Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2021, № 201 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2018, №399"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Қарори мазкур аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дода шавад.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2018, №399

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар сутуни сеюми гурӯҳи 19 мавқеи молии 1902 замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2018, №399 "Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотии Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "10" ба рақами "20" иваз карда шавад.

2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор асосноккунии таъсири пайомадҳои манфии воридоти маҳсулоти макаронӣ ба истеҳсолкунандагони ватанӣ ва бехатарии озуқавориро ҷиҳати ирсоли минбаъда ба котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод намояд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи қабули қарори мазкур огоҳ намояд.

4. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

аз 27 майи соли 2021, № 201

ш. Душанбе