Қарори мазкур аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дода шавад.
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2018, №399
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар сутуни сеюми гурӯҳи 19 мавқеи молии 1902 замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2018, №399 "Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотии Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "10" ба рақами "20" иваз карда шавад.
2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор асосноккунии таъсири пайомадҳои манфии воридоти маҳсулоти макаронӣ ба истеҳсолкунандагони ватанӣ ва бехатарии озуқавориро ҷиҳати ирсоли минбаъда ба котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи қабули қарори мазкур огоҳ намояд.
4. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 майи соли 2021, № 201
ш. Душанбе
Настоящее постановление ввести в действие с 1 января 2022 года
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 8 августа 2018 года, №399
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. В третьем столбце группы 19 товарной позиции 1902 приложения 1 постановления Правительства Республики Таджикистан от 8 августа 2018 года, №399 "О ставках ввозных таможенных пошлин Республики Таджикистан" цифру "10" заменить цифрой "20".
2. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами представить обоснование влияния негативных последствий импорта макаронных изделий на отечественных производителей и продовольственную безопасность для дальнейшей передачи в секретариат Всемирной Торговой Организации и Исполнительный комитет Содружества Независимых Государств.
3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке информировать секретариат Всемирной Торговой Организации и Исполнительный комитет Содружества Независимых Государств о принятии настоящего постановления.
4. Настоящее постановление ввести в действие с 1 января 2022 года.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 27 мая 2021 года, №201