Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, № 113 "Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо иҷрои Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025-ро дар доираи маблағҳои ҳамасолаи пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорие, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, таъмин карда, ҳар нимсола ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти амалишавии барнома маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои барнома ва нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 апрели соли 2021, № 113

ш. Душанбе