Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2021, № 1797 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 майи соли 2021, № 426

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 июни соли 2021, № 168

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №7, мод.521; с.2014, №7, қ.2, мод.411; с.2018, №1, мод.33) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 5 сархатҳои дувоздаҳум ва сездаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- санҷиши фаъолияти ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродиро оид ба риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо назардошти усули ба хавф нигаронидашуда мегузаронад. Тартиби гузаронидани санҷиши фаъолияти ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии танзими фаъолияти аудиторӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом муайян карда мешавад;

- ҳангоми аз ҷониби ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ вайрон намудани талаботи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои дахлдор меандешад;".

2. Ба қисми 6 моддаи 9 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Шахсоне, ки барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда доғи судӣ доранд ва ё барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шудаанд, ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин озод гардидаанд, наметавонанд ба фаъолияти аудиторӣ машғул шаванд, роҳбар ва ё узви шӯрои директорон (шӯрои нозирон), мақоми иҷроия, муассис ва ё молик- бенефитсиари ташкилоти аудиторӣ бошанд.".

3. Дар сархати ҳафтуми қисми 2 моддаи 10, сархати чоруми қисми 2 моддаи 12 ва қисми 7 моддаи 25 калимаҳои "ва маблағгузории терроризм", "ва маблағгузории терроризмро" мувофиқан ба калимаҳои "маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом", "маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро" иваз карда шаванд.

4. Ба моддаи 24 қисми 8 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"8. Хулосаи аудиторӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба он ба муҳлати на камтар аз панҷ сол пас аз пешниҳод намудани он нигоҳ дошта мешаванд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

25 июни соли 2021, № 1797