Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2021, № 94 "Дар бораи масъалаҳои таъмини тайёрии зарурӣ ва иштироки бомуваффақи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозиҳо ва мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи масъалаҳои таъмини тайёрии зарурӣ ва иштироки бомуваффақи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозиҳо ва мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ

Мутобиқи моддаи 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Комиссияи доимӣ оид ба таъмини тайёрии зарурӣ ва иштироки бомуваффақи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозиҳо ва мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ таъсис дода шавад.

2. Низомнома ва ҳайати Комиссияи доимӣ оид ба таъмини тайёрии зарурӣ ва иштироки бомуваффақи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозиҳо ва мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

3. Комиссияи доимӣ оид ба таъмини тайёрии зарурӣ ва иштироки бомуваффақи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозиҳо ва мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ дар муҳлати ду моҳ ҷиҳати таъсиси Фонди дастгирии олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон чораҷӯй намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ Раҳмон

аз 27 марти соли 2021, № 94

ш. Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О вопросах обеспечения необходимой подготовки и успешного участия спортсменов Республики Таджикистан в спортивных играх и соревнованиях высокого международного уровня

В соответствии со статьей 28 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Создать Постоянную комиссию по обеспечению необходимой подготовки и успешного участия спортсменов Республики Таджикистан в спортивных играх и соревнованиях высокого международного уровня.

2. Утвердить положение и состав Постоянной комиссии по обеспечению необходимой подготовки и успешного участия спортсменов Республики Таджикистан в спортивных играх и соревнованиях высокого международного уровня (приложения 1 и 2).

3. Постоянной комиссии по обеспечению необходимой подготовки и успешного участия спортсменов Республики Таджикистан в спортивных играх и соревнованиях высокого международного уровня в течение двух месяцев принять меры по созданию Фонда олимпийской поддержки Национального олимпийского комитета Таджикистана.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 27 марта 2021 года, №94