Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, № 171 "Дар бораи Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии барномаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани сифату самаранокии таҳқиқоти илмӣ, тарғибу татбиқи дастовардҳо, тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва тақвияти ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмию таълимии ватанию хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешад.

3. Вазорату идораҳои дахлдор оид ба рафти амалисозии барномаи мазкур ҳамасола то 10 январ ба Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

4. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба рафти амалисозии барномаи мазкур ҳамасола то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 апрели соли 2021, № 171

ш. Душанбе