ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, ҷиҳати иҷрои пурра ва самараноки Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 тадбирҳои мушаххас андешанд.
3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои амалисозии барнома дар ҳар нимсолаи якум ва соли ҳисоботӣ маълумот пешниҳод намоянд.
4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар асоси ҷамъбасти маълумоти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба рафти иҷрои Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии барнома ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд;
- дар ҳолати тағйирёбии вазъи бозорҳои ҷаҳон, инчунин таъсири омилҳои манфии беруна ба иқтисодиёти миллӣ, ба нишондиҳандаҳои асосии барнома тағйиру иловаҳо пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 апрели соли 2021, № 169
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Государственной программе развития экспорта в Республике Таджикистан на 2021-2025 годы
В соответствии со статьей 11 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Государственную программу развития экспорта в Республике Таджикистан на 2021-2025 годы и План мероприятий по реализации Государственной программы развития экспорта Республике Таджикистан на 2021-2025 годы (приложения 1 и 2).
2. Министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти, предприятиям, учреждениям и другим организациям, независимо от форм собственности, принять конкретные меры по полному и эффективному исполнению Государственной программы развития экспорта в Республике Таджикистан на 2021-2025 годы. ю 3. Министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти предоставлять информацию о результатах реализации программы в каждом первом полугодии и за отчетный год в Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан.
4. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан:
- на основе подытоживания сведений министерств и ведомств и местных исполнительных органов государственной власти ежегодно представлять Правительству Республики Таджикистан отчёт о ходе исполнения Государственной программы развития экспорта в Республике Таджикистан на 2021-2025 года и плана мероприятий по реализации программы;
- в случае изменения конъюнктуры мировых рынков, а также влияния отрицательных внешних факторов на национальную экономику, внести предложения по изменению и дополнению в основные показатели программы.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 30 апреля 2021 года, №169