Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 апрели соли 2021, № 166
Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъдСтратегия) ҳадаф ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавононро муайян намуда, ҳамчун механизми амалиёбии бонизоми он таҳия гардидааст.
2. Стратегия ба амалисозии мақсад ва вазифаҳое нигаронида шудааст, ки ба рушди имкониятҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҷавонони Тоҷикистон дар ҷомеаи муосир мусоидат менамояд. Интихоби самтҳои афзалиятнок ё стратегии сиёсати давлатии ҷавонон ба натиҷаҳои таҳлил ва дурнамои равандҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушди ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси таҳлили ҳисобот ва ҳуҷҷатҳои расмӣ муайян гардидаанд, асос меёбад.
3. Стратегия ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз синни 14 то 30 сола, аз ҷумла ҷавонони дар вазъи душвори зиндагӣ қарордошта ва ба оилаҳои ҷавон нигаронида шудааст.
4. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз кишварҳои ҷавон маҳсуб меёбад. Ояндаи давлату миллати мо ба насли ҷавон мансуб буда, маҳз ҷавонон дар байни табақаҳои дигари аҳолӣ бештар фаъол, инчунин умед ва такягоҳи давлат мебошанд. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи Тоҷикистон метавонад ба қудрат ва тавоноии ҷавонон дар таҳаввулоти иҷтимоию иқтисодӣ ва умури давлатдорӣ эътимод намояд.
5. Сатҳи рушд ва нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ба он вобаста аст, ки насли ҷавон то чи андоза дорои маърифати сиёсию фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, амалисозии масъулияти шаҳрвандии худ ва ҳадафҳои олии давлатро дарк менамояд. Ҳамзамон, сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳамчун самти муҳими рушди ҷомеа баррасӣ карда шавад.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНӢ
6. Аксари аҳолии Тоҷикистонро шаҳрвандони то 30 сола ташкил медиҳанд ва синни миёнаи аҳолӣ ба 24,7 сол баробар аст.
7. Дар давоми 29 соли соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа ва таъмини иштироки онҳо дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар тадбирҳои мушаххас андешид.
8. Аз соли 1992 то инҷониб як қатор қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон асос гузоштанд. Ин санадҳо асосан ба рушди соҳа, комёб шудан ба натиҷаҳои назаррас ва ҳалли масъалаҳои соҳаи кор бо ҷавонон равона гардидаанд. Санадҳои қабулгардида, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон", "Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ", Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи миллии "Ҷавонони Тоҷикистон" дар панҷ марҳила (байни солҳои 1999-2012), Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2006-2013), Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се марҳила дар таҳкими соҳаи кор бо ҷавонон ҳамчун механизми асосии дастрасӣ пайдо намудан ба мушкилоту эҳтиёҷоти аввалияи ҷавонон, пешгирии хатару таҳдидҳо ба ҳаёти ҷавонон ва дар маҷмӯъ барои худташаккулёбии ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани насли ҷавон нақши калидӣ гузоштанд.
9. Бояд зикр кард, ки то ҳанӯз даст накашидани гурӯҳҳо ва созмонҳои байналмилалии террористию экстремистие, ки мақсади асосияшон аз байн бурдани сохти конститутсионии кишварҳо, ғасб намудани давлатҳо ва ноором сохтани ҳаёти осоиштаи ҷомеа ба ҳисоб меравад, рӯз то рӯз паёмадҳои нохуши худро расонида истодаанд.
10. Оқибати амалҳои гурӯҳҳо ва созмонҳои байналмилалии террористию экстремистӣ боиси аз байн рафтани арзишҳои фарҳангию таърихӣ гардида истодаанд.
11. Бо дар назар доштани пешрафти ҷомеа, рушди илму техника ва технология терроризм шакл, усул, восита ва тарзҳои навро ба худ касб намуда истодааст. Торафт мураккаб гардидани муқовимат бо терроризму экстремизм моро ба он водор месозад, ки пайваста дар ҷустуҷӯ ва пайдо намудани шаклу усулҳои нави таъсиррасониро вобаста ба муқовимат бо чунин зуҳуроти номатлуб бошем.
12. Бархӯрди тамаддунҳо, маданияту фарҳанг ва воридшавии расму оинҳои бегона ба ҳаёти имрӯзаи ҷавонон таъсири манфии худро расонида истодаанд.
13. Таъсироти ин тамоюлро метавон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, соҳаи хизматрасонӣ, оилаҳо байни ду насл - ҷавонону калонсол, ки ба эҳтирому муносибат, рафтору кирдор, фарҳанги либоспӯшӣ, рӯ ба афзоиш ёфтани ҷудошавии оилаҳо, майл пайдо намудани ҷавонон ба урфу одатҳои фарҳанги бегона ва амсоли инҳо, ки ба арзишҳои ахлоқиву фарҳангии ҷомеа рост намеоянд, мушоҳида намуд.
14. Дар айни замон, тамоюли тарғиби анъанаҳои фарҳангии ба мо бегона, инчунин коста гардидани эҳтироми ҷавонон нисбат ба шахсони рӯзгордида, соҳибилму бомаърифат, истифода гардидани сухану ибораҳои таҳкиромезу қабеҳ ва бемантиқ, ҳамчун маконҳои ягонаи имконпазири ташаккули зеҳнию ҷисмонӣ интихоб гардидани маконҳои айшу ишрат ва дилхушӣ аз ҷониби бархе аз ҷавонон ва ба ҳисоби миёна ҳамасола аз 10 то 15 фоиз ҷудошавии оилаҳо дар баробари бунёд гардидани оилаҳо мушоҳида мегарданд.
15. Дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ аз 2400 муассисаи фарҳангии гуногуншакл, аз ҷумла китобхона, клуб, осорхона, театр ва марказҳои ҷавонон ба қайд гирифта шудаанд, ки фарогирии як муассисаи фарҳангӣ дар як навбат барои хизматрасонии 12000 ҷавон рост меояд.
16. Дар баробари ниҳоят кам будани чунин муассисаҳо шароити на ҳамаи онҳо, мутаассифона, имкони қонеъ гардонидани талаботи воқеии ҷавононро ҷиҳати таъмини ахлоқи ҳамида, фарҳангдӯстию хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва худташаккулёбӣ надоранд. Вобаста ба ин, дар сатҳи ҷумҳурӣ механизмҳои гуногун дар алоҳидагӣ аз ҷониби мақомоту сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ роҳандозӣ гардида истодааст. Аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ҳаракатҳои гуногуни ҷавонон ба монанди маҳфилҳои волонтёрӣ, "Пайравони Пешвои миллат", "Гирандагони стипендияҳои президентӣ", "Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта", "Адибони ҷавони навқаламу эҷодкор", "Ҳаҷвнигорони ҷавон" ва амсоли инҳо таъсис ёфтаанд, ки вобаста ба имконият ва шароити моддию молиявии мавҷуда дар байни ҷавонон чорабиниҳои хусусияти ахлоқию фарҳангӣ, зеҳнию тарбиявӣ, маърифатию иттилоотӣ ва ғайраро баргузор менамоянд, ки он ҳам барои фарогирии бештари ҷавонон ҳанӯз ҳам кам мебошад.
17. Таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон яке аз қадамҳои муҳим ва мубрам дар бунёди давлатсозӣ, баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ, малакаю маҳорати онҳо дар самтҳои гуногуни ҳаётан муҳим дар ҷаҳони муосир қабул ва арзёбӣ гардидааст.
18. Иштироки ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир ба фаъолгардонии сиёсӣ, такомули малакаҳои идоравӣ, омода намудани кадрҳои роҳбарикунандаи ҷавон имконияту шароит муҳайё менамояд ва ба ин васила таъмини иштироки онҳо дар таҳия ва амалисозии барномаҳо ва қабули қарорҳо имконпазир хоҳад гардид.
19. Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳаи кор бо ҷавонон ҳама гуна ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҷавонон эътироф риоя ва ҳифз мешаванд.
20. Пеш бурдани корҳои хусусияти тарбиявию маънавидошта дар байни наврасону ҷавонон, мусоидат дар таъмини адолати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани шароити муътадили иҷтимоӣ, зимнан пешгирии ҷавонон аз кирдорҳои номатлуб ҳамчун масъалаи афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон дар шароити имрӯза боқӣ мемонад.
21. Мутобиқи таҳлилҳо аз соли 2015 то моҳи июли соли 2020 аз ҷониби ноболиғону ҷавонон ҳудуди 31588 ҷиноят содир гардидааст.
22. Бемориҳои сирояткунанда, аз қабили вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, нашъамандӣ, сил, бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва дигар бемориҳои сироятӣ наврасону ҷавононро зери таҳдиди шадид дар шароити ҷаҳонишавӣ қарор додаанд.
23. Шумораи ҷавонони гирифтори бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати моҳи июни соли 2020 ба 12666 нафар (8114 мард ва 4552 зан) расидаанд. Бо сирояти вируси норасоии масунияти одам дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз он ҷумла дар шаҳри Душанбе 2701 нафар, дар вилояти Суғд 2913 нафар, дар вилояти Хатлон 3632 нафар, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 705 нафар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2715 нафар дар қайд қарор доранд.
24. Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани фаъолияти зеҳнию эҷодӣ ва дастгирии ҷавонон Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, ҷоизаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон дар самти адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, барномасозии компютерӣ, техникаю технология, навоварӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ ва стипендияи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон таъсис дода шудаанд, ки ҳамасола зиёда аз 440 нафар ба он сарфароз гардонида мешаванд.
25. Тибқи таҳлилу мушоҳидаҳо дар ҳолати имрӯза муқаррароти низоми таҳсил ба талаботи бозори меҳнат мувофиқат намекунад ва дар натиҷа ҳамасола аксарият ҷавонон пас аз хатми муассисаҳои таълимӣ наметавонанд бо ҷойи кори муносиб таъмин гарданд.
26. Дар соли хониши 2019-2020 шумораи умумии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ 190,4 ҳазор нафарро (хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна 114,7 ҳазор нафар, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 11,7 ҳазор нафар, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 20,8 ҳазор нафар ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 43,2 ҳазор нафар) ташкил намудаанд, ки тибқи маълумоти хадамоти шуғли аҳолӣ аз онҳо 31,0 ҳазор нафар ҷавонони то синни 30 мақоми бекорӣ доштанд, ки аз ин ҳисоб бо таҳсилоти олии касбӣ 8,2 фоиз, бо таҳсилоти миёнаи касбӣ 12,9 фоиз, бо таҳсилоти ибтидоии касбӣ 14,1 фоиз ва бо таҳсилоти миёнаи умумӣ 64,8 фоиз мебошанд.
27. Захираи асосии иқтисодӣ ва меҳнатиро насли ҷавон ташкил медиҳад, ки наздик ба 80 фоизи аҳолии фаъоли иқтисодӣ мебошанд. Аз нисф зиёди шаҳрвандони қобили меҳнат ба ҷавонон рост меояд ва ҳамасола зиёда аз 200000 нафар, ки аксарият ҷавононанд, ба бозори меҳнат ворид мешаванд, ки мутаассифона на ҳамаи онҳо комёб мегарданд.
28. Дастгирии ҷавонони ятим ва оилаҳои камбизоат, шахсони бекору имконияташон маҳдуд ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон муқаррар гардидааст, чун ин гурӯҳи осебпазир пеш аз ҳама ба дастгирии давлатӣ ниёз доранд.
29. Мутобиқи омори сиёсати давлатии ҷавонон дар нимсолаи аввали 2020 дар маҷмӯъ шумораи ин гурӯҳи осебпазир (ҷавонони бекор, маъюб, бепарастор ва нафақахӯр) ба 108663 нафар расидааст.
30. Шумораи умумии бекорон дар аввали соли 2020 49,0 ҳазор нафарро ташкил дода, дар ҳамин давраи соли 2019 47,5 ҳазор нафар буд, ки 3,2 фоиз зиёд гардидааст. Ба ҳолати 1 августи соли 2020 бошад, шумораи бекорони расман бақайдгирифташуда 51,6 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 1,0 фоиз кам мебошад.
31. Рушди бахши хусусӣ, махсусан беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, дар ин самт чораҳои мушаххас андешида мешаванд.
32. Таҳлили оморӣ нишон медиҳад, ки аз 331336 субъектҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 51000 онҳо соҳибкорони ҷавон мебошанд. Солҳои 2016-2020 дастгирии давлатии ҷавонони соҳибкор тадриҷан афзоиш ёфта, бо ин мақсад аз ҷониби ташкилотҳои қарздиҳии кишвар ба соҳибкорони ҷавон беш аз 2 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.
33. Сатҳи маълумотнокӣ ва иқтидори зеҳнии ҷомеа, бахусус ҷавонон вобаста ба имкониятҳои рушди соҳибкорӣ, аз ҷумла амалисозӣ ё истифодаи имтиёзҳо, татбиқи самараноки навовариҳои (технологияҳои) муосир, инчунин муқаррароти қонунгузорӣ заиф арзёбӣ мегардад, чун ҳанӯз ҳам соҳибкорони ҷавон ба пуррагӣ аз имкониятҳои фароҳамгардида мақсаднок истифода бурда наметавонанд ё вобаста ба истифодаи онҳо маълумот надоранд.
34. Низоми соҳаи кор бо ҷавонон дар муқоиса ба талаботи ҷавонон ва ҷомеаи муосир ташаккул додани заминаи устувори рушдёбиро тақозо мекунад. Имрӯз фаъолияти ташкилию амалии соҳа, асосан дар ҳошияи фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон, барномаҳои мақсадноки давлатии ҷавонон ва марказҳои ҷавонон ба роҳ монда шудааст, ки дар таносуб ба сарбории муқарраршуда такмил ва дастгирии иловагиро тақозо мекунад.
3. ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИЯ ВА САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН
35. Ҳадафи асосии Стратегия ин амалисозии самараноки сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Қонеъ гардонидани талаботи воқеии ҷавонон, ташаккули иштирок ва фаъолнокии онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар ҳамчун ҳадафи стратегии сиёсати давлатии ҷавонон арзёбӣ мегарданд.
36. Барои расидан ба ҳадафи асосӣ самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ муқаррар карда мешаванд.
37. Самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон инҳоянд:
- тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо;
- ташаккули тафаккури миллӣ бо роҳи тарбия намудани ҷавонон дар самти ҳифзи бештари манфиатҳои миллӣ ва дар онҳо тарбия намудани ҳисси оштинопазир ба терроризму экстремизм, коррупсия, нашъаҷалобӣ ва намуди дигари ҷинояткорӣ;
- ташаккули ахлоқи маънавии ҷавонон, фаъол намудани онҳо дар самти анҷом додани корҳои ихтиёрии ҷамъиятӣ (фаъолияти волонтёрӣ) ва баланд бардоштани ҳисси эҳтироми ҷавонон ба фарҳанги миллӣ;
- таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идоракунии давлатӣ, аз ҷумла бо роҳи дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо;
- таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон;
- таъмини ҳифзи саломатӣ, тарзи ҳаёти солим ва рушди ҷисмонии ҷавонон;
- фароҳам овардани шароит ҷиҳати гирифтани таҳсилоти сифатнок барои ҷавонон ва таъмини рушди ихтироъкорию эҷодкории онҳо;
- таъминоти иҷтимоии ҷавонон, таъмини онҳо ба шуғли пурмаҳсул ва ҷойи кори муносиб;
- таъмини мустақилияти иқтисодии ҷавонон, рушди фаъолияти соҳибкории ҷавонон, ҷалби онҳо ба хоҷагидорӣ ва ҳунармандӣ;
- омодасозӣ ва дастгирии мутахассисони ҷавон ҷиҳати пешбарӣ намудани онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда.
4. МЕХАНИЗМИ АМАЛИШАВИИ СТРАТЕГИЯ
38. Асоси амалии ҳадафҳои стратегии сиёсати давлатии ҷавононро механизми рушди устувори сиёсати давлатии ҷавонон ташкил медиҳад.
39. Механизми амалишавии Стратегия ҳамчун механизми рушди устувори сиёсати давлатии ҷавонон аз тарзу усул, тартиб ва василаҳои муайяни идоракунӣ иборат буда, бо истифода аз низоми идоракунии соҳаи кор бо ҷавонон ва субъектҳои дигари сиёсати давлатии ҷавонон, захираҳо ва имкониятҳои ташкилию молиявӣ дар шакли таҳия ва амалисозии тадбирҳои амалӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии сиёсати давлатии ҷавонон ба роҳ монда мешавад.
40. Таҳиякунандагони механизми амалишавии Стратегия субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон - вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳои дахлдор мебошанд, ки аз натиҷаи иҷрои тадбирҳои алоқаманд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон мунтазам гузориш пешниҳод менамоянд.
41. Барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо тадбирҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ оид ба баланд бардоштани рӯҳия, эҳсос ва ифтихор аз доштани Ватан ва дӯст доштани он, масъулияти ҷавонон дар роҳи таъмини рушди давлат ва амалисозии сиёсати давлатӣ, талқини худшиносӣ ва ифтихори миллии ҷавонон ва омодаю сафарбар намудани онҳо ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ғайра амалӣ карда мешаванд.
42. Вобаста ба ташаккули тафаккури миллӣ бо роҳи тарбия намудани ҷавонон дар самти ҳифзи бештари манфиатҳои миллӣ ва дар онҳо тарбия намудани ҳисси оштинопазир ба терроризму экстремизм, коррупсия, нашъаҷалобӣ ва намуди дигари ҷинояткорӣ тадбирҳои давлатию ҷамъиятӣ бо роҳи шинос намудани ҷавонон бо манфиатҳои миллию ҷамъиятӣ, ба вуҷуд овардани тафаккури оштинопазир ва муқовимату мубориза бо амалҳои номатлуб, инчунин ақидаю гурӯҳҳои ба ин амалҳо мусоидаткунанда ва ташаккули маърифати ҳуқуқию сиёсӣ андешида мешаванд. Махсусан, механизми иттилоотонию муқовимат дар фазои иттилоотӣ ҳамчун як самти асосии фаъолият ба таври густурда амалӣ карда мешавад.
43. Ташаккули ахлоқи маънавии ҷавонон, фаъол намудани онҳо дар самти анҷом додани корҳои ихтиёрии ҷамъиятӣ (фаъолияти волонтёрӣ) ва баланд бардоштани ҳисси эҳтироми ҷавонон ба фарҳанги миллӣ ҳамчун рукни маънавии сиёсати давлатии ҷавонон тавассути андешидани маҷмӯи тадбирҳои давлатию ҷамъиятӣ дар самти тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи фарҳангдӯстӣ, инсондӯстӣ, шинохти арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллӣ, анҷом додани корҳои хайри ҷамъиятӣ (фаъолияти волонтёрӣ), дарки асосҳои ахлоқӣ ва дурӣ ҷустан аз фарҳанги бегона амалӣ карда мешавад.
44. Таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идоракунии давлатӣ, аз ҷумла бо роҳи дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо бо мақсади фаъолгардонии сиёсӣ, таҳкими иқтидор ва захираи мутахассисони соҳаи идоракунӣ, ҳавасмандгардонӣ ва таъмини ҳуқуқи ҷавонон ба идоракунӣ ва ҳуқуқэҷодкунӣ, таъмини таҷриба, такмили малака, маҳорати идоракунӣ ва роҳбарии ҷавонон, дастгирии шарикии ҷавонон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо дар таҳия ва амалисозии барномаҳои мақсадноки алоқаманд, инчунин амалисозии самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ба роҳ монда мешавад.
45. Ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон дар доираи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф, риоя ва ҳифз карда мешаванд.
46. Барои таъмини ҳифзи саломатӣ, тарзи ҳаёти солим ва рушди ҷисмонии ҷавонон чорабиниҳои ташкилию оммавӣ, ҷисмонию варзишӣ ва омӯзишию иттилоотӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим, истеъмоли ғизои солим ва машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор карда мешаванд.
47. Вобаста ба гирифтани таҳсилоти сифатнок барои ҷавонон ва таъмини рушди ихтироъкорию эҷодкории онҳо шароити зарурӣ баҳри таълими ҷавонон ва рушди неруи зеҳнии онҳо бо дар назар доштани маданияти тарбияи равонию маънавӣ, мутобиқат ба бозори меҳнат, ҳавасмандгардонӣ ва амалисозии технологияҳои муосири таҳсилот фароҳам оварда мешаванд.
48. Барои таъминоти иҷтимоии ҷавонон, таъмини онҳо ба шуғли пурмаҳсул ва ҷойи кори муносиб чорабиниҳо оид ба дастгирии ҷавонон аз гурӯҳҳои осебпазир ва оилаҳои ҷавоне, ки як ва ё ҳардуи онҳо маъюб мебошанд, инчунин чорабиниҳо оид ба омода намудани ҷавонон бо роҳи пешбурди фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, ҳарбӣ, варзишӣ, ҷисмонӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ барои дарёфт ва амалӣ намудани кор ва ё шуғли доимӣ ва ё муваққатии меҳнатӣ амалӣ карда мешаванд.
49. Вобаста ба таъмини мустақилияти иқтисодии ҷавонон, рушди фаъолияти соҳибкории ҷавонон, ҷалби онҳо ба хоҷагидорӣ ва ҳунармандӣ шароит ва имкониятҳо оид ба таълиму тарбия ва тарғиби маданияти иқтисодӣ ба ҷавонон, ташаккул ва рушди соҳибкории ҷавонон ва мутобиқати онҳо ба талаботи иқтисоди бозоргонӣ фароҳам оварда мешаванд.
50. Барои амалишавии самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат, ниҳоди омодасозии кадрӣ ва рушди ҷавонон ҳамчун захираи афзалиятноки инсонӣ шароит ва заминаи зарурии илмию амалӣ фароҳам оварда мешаванд.
5. ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯ
51. Барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва ҳалли масъалаҳое, ки Стратегия муайян кардааст, фароҳам овардани заминаи ташкилию ҳуқуқӣ ва моддию молиявӣ пешбинӣ шудааст.
52. Тибқи муқаррароти Стратегия бояд ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба такмили механизми ҳамкории мутақобилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар амалисозии самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон нигаронида шудааст, тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.
53. Барои амалисозии Стратегия зарур аст, ки неруи кадрии сиёсати давлатии ҷавонон ва ташкилотҳои оид ба кор бо ҷавонон ташаккул ёбанд. Барои ин ба масъалаҳои зерин бояд эътибор дод:
- муайян намудани стандартҳои давлатии таҳсил вобаста ба номгӯи ихтисосҳое, ки дар низоми мақомот ва ташкилотҳои татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон пешниҳод гардидаанд;
- таҷдиди талаботи тарифию тахассусӣ нисбат ба мутахассисоне, ки дар соҳаи кор бо ҷавонон фаъолият мекунанд;
- таъсиси низоми тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи кор бо ҷавонон дар доираи гузаронидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти таҳсилот дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.
54. Амалисозии Стратегия дар доираи маблағҳои барои солҳои дахлдор пешбинишудаи буҷети давлатӣ ба субъектҳои татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонону вазорату идораҳои дахлдор ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба роҳ монда мешавад.
6. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ СТРАТЕГИЯ
55. Мониторинг ва арзёбӣ бо мақсади таъмини раванди мустақил ва шаффофи амалисозии самараноки чорабиниҳо ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои Стратегия ба роҳ монда мешавад.
56. Мониторинг ва арзёбии Стратегия бо роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии мақоми ваколатдори давлатии соҳаи кор бо ҷавонон амалӣ мегардад.
57. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор бо ҷалби шарикони иҷтимоӣ, бахусус иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мониторинг ва арзёбии ҷараёни амалисозии Стратегияро мегузаронад ва ҳисоботи дахлдори солонаро ба Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
58. Бо дар назар доштани натиҷаҳои мониторинг ва арзёбии тағйирёбии вазъият дар самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад муқаррароти Стратегияро такмил диҳад.
7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
59. Дар шароити ҷомеаи муосир ва талаботи афзуншаванда нисбат ба сармояи инсонӣ, сиёсати давлатии ҷавонон бояд омили рушд ва дигаргунсозиҳо дар кишвар гардад. Ин талабот аз ҳамаи иштирокчиёни раванди амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон таҳия ва ба таври муътадил амалӣ намудани муносибатҳоро тақозо менамояд, ки ба ҷалби мустақими насли ҷавон ба ҳалли мушкилоти онҳо ва вазифаҳои умумимиллӣ нигаронида шудааст.
60. Стратегия дар натиҷаи амалисозии самаранок барои худташаккулёбии ҷавонон ва рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам меорад.
Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
Нақша