Низомномаи Комиссияи доимӣ оид ба таъмини тайёрии зарурӣ ва иштироки бомуваффақи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозиҳо ва мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ аз 27 марти соли 2021, № 94

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 марти соли 2021, №94

Низомномаи Комиссияи доимӣ оид ба таъмини тайёрии зарурӣ ва иштироки бомуваффақи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозиҳо ва мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи Комиссияи доимӣ оид ба таъмини тайёрии зарурӣ ва иштироки бомуваффақи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозиҳо ва мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ (минбаъд-Низомнома) мақсад, вазифа ва тартиби ташкили фаъолияти Комиссияи доимиро оид ба таъмини тайёрии зарурӣ ва иштироки бомуваффақи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозиҳо ва мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ (минбаъд-Комиссияи доимӣ) муайян менамояд.

2. Комиссияи доимӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" ва "Дар бораи тайёрии варзишӣ", санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

3. Комиссияи доимӣ мустақиман, инчунин дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, Шӯро оид ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои дигари тарбияи ҷисмонию варзишӣ фаъолият менамояд.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ ДОИМӢ

4. Комиссияи доимӣ бо мақсади тайёрии зарурӣ ва иштироки бомуваффақи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозиҳо ва мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ (минбаъд- Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои Осиё), фаъолияти худро тибқи талаботи байналмилалии амалӣ намудани тайёрии варзишӣ, баланд бардоштани иқтидори варзишии варзишгарони маҳорати олӣ ва ҳавасмандгардонии захираи олимпӣ ташкилкардашуда, амалӣ менамояд.

5. Вазифаҳои асосии фаъолияти Комиссияи доимӣ:

- коркард ва татбиқи маҷмӯи чораҳои ташкилӣ, ки барои таъмини тайёрии зарурӣ ва иштироки бомуваффақи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои Осиё равона гардидаанд;

- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои дигари ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ки дар тайёр намудани варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои Осиё иштирок менамоянд;

- ҷалб намудани мутахассисони соҳибтаҷриба ва баландихтисоси ватаниву хориҷӣ барои таъмини тайёрии самараноки варзишгарон, дарёфти натиҷаҳои баланди варзишӣ ва ба даст овардани нишондиҳандаи олӣ дар Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои Осиё;

- баррасӣ ва пешниҳод намудани масъалаи ҷалби варзишгарони касбӣ ба аъзогии дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи намудҳои варзиш;

- таҳияи пешниҳодҳо вобаста ба такмил додани низоми тайёрии варзишгарон ба Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои Осиё мутобиқи талаботи муосир барои таъмин намудани дарёфти натиҷаҳои баланди варзишӣ аз ҷониби онҳо;

- таҳияи пешниҳодҳо вобаста ба баланд бардоштан ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ намудани тарзу усулҳои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ;

- андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ҷалб намудани эҳсонкорон, пардохтҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои омода намудани варзишгарон ба Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои Осиё ва ба ин васила ҳал намудани масъалаи сарпарастии Фонди дастгирии олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон;

- инкишофи иқтидори захираи олимпӣ, ки қобилияти муаррифии шоистаи ҷумҳуриро дар Бозиҳои минбаъдаи олимпӣ, Бозиҳои Осиё, чемпионати ҷаҳон ва чорабиниҳои дигари байналмилалии варзишӣ доранд;

- таҳлили рафти иҷрои нақшаҳои фаъолияти Комиссияи доимӣ;

ҳамоҳангсозӣ ва таъмини шароити кори мутахассисон, машваратчиён, коршиносони байналмилалию ватанӣ оид ба тайёрии варзишгарон;

- намудҳои дигари фаъолияти дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънашуда, ки ҳалли онҳо ба зиммаи Комиссияи доимӣ гузошта шудааст.

3. ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ КОМИССИЯИ ДОИМӢ

6. Комиссияи доимӣ барои амалигардонии вазифаҳои худ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:

- ҳамкорӣ намудан бо ташкилотҳои дохиливу хориҷӣ ва байналмилалии давлатӣ, ҷамъиятӣ, эҳсонкорӣ ва ташкилотҳои дигар, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар доираи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тибқи тартиби муқарраргардида гирифтан ва истифодаи маводи зарурӣ аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати зина ба зина тайёр намудани варзишгарон ба Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои Осиё;

- тасдиқи номгӯи иншооти варзишӣ, баррасии пешниҳодҳо вобаста ба таъмир ва таҷҳизонидани иншооти варзишии мутобиқи талаботи байналмилалӣ барои гузаронидани бефосилаи ҷамъомадҳои машқӣ- варзишӣ ва таъмини тайёрии самаранок ба Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои Осиё;

- ҷалб намудани мутахассисони вазорату идораҳо, ташкилотҳои дахлдор барои омода намудани маводи Комиссияи доимӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ба хизматчиёни ҳарбӣ, таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ, ки ба дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошанд, барои таъмини тайёрии босифати онҳо ба Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои Осиё;

- амалӣ намудани ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

7. Ба уҳдадориҳои Комиссияи доимӣ дохил мешаванд:

- таҳияи барнома ва нақшаи тайёрии варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои Осиё, инчунин таъмин ва татбиқи босамари онҳо;

- баргузор намудани чорабиниҳо вобаста ба интихоб, тайёрӣ ва баланд бардоштани маҳорати варзишгарони боистеъдод ва пуриқтидор аз ҳисоби машқварзони муассисаҳои тайёрии варзишӣ аз тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкил намудани тайёрии онҳо вобаста ба баланд бардоштани маҳорати варзишӣ;

- ҷорӣ кардани технологияҳои илмию методии муосири раванди тайёрии дастаҳои мунтахаби варзишӣ, гузаронидани ҷамъомадҳои машқӣ-варзишии мунтазам (тамоми сол давомкунанда) барои ҳайати асосии варзишгарон бо таъмин намудани иштироки мунтазами онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва ба сифати мураббӣ ҷалб намудани мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ, ки дар тайёр намудани дастаҳои мунтахаби олимпӣ таҷрибаи бомуваффақ доранд;

- баррасӣ ва ҳалли масъалаи ҷалби варзишгарони касбӣ аз давлатҳои хориҷӣ аз рӯи намудҳои варзиш ба сифати варзишгар- дастурдиҳанда ба дастаҳои мунтахаби кишвар;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои варзишгарон, мураббиён ва мутахассисони дигари дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи зисти онҳо ҷиҳати тайёрии самараноки онҳо ба Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои Осиё;

- баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои таъминоти варзишгарон бо лавозимоти варзишии зарурӣ, таъминоти тиббӣ ва фармакологии онҳо;

- таъмини маблағгузории Фонди дастгирии олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тавассути саҳми ихтиёрии сарпарастон дар асоси шартнома;

- якҷо бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, тасдиқ ва амалӣ намудани нақшаи ҳамасолаи чорабиниҳои тайёрии варзишгарон ба Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои Осиё;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои тайёрии захираи варзишӣ ва захираи олимпӣ дар асоси инкишофи минбаъдаи мактабҳои маҳорати олии варзишӣ ва марказҳои тайёрии олимпӣ;

- ба федератсияҳои варзишӣ оид ба намудҳои варзиши олимпӣ вобаста намудани иншооти варзишӣ, таъмири зарурӣ ва таҷҳизонидани онҳо бо асбобу анҷоми варзишии ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ;

такмил додани механизми маблағгузории варзишгарон, хизматрасонии тиббии онҳо;

- ҷалб намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси шартнома ба сифати сарпарастони Фонди дастгирии олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон;

- гузаронидани мониторинги иҷрои саривақтӣ ва пурраи чорабиниҳое, ки ба таъмини омодагӣ ва иштироки самараноки варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои Осиё равона гардидаанд;

- гузаронидани мониторинги истифодаи маблағҳое, ки барои таъмини тайёрӣ ва иштироки варзишгарон дар Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои Осиё ҷудо карда мешаванд;

- амалӣ намудани назорат ва мониторинги иҷрои саривақтии қарорҳое, ки дар ҷаласаҳои Комиссияи доимӣ вобаста ба амалигардонии вазифаҳои пешбининамудаи нақша ва барномаҳои таъмини тайёрӣ ва иштироки варзишгарон дар Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои Осиё қабул гардидаанд;

- омода намудани маълумот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи тайёрии варзишгарон ба Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои Осиё ва натиҷаҳои иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда, инчунин вобаста ба амалигардонии босамари фаъолият;

- манзур намудани пешниҳоду маълумот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи самараноки маблағҳо, хизматрасонии машваратӣ, иҷрои корҳо вобаста ба таъмини тайёрӣ ва иштироки варзишгарон дар Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои Осиё ва сифати онҳо;

- иҷрои уҳдадориҳои дигар, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба самти фаъолият пешбинӣ гардидаанд.

8. Комиссияи доимӣ барои дар сатҳи зарурӣ амалӣ намудани тайёрии варзишии аъзои дастаҳои мунтахаби кишвар аз рӯи намудҳои варзиш ба Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои Осиё, аз ҷониби варзишгарон дарёфт намудани роҳхат барои иштирок дар бозиҳо ва иштироки бомуваффақи онҳо дар бозиҳо масъул мебошад.

4. ВАКОЛАТҲОИ РАИС ВА КОТИБИ МАСЪУЛИ КОМИССИЯИ ДОИМӢ

9. Раиси Комиссияи доимӣ:

- роҳбарии фаъолияти Комиссияи доимиро ба амал бароварда, дар ҷаласаҳои Комиссияи доимӣ раисӣ мекунад;

- дар мувофиқа бо аъзои Комиссияи доимӣ рӯзномаи кори ҷаласаи Комиссияи доимиро муайян менамояд;

- Комиссияи доимиро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ намояндагӣ мекунад;

- тибқи тартиби муқарраршуда ба аъзои Комиссияи доимӣ дар доираи ваколатҳои худ дастуру супоришҳо медиҳад;

- дигар ваколатҳоро тибқи тартиби муқарраршуда амалӣ мекунад.

10. Котиби масъули Комиссияи доимӣ:

- корҳои тайёрӣ ба ҷаласаҳои Комиссияи доимиро анҷом медиҳад;

- назорати бевоситаи иҷрои қарорҳои Комиссияи доимиро ба амал мебарорад;

- ҳамкориро бо мақомоти марбутаи давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш фаъолият менамоянд, ба роҳ мемонад;

- супоришҳои дигари раиси Комиссияи доимиро ба иҷро мерасонад;

- дигар ваколатҳоро тибқи тартиби муқарраршуда амалӣ мекунад.

5. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ ДОИМӢ

11. Ҷаласаи Комиссияи доимӣ ҳамон вақт гузаронида мешавад, ки агар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ҳузур дошта бошанд. Қарори Комиссияи доимӣ бо овози аксари аъзои дар ҷаласа иштирокдошта қабул гардида, бо протоколи ҷаласа ба расмият дароварда мешавад. Протоколи ҷаласаро раиси Комиссияи доимӣ ё шахси дар ҷаласа роҳбарикунанда имзо менамояд.

12. Барои иҷрои вазифаҳои мушаххас ва фаврӣ мумкин аст аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ, вазорату идораҳои дахлдор, инчунин ташкилотҳо як ё якчанд котиботи Комиссияи доимӣ ташкил карда шаванд.

13. Роҳбарони котиботҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои пешбинигардида дар ҷаласаи Комиссияи доимӣ ҳисобот медиҳанд.

14. Дар назди Комиссияи доимӣ мумкин аст шӯрои санҷишӣ аз ҳисоби олимону мутахассисони ватаниву хориҷӣ таъсис дода шавад, ки интихоби методикаи раванди машқӣ-варзиширо баҳогузорӣ намуда, вобаста ба ташкил ва интихоби усулҳои гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ дар доираи нақшаи тасдиқгардида пешниҳодҳои илмӣ-экспертӣ манзур менамояд.

15. Комиссияи доимӣ тибқи тартиби муқарраршуда ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муфассал ва таҳлилӣ пешниҳод менамояд.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 марти соли2021,№ 94

Ҳайати Комиссияи доимӣ оид ба таъмини тайёрии зарурӣ ва иштироки бомуваффақи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозиҳо ва мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ

муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа), раиси Комиссияи доимӣ;

раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Комиссияи доимӣ;

котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби масъули Комиссияи доимӣ.

Аъзои Комиссияи доимӣ:

вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик";

директори генералии корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта";

сардори корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон";

раиси ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ориёнбонк";

раиси ташкилоти ҷамъиятии "Федератсияи футболи Тоҷикистон";

раиси ассотсиатсияи миллии намудҳои варзиши зимистонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;

муовини якуми раиси вилояти Суғд;

муовини якуми раиси вилояти Хатлон;

муовини якуми раиси шаҳри Душанбе;

муовинони якуми раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.

 

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 27 марта 2021 года, №94

Положение о Постоянной комиссии по обеспечению необходимой подготовки и успешного участия спортсменов Республики Таджикистан в международных спортивных играх и соревнованиях высокого уровня

1.ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Положение о Постоянной комиссии по обеспечению необходимой подготовки и успешного участия спортсменов Республики Таджикистан в международных спортивных играх и соревнованиях высокого уровня (далее Положение) определяет цели, задачи и порядок организации деятельности Постоянной комиссии по обеспечению необходимой подготовки и успешного участия спортсменов Республики Таджикистан в международных спортивных играх и соревнованиях высокого уровня (далее - Постоянная комиссия).

2. Постоянная комиссия в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан "О физической культуре и спорте" и "О спортивной подготовке", иными нормативными правовыми актами, а также международными правовыми актами, признанными Таджикистаном и настоящим Положением.

3. Постоянная комиссия осуществляет свою деятельность непосредственно, а также во взаимодействии с министерствами и ведомствами, Советом по развитию физической культуры и спорта при Правительстве Республики Таджикистан, международными организациями и другими физкультурно-спортивными организациями.

2. ЦЕЛИ И ОСНОВНЫЕ ЗАДАЧИ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ ПОСТОЯННОЙ КОМИССИИ

4. Постоянная комиссия с целью обеспечения необходимой подготовки и успешного участия спортсменов Республики Таджикистан в международных спортивных играх и соревнованиях высокого уровня (далее - Олимпийские игры и Азиатские игры), осуществляет свою деятельность в соответствии с международными требованиями к осуществлению спортивной подготовки, повышению спортивного потенциала высоко-квалифицированных спортсменов и стимулированию олимпийского резерва.

5. Основные задачи деятельности постоянной Комиссии:

- разработка и реализация комплекса организационных мероприятий, направленных на обеспечение надлежащей подготовки и успешного участия спортсменов Республики Таджикистан в Олимпийских играх и Азиатских играх;

- координация деятельности министерств и ведомств, местных исполнительных органов государственной власти, предприятий, учреждений, других республиканских и международных организаций, участвующих в подготовке спортсменов Республики Таджикистан к Олимпийским играм и Азиатским играм;

- привлечение опытных и высококвалифицированных отечественных и иностранных специалистов для обеспечения эффективной подготовки спортсменов, достижения высоких спортивных результатов и завоевания наивысших показателей на Олимпийских играх и Азиатских играх;

- рассмотрение и представление внесение вопроса о привлечении профессиональных спортсменов в состав сборных команд Республики Таджикистан по видам спорта;

- разработка предложений по совершенствованию системы подготовки спортсменов к Олимпийским играм и Азиатским играм в соответствии с современными требованиями для обеспечения достижения ими высших спортивных результатов;

- разработка предложений по повышению эффективности способов и методов проведения и организации спортивных мероприятий и привидению их в соответствие с современными требованиями;

- принятие необходимых мер по привлечению благотворителей, добровольных выплат физических и юридических лиц для подготовки спортсменов к Олимпийским играм и Азиатским играм и таким способом решение вопроса о спонсорстве Фонда олимпийской поддержки Национального олимпийского комитета Таджикистана;

- развитие потенциала олимпийского резерва, способного достойно представить республику в последующих Олимпийских играх, Азиатских играх, чемпионате мира и других международных спортивных мероприятиях;

- анализ реализации планов деятельности Постоянной комиссии;

- координация и обеспечение условий труда специалистов, консультантов, международных и отечественных экспертов по подготовке спортсменов;

- другие виды деятельности, не запрещенные законодательством Республики Таджикистан, решение которых возложено на Постоянную Комиссию.

3. ПРАВА И ОБЯЗАННОСТИ ПОСТОЯННОЙ КОМИССИИ

6. Постоянная комиссия для реализации целей и задач имеет следующие права:

- сотрудничать с отечественными, зарубежными и международными государственными, общественными, благотворительными и другими организациями, а также с физическими и юридическими лицами в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;

- в установленном порядке получать и использовать необходимые материалы от государственных органов, общественных организаций, физических и юридических лиц для поэтапной подготовкой спортсменов к Олимпийским играм и Азиатским играм;

- утверждать список спортивных сооружений, рассмотривать предложения по ремонту и оснащению спортивных сооружений в соответствии с международными требованиями для проведения беспреривных тренировочноспортивных сборов и обеспечения эффективной подготовки к Олимпийским играм и Азиатским играм;

- привлекать специалистов министерств и ведомств, соответствующих организаций для подготовки материалов Постоянной комиссии;

- координировать деятельность соответствующих министерств и ведомств для создания благоприятных условий для военнослужащих, обучающихся учебных заведений, привлеченных в состав сборной команды Республики Таджикистан, для обеспечения их качественной подготовки к Олимпийским играм и Азиатским играм;

- осуществление иных прав, предусмотренных нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

7. В обязанности Постоянной комиссии входят:

- разработка программы и плана подготовки спортсменов Республики Таджикистан к Олимпийским играм и Азиатским играм, а также их обеспечение и эффективная реализация;

- проведение мероприятий, связанных с подбором, подготовкой и повышением мастерства талантливых и перспективных спортсменов из числа тренерующихся в учереждениях спортивной подготовки со всей территории Республики Таджикистан и организация их подготовки по повышению спортивного мастерства;

- внедрение современных научно-методических технологий процесса подготовки сборных команд, проведение регулярных тренировочноспортивных сборов (продолжающихся круглый год) для основного состава спортсменов с обеспечением их постоянного участия в международных спортивных соревнованиях и привлечение в качестве тренера высоко-квалифицированных иностранных специалистов, имеющих опыт успешной подготовки олимпийскых сборных команд;

- рассмотрение и решение вопроса о привлечении профессиональных спортсменов из иностранных государств по видам спорта в сборную команду страны в качестве спортсмена - инструктора;

- создание благоприятных условий для спортсменов, тренеров и других специалистов сборных команд Республики Таджикистан по месту их проживания для их эффективной подготовки к Олимпийским играм и Азиатским играм;

- рассмотрение и решение вопросов обеспечения спортсменов необходимым спортивным инвентарём, их медицинского и фармакологического обеспечения;

- обеспечение финансирования Фонда олимпийской поддержки Национального олимпийского комитета Таджикистана посредством добровольных взносов спонсоров на договорном основе;

- разработка, утверждение и реализация совместно с уполномоченным государственным органом в сфере физической культуры и спорта и Национальным олимпийским комитетом Республики Таджикистан ежегодного плана мероприятий подготовки спортсменов к Олимпийским играм и Азиатским играм;

- создание благоприятных условий для подготовки спортивного и олимпийского резерва на основе дальнейшего развития школ высшего спортивного мастерства и центров олимпийской подготовки;

- закрепление за спортивным федерациями по олимпийским видам спорта спортивнных сооружении, и их необходимый ремонт оснащение спортивным инвентарем, отвечающим мировым стандартам;

- совершенствование механизма финансирования спортсменов, оказания им медицинских услуг;

- привлечение физических и юридических лиц на договорной основе в качестве спонсоров Фонда олимпийской поддержки Национального олимпийского комитета Таджикистана;

- проведение мониторинга своевременного и полного выполнения мероприятий, направленных на обеспечение эффективной подготовки и участия спортсменов Республики Таджикистан на Олимпийских играх и Азиатских играх;

- проведение мониторинга использования средств, выделяемых на подготовку и участие спортсменов на Олимпийских играх и Азиатских играх;

- осуществление контроля и мониторинга своевременного выполнения решений, принятых Постоянной комиссией по реализации задач, предусмотренных планом и программами обеспечения подготовки и участия спортсменов на Олимпийских играх и Азиатских играх;

- подготовка информации Правительству Республики Таджикистан о состоянии подготовки спортсменов к Олимпийским играм и Азиатским играм и результатах выполнения утвержденого плана мероприятий, а также эффективного осуществления деятельности;

- внесение предложений и сведений Правительству Республики Таджикистан по эффективному использованию средств, консультационных услуг, выполнению работ по обеспечению подготовки и участия спортсменов к Олимпийских играм и Азиатских играм;

- выполнение иных обязательств, предусмотренных нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, связанных с направлением деятельности.

8. Постоянная комиссия несёт ответственность за обеспечение необходимого уровня спортивной подготовки членов национальных сборных команд страны по видам спорта на Олимпийских играх и Азиатских играх, получение спортсменами путевки для участия в играх и их успешного выступления.

4. ПОЛНОМОЧИЯ ПРЕДСЕДАТЕЛЯ И ОТВЕТСТВЕННОГО СЕКРЕТАРЯ ПОСТОЯННОЙ КОМИССИИ

9. Председатель Постоянной комиссии:

- осуществляет руководство деятельностью постоянной Комиссии и председательствует на заседаниях Постоянной комиссии;

- по согласованию с членами Постоянной комиссии определяет повестку дня на заседаниях Постоянной комиссии;

- представляет Постоянную комиссию в отношениях с государственными органами и общественными организациями;

- в установленном порядке в пределах своих полномочий даёт указания и поручения членам Постоянной комиссии;

- осуществляет в установленном порядке иные полномочия.

10. Ответственный секретарь Постоянной комиссии:

- осуществляет подготовительную работу к заседаниям Постоянной комиссии;

- осуществляет непосредственный контроль за выполнением решений Постоянной комиссии;

- осуществляет сотрудничество с соответствующими государственными и общественными органами, функционирующими сфере в физической культуры и спорта;

- выполняет другие поручения председателя Постоянной комиссии;

- осуществляет в установленном порядке иные полномочия.

5. ОРГАНИЗАЦИЯ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ ПОСТОЯННОЙ КОМИССИИ

11. Заседания Постоянной комиссии проводятся в случае, если присутствуют две трети от общего числа членов. Решение Постоянной комиссии принимается большинством голосов присутствующих членов на заседании, и оформляется протоколом заседания. Протокол подписывается председателем Постоянной комиссии или председательствующим на заседании.

12. Для выполнения конкретных и неотложеных задач могут быть сформированы один или несколько секретариатов Постоянной комиссии из числа представителей государственных органов, соответствующих министерств и ведомств, а также организаций.

13. Руководители секретариатов отчитываются на заседании Постоянной комиссии о выполнении предусмотренных задач.

14. При Постоянной комиссии может создаваться ревизионный совет из числа отечественных и зарубежных ученых и специалистов, которые оценивают выбор методики тренировочно-спортивного процесса, в зависимости от методов организации и выбора проведения спортивных мероприятий предоставляют научно-экспертные предложения в рамках утвержденного плана.

15. Постоянная комиссия в установленном порядке ежеквартально представляет Правительству Республики Таджикистан подробные и аналитические отчеты.

Приложение 2

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 27 марта 2021 года, №94

Состав Постоянной комиссии по обеспечения необходимой подготовки и успешного участия спортсменов Республики Таджикистан в международных спортивных играх и соревнованиях высокого уровня

заместитель Премьер-министра Республики Таджикистан (куратор отрасли), председатель Постоянной комиссии;

председатель Комитета по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан, заместитель председателя Постоянной комиссии;

генеральный секретарь Национального олимпийского комитета Республики Таджикистан, ответственный секретарь Постоянной комиссии.

Члены Постоянной комиссии:

министр здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан;

министр образования и науки Республики Таджикистан;

министр внутренних дел Республики Таджикистан;

министр промышленности и новых технологий Республики Таджикистан;

министр сельского хозяйства Республики Таджикистан;

министр транспорта Республики Таджикистан;

председатель Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан;

председатель Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан;

председатель Комитета по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан;

директор Агентства по государственным материальным резервам при Правительстве Республики Таджикистан;

начальник Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан;

начальник Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан;

председатель открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик";

генеральный директор государственного унитарного предприятия "Точиксугурта";

председатель государственного унитарного предприятия "Рохи охани Точикистон";

начальник открытого акционерного общества "Ориёнбонк";

председатель общественной организации "Федерация футбола Таджикистана";

председатель национальной ассоциации зимних видов спорта Республики Таджикистан;

первый заместитель председателя Горно-Бадахшанской автономной области;

первый заместитель председателя Согдийской области;

первый заместитель председателя Хатлонской области;

первый заместитель председателя города Душанбе;

первые заместители председателей городов и районов республиканского подчинения.