Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2021, № 1793 "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИТТИҲОДИЯҲОИ КОРФАРМОЁН"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

7 апрели соли 2021, № 362

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 июни соли 2021, № 164

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён" аз 17 майи соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 343; с. 2011, №3, мод. 163) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии иттиҳодияҳои корфармоёнро танзим менамояд.".

2. Дар ном ва матни моддаи 1 калимаи "Предмети" ба калимаи "Мавзӯи" иваз карда шавад.

3. Моддаи 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- корфармо - шахси ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагиҳои он, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шахси воқеӣ, ки ҳуқуқи бо корманд бастан ва қатъ намудани шартномаи меҳнатиро дорад;

- иттиҳодияи корфармоён - ташкилоти ғайритиҷоратие, ки корфармоён ихтиёрона барои намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои аъзои худ дар доираи шарикии иҷтимоӣ таъсис медиҳанд;

- созишнома - санади ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои иҷтимоӣ - меҳнатиро байни кормандон ва корфармоён ба танзим медарорад ва дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва соҳавӣ баста шудааст.".

4. Аз матни моддаи 3 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

5. Дар қисми якуми моддаи 4, қисми сеюми моддаи 5, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 6, сархатҳои дуюм, чорум ва шашуми қисми якуми моддаи 14 ва сархати чоруми моддаи 15 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ" ва "мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ" мувофиқан ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд.

6. Дар қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 8 калимаҳои "ҳудуди беш аз нисфи қаламрави" ба калимаҳои "беш аз нисфи ҳудуди" иваз карда шаванд.

7. Дар қисми дуюми моддаи 9 калимаҳои "ду корфармо ё ду" ба калимаҳои "се корфармо ё се" иваз карда шаванд.

8. Моддаи 9(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 9(1). Номи иттиҳодияи корфармоён

Номи иттиҳодияи корфармоён бояд ба намуди иттиҳодияи корфармоён, ки дар моддаи 8 Қонуни мазкур омадааст, мутобиқат намояд.".

9. Дар сархати ёздаҳуми қисми якуми моддаи 14 калимаҳои "ассотсиатсияҳои (иттифоқҳои)" ба калимаҳои "иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои, шӯроҳои)" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарордода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

25 июни соли 2021, № 1793