонии босуръат, таҷдиди васеъ ва босуръати иқтисодиёт бо мақсади гузариш аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноатӣ, ташаккул ва истифодаи технологияҳои нави истеҳсолӣ, тақвияти истифодаи намудҳои гуногуни энергия, таҷдиди самаранок ва тақвияти инфрасохтори мавҷудаи саноатӣ ва роҳҳои интиқоли захираҳо ба соҳаи саноат;
- иктишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои обӣ, масъалаҳои энергетика, сарфаи энергия ва захираҳо, манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, коркарди канданиҳои фоиданок, мавод ва технологияҳои нав;
- гуногунии биологӣ, биотехнология, тағйирёбии иқлим, пиряхшиносӣ, коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла сейсмикӣ;
- тиб, дорушиносӣ, дорусозӣ, таҷҳизот ва технологияҳои тиббии ташхису табобат, коҳиши сатҳи талафот аз бемориҳои дорои моҳияти иҷтимоӣ;
- системаҳои нақлиётӣ-логистикӣ, технологияҳои инноватсионии рушди онҳо ва тақвияти иқтидори транзитии кишвар;
- рушди инноватсионии кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои замин, амнияти озуқаворӣ, ғизои хушсифат, экология, ҳифзи муҳити зист, селексияи зироатҳои кишоварзӣ, муҳофизати растаниҳо;
- иқтисодиёт, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, рушди низоми самараноки андоз ва андозбандӣ, иттилоотикунонӣ, ҳукумати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ;
- масъалаҳо вобаста ба сулҳу ваҳдат, манфиатҳои муҳимми миллӣ, амнияти иттилоотӣ, таърихи халқи тоҷик, забон, адабиёт, фарҳанг, масъалаҳои ҳуқуқшиносӣ, рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, сиёсати хориҷӣ, таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ: кибертерроризм, киберҷиноятҳо, аз байн бурдани хурофот, ифротгароии динӣ ва терроризм;
- маориф ва фарҳанги миллӣ, ташаккули низоми самараноки тайёр кардани кадрҳои ба рушди неруи инсонӣ, ҷомеа, давлат ва иқтисодиёт мусоидаткунанда ва дар сатҳи ҷаҳонӣ рақобатпазир.
6. МАҶМӯИ АМАЛҲОИ МУСОИДАТКУНАНДА БА РУШДИ СОҲАҲОИ ИЛМ, ТЕХНОЛОГИЯ ВА ИННОВАТСИЯ
§1. Мутамарказгардонии неруи илмию технологӣ ба рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат
20. Неруи илмӣ ва технологии мамлакат дар ояндаи наздик бояд дар чунин самтҳо ба рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат мутамарказ гардонида шавад:
1) гидроэнергетика, энергетикаи таҷдидшаванда, энергияи сабз, захираҳои обию энергетикӣ:
- таҳқиқу татбиқи масъалаҳои рушди минбаъдаи гидроэнергетика, истифодаи оқилонаи захираҳои об;
- ба вуҷуд овардани технологияҳои инноватсионии сарфаи энергия;
- таҳқиқ ва татбиқи манбаъҳои ғайрианъанавии аз нигоҳи экологӣ тозаи барқароршавандаи энергия (энергияҳои офтоб, шамол, энергияи дарёҳои хурд, манбаъҳои геотермалӣ ва биомасса);
2) комплекси саноатӣ ва ашёи хоми маъданӣ, ба вуҷуд овардани маводи нав ва технологияҳои муосир:
- усулҳои нави химиявию физикии ба вуҷуд овардани маводи нав, коркард ва дар саноат истифода кардани технологияҳои муосир;
- иктишоф ва коркарди канданиҳои фоиданоки кишвар;
- усулҳои истифодаи самаранок ва барқарорсозии захираҳои табиӣ;
- коркарди технологияҳои коркарди навъҳои гуногуни ашёи хоми кишоварзӣ;
- ба вуҷуд овардан ва истифода кардани технологияҳои коркарди комплексии захираҳои ашёи хоми маъданӣ;
3) таҳқиқи кайҳон ва энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта:
- таҳқиқи равандҳои физикӣ дар атмосфера;
- таҳқиқи нурҳои кайҳонӣ ва энергияи фавқулбаланд;
- таҳқиқи табиат ва пайдоиши ҷисмҳои хурди системаи Офтоб ва радифҳои сунъии Замин;
- коркарди моделҳои ҳаракати объектҳои наздизаминии эҳтимолан хавфнок дар асоси мушоҳидаҳои астрономӣ;
- омӯзиш, таҳқиқ ва истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта;
- омӯзиши ва таҳқиқи маводи радиоактивӣ;
4) кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ ва таъмини озуқаворӣ:
- гуногунии биологӣ ва экосистемаҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ба онҳо;
- захираҳои генетикӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ барои ихтирои навъҳои нави зироатҳои кишоварзии мутобиқ ба шароити иқлими Тоҷикистон;
- селексияи навъу дурагаҳои тезпазу серҳосили зироатҳои кишоварзии ба касалию зараррасонҳо устувор дар шароити тағйирёбии иқлим;
- коркард ва такмили технологияи бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ;
- коркард ва татбиқи усулҳои биотехнологӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
- ба вуҷуд овардани зоту типҳои сермаҳсули чорвои кишоварзии ба тағйирёбии иқлим мутобиқ;
- татбиқи усулҳои инноватсионии мубориза бар зидди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ;
- омӯзиши манбаъҳои табиии барангезандагони паҳнкунандаи бемориҳои трансмиссивӣ ва паразитии одаму ҳайвонот;
- таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ ва ташкили кластерҳои соҳавӣ;
5) тандурустӣ, фарматсия, дорушиносӣ, кори табобатӣ, гигиена ва эпидемиология:
- эпидемиология, пешгирӣ ва табобати бемориҳои сирояткунанда;
- пешгирӣ ва табобати бемориҳои дилу paг, эндокринӣ, онкологӣ, гастроэнтерологӣ ва касбӣ, сил, нашъамандӣ, бемориҳои ба воситаи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, вируси норасоии маснуъияти одам (ВНМО);
- коркарди доруҳои нави табобатӣ ва иммунобиологӣ, аз ҷумла аз гиёҳҳои шифобахши маҳаллӣ;
- ба вуҷуд овардани технологияҳои нави табобатӣ, ташхисӣ, профилактикӣ ва офиятбахшӣ (реабилитатсионӣ), асбоб ва маснуоти таъиноти тиббӣ;
- коҳиши сатҳи талафот аз бемориҳои дорои моҳияти иҷтимоӣ;
6) тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва экология, бехатарии сейсмикӣ, амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ:
- омӯзишу таҳқиқи вазъи пиряхҳои Тоҷикистон ва мониторинги онҳо;
- мониторинги муҳити зист, таҳияи чорабиниҳо оид ба барқарор ва ҳифзи табиат;
- коркарди технологияҳои тоза кардани обҳои равон, безараргардонии партовҳо ва бетаъсиргардонии партовҳои корхонаҳои саноатӣ;
- таҳлили тағйироти иқлим, таъсироти антропогенӣ ва техногенӣ ба гуногуншаклии биологӣ, низоми табииву экологӣ ва кишти зироатҳои кишоварзӣ;
- мониторинги гуногуншаклии биологӣ ва амнияти биологӣ;
- мониторинги радиатсионӣ ва амнияти радиатсионии аҳолӣ ва муҳити зист;
- мониторинги ҳолати сейсмологӣ, коркарди усулҳои пешгӯӣ кардани заминларзаҳо, таъмини бехатарии сейсмикӣ, истифодаи технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсионӣ барои ба даст даровардани иттилооти бефосила ва зуди сейсмологӣ;
7) иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва маънавиёт:
- ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ, иқтисодиёти рақамӣ ва "иқтисодиёти сабз";
- демографияи инноватсионӣ, сармояи инсонӣ;
- рушди забон, адабиёт, фарҳанг ва таърихи халқи тоҷик;
- рушди ҳуқуқ, давлатдорӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон;
- ҷаҳонбинии фалсафӣ ва асосҳои мантиқию методологии пешрафти ҷамъиятӣ ва устувории иҷтимоӣ, рушди шахсият, фарҳанг ва маориф, ташаккули ғояи ҷомеаи тоҷикистонӣ;
- омӯзишу таҳқиқу масъалаҳои алоқаманд ба мубориза бо экстремизм, терроризм ва кибертерроризми байналмилалӣ, инчунин ифротгароии динӣ;
- амнияти миллӣ, сулҳу субот ва масъалаҳои байналмилалӣ;
8) бахши илм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ:
- таҳқиқи масъалаҳои марбут ба методикаи таълим, педагогика, психология, гносеология, этика, эстетика ва ғайра;
- тарбия ва такмили ихтисоси кадрҳои илмиву омӯзгории тaxaccycи олӣ.
§2. Баланд бардоштани сатҳи фаъолияти инноватсионӣ ва дастгирии минбаъдаи он
21. Барои баланд бардоштани сатҳи фаъолияти инноватсионӣ дар Стратегия вазифаҳои зерин пешбинӣ мегарданд:
- ташаккули инфрасохтори инноватсионӣ дар шакли марказҳои инноватсионӣ-технологӣ, технопаркҳо, бизнес-инкубаторҳо, марказҳои трансфери технологияҳо ва монанди ин ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо;
- муайян кардани механизмҳои ҳамкорӣ байни иштирокчиёни раванди инноватсионӣ, аз ҷумла ташкили ҳамкории ташкилотҳои давлатии илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо корхонаҳои саноатӣ бо мақсади татбиқи технологияҳо дар истеҳсолот ва баланд бардоштани тахассуси истеҳсолотчиён;
- зиёд кардани маблағгузории давлатии буҷетӣ ва бахши хусусӣ ба корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ, ба вуҷуд овардани технологияҳо ва маҳсулоти инноватсионӣ;
- муайян кардани механизми татбиқи ихтирооти бо патент ё шаҳодатномаи муаллифӣ ҳифзшуда;
- муайян кардани воситаҳои ҳавасмандгардонии муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва тиҷорат дар соҳаи инноватсия бо мақсади таъмини ҳамкории тиҷорат ва илм;
- ҳал кардани масъалаҳои алоқаманд ба ҳуқуқҳо ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, ҳамчунин объектҳои фаъолияти зеҳнӣ ба таври ҳуқуқӣ;
- дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти ихтироъкорӣ ва корҳои патентиву литсензионӣ.
§3. Тайёр кардани кадрҳо дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия
22. Барои тайёр кардани кадрҳо, нигаҳдорӣ ва рушди неруи кадрӣ дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия бояд чораҳои мушаххас андешида шаванд, аз ҷумла:
- муҳайё кардани шароити иқтисодию иҷтимоӣ барои ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба соҳаҳои илму технология, бо дарназардошти муайян кардани грантҳои махсус, ҳамчунин ташкил намудани коромӯзии онҳо дар хориҷи кишвар;
- тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар хориҷи кишвар аз рӯйи ихтисосҳое, ки имконияти тайёр кардани онҳо дар дохили кишвар вуҷуд надорад;
- таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи корҳои илмӣ аз рӯйи он ихтисосҳое, ки барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмию технологӣ ва муҳандисӣ заруранд;
- ташкили озмуну олимпиадаҳо байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар самти илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, тиббӣ, техникӣ ва ғайра.
23. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд ба барномаҳои инноватсионии рушди илм ва ба вуҷуд овардани технологияҳо диққати махсус дода шавад, то ки муҳандисонтехнологҳо, лоиҳакашон, мутахассисон дар соҳаи менеҷменти инноватсионӣ тайёр карда шаванд ва онҳо тавонанд дар сатҳи баланди касбӣ ба фаъолияти инноватсионии соҳибкорӣ машғул шаванд.
§4. Ҳамгироии бахшҳои илмҳои академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ
24. Ҳамгироии бахшҳои илмҳои академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ омили муҳимми нигаҳдорӣ ва рушди самарабахш неруи кадрии илмӣ, ташаккули заминаи илмию таҷрибавии онҳо, ҳамчунин рушди таҳқиқоти илмӣ дар ин бахшҳо мебошад.
25. Дар самти ҳамгироии бахшҳои илмҳои академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ корҳои зерин анҷом дода мешаванд:
- ташкил ва анҷом додани таҳқиқоти муштарак оид ба масъалаҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодии кишвар аз рӯйи самтҳои стратегии давлатӣ ва самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ;
- анҷом додани корҳои муштараки илмию таҳқиқотӣ аз рӯи барномаҳои давлатӣ ё шартномаҳои ҳамкорӣ, лоиҳаҳои муштарак аз рӯи грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва аз рӯи фармоиши вазоратҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо дар асоси бастани шартномаҳо бо хоҷагиҳо;
- ташаккул ва дастгирии фаъолияти сохторҳои илмию таҳсилотии ҳамгирошуда (аз ҷумла, академию донишгоҳӣ), марказҳои илмию таълимӣ ва истеҳсолӣ (аз ҷумла, инноватсионӣ) бо мақсади тайёр кардани кадрҳо дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия;
- коркард ва татбиқи технологияҳои муосири иттилоотию телекоммуникатсионӣ дар равандҳои илмӣ ва таълимӣ;
- истифодаи муштараки заминаи илмӣ, таҷҳизотӣ, таҷрибавию конструктории бахшҳои илми академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҳамчунин технологияҳо дар равандҳои илмию таълимӣ ва истеҳсолӣ;
- ҷалби кормандони пешбари илмии академӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои анҷом додани таҳқиқоти муштарак, хондани лексияҳо ва роҳбарӣ ба магистрантҳо, аспиранту докторантҳо, инчунин таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ;
- ҷалби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаҳои илмии академӣ барои коромузӣ ва омӯзиши технологияҳои бавуҷудовардашуда.
§5. Рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ
26. Самаранокии таҳқиқоти илмӣ ва афзалиятҳои он, рақобатпазирии коркардҳои олимон аз бисёр ҷиҳат ба ҳолат ва такмилдиҳии заминаи моддиву техникӣ, таъмини муҳаққиқон бо навтарин асбобу таҷҳизот, мунтазам нав ва пурра кардани маҷмӯи асбобу таҷҳизоти илмӣ, таъминот бо моддаву маҳлулҳои химиявию биологӣ ва монанди инҳо вобаста мебошад. Вобаста ба ин, дар Стратегия қабули Барномаи рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмӣ пешбинӣ мешавад, ки тибқи он чорабиниҳо доир ба модернизатсия ва таъминоти техникии ташкилотҳои илмӣ таҳия гардида, номгӯи онҳо, марҳилаҳои иҷро, ҳаҷм ва манбаъҳои маблағгузорӣ муайян карда мешаванд.
§6. Рушди заминаи итилоотиву коммуникатсионӣ дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия
27. Бо мақсади ташаккули заминаи иттилоотиву коммуникатсионии илм андешидани якчанд тадбирҳо оид ба пешбурди таҳқиқоти илмӣ дар сатҳи муосир пешбинӣ карда мешавад. Аз ҷумла, ташаккули шабакаи иттилоотӣ бо пайвастан ва ба шабакаи байналмилалии иттилоотии интернет баромадани ҳамаи муассисаҳои илмию таҳқиқотии мамлакат идома дода мешавад. Дар натиҷа ба гирифтани иттилооти илмӣ аз давлатҳои дигар, марказҳои илмӣ, китобхонаҳо ва монанди инҳо имконият фароҳам меояд. Ҳамчунин, таъсиси китобхонаҳои махсусгардонидашудаи электронӣ, маҷаллаҳои электронӣ ва базаҳои иттилоотии маълумот доир ба самтҳои алоҳидаи илм дар назар аст.
28. Дар амалия татбиқ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии насли нав, хусусан технологияҳои рақамӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисосро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ талаб мекунад.
29. Ба мақсади дар сатҳи стандартҳои муосир таъмин намудани нашри асарҳои илмӣ, модернизатсияи муассисаи нашриявии "Дониш"-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бо таҷҳизоти муосири техникию технологӣ таъмин намудани он пешбинӣ карда мешавад.
§7. Рушди ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ, илмию технологӣ ва илмию инноватсионӣ
30. Муҳимтарин вазифа дар ин самт ба вуҷуд овардани шароит ва воситаҳо барои рушди ҳамкории судманди байналмилалӣ дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия мебошад. Барои амалӣ кардани вазифаи мазкур дар Стратегия ҳалли масъалаҳои зерин пешбинӣ мегардад:
- дастгирии давлатии ҳамкории байналмилалӣ ва мақсади амалисозии лоиҳаҳои инноватсионӣ, самтҳои афзалиятдоштаи рушди илм ва технология;
- фароҳам овардани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати танзими воридоти сармояи хориҷӣ ба соҳаи илми ватанӣ;
- тартиби интиқоли натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;
- истифодаи ҳамкории байналмилалӣ барои тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар соҳаи илми ватанӣ;
- рушди робитаҳои илмӣ ва илмию техникӣ бо давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷаи дур, фароҳам овардани фазои ягонаи илмӣ, илмию техникӣ ва иттилоотӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
- тиҷоратигардонии дастовардҳои илмӣ ва технологӣ, тавсеаи амалияи тайёр кардани мутахассисон дар муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ.
31. Дар натиҷаи амалисозии ин чорабиниҳо имконияти иштироки олимони Тоҷикистон дар баргузории таҳқиқоти муштарак бо олимони хориҷа аз рӯйи лоиҳаву барномаҳои байналмилалӣ, истифодаи заминаи муосири таҷрибавӣ ва таҳҷизотии марказҳои илмии хориҷӣ, таҳсил ва такмили ихтисоси олимони ҷавон ба таври назаррас тавсеа меёбад. Намояндагии васеъи олимони Тоҷикистон дар конференсияҳо ва чорабиниҳои дигари илмӣ дар давлатҳои хориҷӣ ва баргузории онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баромади мамлакати мо ба фазои байналмилалии илм, таҳкими афзалиятҳои дастовардҳои олимони тоҷик ва ба даст овардани иттилооти зарурӣ доир ба комёбиҳо ва равишҳои рушди илм дар ҷаҳон мусоидат менамояд.
7. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ РУШДИ СОҲАҲОИ ИЛМ, ТЕХНОЛОГИЯ ВА ИННОВАТСИЯ
32. Давлат барои рушди минбаъдаи соҳаҳои илм, технология ва инноватсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам меоварад.
33. Муҳимтарин ҷузъҳои ислоҳоти низоми идораи соҳаи илм такмили заминаҳои қонунгузорӣ, заминаи меъёрии ҳуқуқии илм, механизмҳои маблағгузорӣ, ташкили таҳқиқот, сиёсати андоз ва дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи илм мебошанд, аз ҷумла:
- коркард ва амалисозии механизми фармоиши давлатӣ ба таҳқиқоти илмӣ;
- таъмини манбаъҳои гуногуни маблағгузории корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ аз ҳисоби дастгирии фаъолонаи онҳо бо фондҳои мақсадноки давлатӣ;
- ба вуҷуд овардани шароити мусоид бораи сармоягузорӣ ба маблағҳои корхонаҳои саноатӣ, бонкҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва соҳибкорон ба соҳаҳои илм ва технология;
- тариқи озмун тақсимбандӣ кардани маблағҳо ба лоиҳа (мавзӯъ)-ҳои илмӣ;
- ба вуҷуд овардани шароит ва фароҳам намудани захираҳои зарурӣ барои иштироки олимони Тоҷикистон дар лоиҳаҳои байналмилалӣ;
- фароҳам овардани шароит барои фаъолияти иттиҳодияҳои илмии ҷамъиятӣ.
8. ТАЪМИНИ МОЛИЯВИИ АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯ
34. Манбаи таъминоти молиявии амалишавии Стратегия маблағҳои буҷети давлатии ҳамасола ба соҳаи маориф ва илм ҷудошаванда мебошад. Дар баробари маблағҳои буҷетии ба соҳаи илм ҷудошаванда вазифаи беҳад муҳим ҷустуҷӯ ва истифодаи самараноки манбаъҳои ғайрибуҷетӣ барои маблағгузории корҳои амалӣ, илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, ҳамчунин тиҷоратигардонии натиҷаҳои коркардҳои илмӣ ва илмию технологӣ мебошад.
35. Ҳавасманд кардани соҳибкории хурд ва миёна бо мақсади истифодаи дастовардҳои илмию технологӣ ва инноватсионӣ бо дарназардошти рушди инфрасохтори тиҷоратии хурд ва миёна, ҳамчунин, дар асоси озмун дастгирӣ кардани лоиҳаҳои ояндадори илмию технологӣ ва инноватсионӣ зарур аст. Ба назар гирифтан мебояд, ки дар бисёре аз кишварҳо ҳиссаи зиёди маҳсулоти инноватсиониро ширкатҳои тиҷоратии хурд ва миёна ворид месозанд.
36. Манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ маблағҳои ташкилот ва фондҳои байналмилалӣ, корхонаву ширкатҳои хусусӣ ва маблағҳои махсуси ташкилотҳои илмӣ буда метавонанд.
9. НАТИҶАҲОИ ИНТИЗОРИИ СТРАТЕГИЯ
37. Натиҷаи интизории Стратегия дар ду марҳила таъмин карда мешавад.
38. Дар марҳилаи якум (солҳои 2021-2025):
- заминаи қонунгузорӣ ва меъёриву ҳуқуқии рушди минбаъдаи соҳаи илм, технология ва инноватсия бо мақсади мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар такмил дода мешавад;
- татбиқи лоиҳаҳои илмию техникӣ дар доираи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникии кишвар, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2020, №503 тасдиқ шудааст ва дар Стратегия мушаххас шудаанд, оғоз мегарданд;
- барномаҳое таҳияву тасдиқ мешаванд, ки татбиқи онҳо ба ташакккули заминаи моддию техникии ташкилотҳои илмӣ, рушди соҳаҳои алоҳидаи илм, ташаккули инфрасохтори инноватсионӣ ва монанди инҳо мусоидат менамоянд;
- низоми ягонаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ва ҷалби онҳо барои рушди минбаъдаи илмию технологии кишвар ташаккул меёбад;
- шароите фароҳам оварда мешавад, ки барои афзоиши ҷолибияти сармоягузории фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ зарур аст.
39. Дар марҳилаи дуюм (солҳои 2025-2030):
- самтҳои нави рушди илмию технологӣ ва иҷтимоии кишвар ташаккул ёфта, технологияҳое ба вуҷуд оварда мешаванд, ки барои истеҳсоли молу маводи нав мусоидат менамоянд;
- низоми амалисозии занҷираи инноватсионӣ, яъне, тавлиди донишҳои нав тавассути анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣгузаронидани таҳқиқоти амалӣ ва коркардҳо - татбиқи натиҷаҳои илмию техникӣ ва технологӣ дар истеҳсолот - истеҳсоли маҳсулоти нави инноватсионӣ ташаккул меёбад;
- механизмҳои нави ҳамкории давлат, илм, тиҷорат ва ҷомеа ташаккул меёбанд;
- чораҳо оид ба ҳавасмандгардонӣ барои тиҷоратигардонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ, илмию технологӣ ва зеҳнӣ амалӣ карда мешаванд;
- низоми фармоиши давлатӣ ба маҳсулоти илмию техникӣ ва технологӣ ба роҳ монда мешавад.
10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
40. Вазорату идораҳои дахлдор, академияҳои илмҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ҳар сол то 30 январ оид ба иҷрои Стратегия ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамоянд.
41. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои таҳлил, ҷамъбаст, натиҷагирӣ ва арзёбии мавод оид ба иҷрои Стратегия метавонад мутахассисон, коршиносон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигарро ҷалб намояд.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2021, № 263
Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030
Нақша