ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои амалӣ намудани барномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
3. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалисозии самараноки барномаи мазкурро таъмин карда, ҳар сол оид ба рафти иҷрои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 апрели соли 2021, № 118
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Программе развития отрасли ковроткачества в Республике Таджикистан на 2021-2025 годы
В соответствии со статьей 11 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социальноэкономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Программу развития отрасли ковроткачества в Республике Таджикистан на 2021-2025 годы и План мероприятий по реализации Программы развития отрасли ковроткачества в Республике Таджикистан на 2021-2025 (приложения 1 и 2).
2. Министерствам промышленности и новых технологий, экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Т аджикистан, исполнительным органам государственной власти областей, городов и районов принять необходимые меры по привлечению внутренних и зарубежных инвестиций для реализации настоящей программы.
3. Министерству промышленности и новых технологий Республики Таджикистан обеспечить эффективную реализацию настоящей программы и ежегодно о ходе ее выполнения предоставлять информацию Правительству Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Peспублики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 3 апреля 2021 год, №118