Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, № 112 " Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2021-2023"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2021-2023

Мутобиқи моддаи 15 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади иҷрои банди 4 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, № 1446 "Дар бораи тасдиқи Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли2030", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2021-2023 ва Нақшаи амалисозии Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2021-2023 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ иҷрои барномаи миёнамуҳлати амалро таҳти назорати доимӣ қарор диҳад.

3. Вазорату идораҳо амалисозии барномаи миёнамуҳлати амалро таъмин карда, ҳар нимсола оид ба рафти иҷрои он ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои барномаи миёнамуҳлати амал ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 апрели соли 2021, № 112

ш. Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Среднесрочной программе действий по реализации Стратегии управления государственными финансами Республики Таджикистан на период до 2030 года в 2021-2023 годах

В соответствии со статьей 15 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и с целью исполнения пункта 4 указа Президента Республики Таджикистан от 31 января 2020 года, №1446 "Об утверждении Стратегии управления государственными финансами Республики Таджикистан на период до 2030 года", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Среднесрочную программу действий по реализации Стратегии управления государственными финансами Республики Таджикистан на период до 2030 года в 2021-2023 годах и План по реализации Среднесрочной программы действий по реализации Стратегии управления государственными финансами Республики Таджикистан на период до 2030 года в 2021-2023 годах (приложение 1 и 2).

2. Координационному совету по вопросам управления государственными финансами взять под постоянный контроль исполнение среднесрочной программы действий.

3. Министерствам и ведомствам обеспечить реализацию среднесрочной программы действий и каждое полугодие представлять сведения о ходе её выполнения в Министерство финансов Республики Таджикистан.

4. Министерству финансов Республики Таджикистан ежегодно представлять в Правительство Республики Таджикистан сведения о ходе исполнения среднесрочной программы действий.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 3 апреля 2021 года, №112