Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, № 53 " Дар бораи Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024, Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024 ва ҷадвали маблағгузории Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024 дар миқёси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2 ва 3).

2. Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо амалигардонии самараноки барномаи мазкурро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои махсус ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин намояд.

3. Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" оид ба рафти иҷрои барномаи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нимсола маълумот манзур намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

аз 27 феврали соли 2021, № 53

ш. Душанбе