ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи таъмини бехатари аз сӯхтор барои солҳои 2021-2025
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Амалисозии барнома ва нақшаи чорабиниҳои он дар доираи маблағҳои буҷети давлатии барои соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор пешбинишуда, инчунин маблағҳои махсус. ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, таъмин карда шавад.
3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо амалисозии самараноки барномаи мазкур ва нақшаи чорабиниҳои онро таъмин карда, оид ба иҷрои онҳо ҳар сол то 1 феврал ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
4. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои барномаи мазкур ва нақшаи чорабиниҳои он ҳар сол то 15 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 июни соли 2021, № 212
ш. Душанбе