ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ НИҲОЛПАРВАРӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
10 феврали соли 2021, № 328
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 апрели соли 2021, № 143
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Сархати нуҳуми моддаи 1 ва сархати сездаҳуми моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ниҳолпарварӣ" аз 2 январи соли 2020 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2020, №1, мод. 16) хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
20 апрел соли 2021, № 1779