Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, № 168 " Дар бораи лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 маъқул дониста, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, ҷиҳати иҷрои пурра ва самараноки барнома ва нақшаи чорабиниҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои амалисозии барнома ва нақшаи чорабиниҳои он дар нимсолаи аввал ва соли ҳисоботӣ маълумот пешниҳод намоянд.

4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар асоси маълумоти манзуршудаи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба рафти иҷрои барнома ва нақшаи чорабиниҳои он ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот манзур намояд;

- дар ҳолати тағйирёбии вазъи иқтисоди ҷаҳон, инчунин таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллӣ, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба нишондиҳандаҳои асосии барнома таклиф пешниҳод намояд.

5. Бандҳои 2-4 қарори мазкур пас аз тасдиқ гардидани барнома ва нақшаи чорабиниҳои он мавриди амал қарор дода шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ Раҳмон

 аз 30 апрели соли 2021, № 168

 ш. Душанбе