ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2014, №181
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Дар банди 2 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2014, №181 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "347" ба рақами "351" иваз карда шавад.
2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- мутобиқи тартиби муқарраргардида дар басти вазифаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид намояд;
- санадҳои худро бо фармони мазкур мутобиқ намояд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти тағйир ёфтани воҳидҳои корӣ, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани маблағи заруриро таъмин намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
1 июни соли 2021, № 191