Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз аз 27 феврали соли 2021, №52
Барномаи давлатии "Муҳити дастрас" барои солҳои 2021-2025
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи давлатии "Муҳити дастрас" барои солҳои 2021-2025 (минбаъд - Барнома) барои рушди тадбирҳои дастгирии иҷтимоии маъюбон, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати иштирок дар ҳаёти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо таҳия гардидааст.
2. Барнома мақсад, вазифа, афзалият ва тадбирҳои таъмини дастрасии бемамониати маъюбон ба иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ (биноҳои манзилӣ, ҷамъиятӣ ва истеҳсолӣ, иншооти варзишӣ, маҳалҳои истироҳат, иншооти фарҳангӣ-маърифатӣ ва муассисаву иншооти дигар), инчунин қоидаҳои истифодаи бемонеаи нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, автомобилии байнишаҳрӣ ва ҳамаи намудҳои нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ, воситаҳои алоқа ва иттилоот аз ҷониби онҳоро муайян менамояд.
3. Ташкили муҳити фаъолияти ҳаётии барои маъюбон дастрас яке аз самтҳои сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад, ки натиҷаҳои амалии он бояд барои маъюбон имкониятҳои ба шаҳрвандони дигар баробарро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт таъмин намояд.
4. Барнома ба татбиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ оид ба таъмини дастрасии маъюбон ба иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ (бино ва иншооти манзилӣ, ҷамъиятӣ ва истеҳсолӣ, инчунин иншооти нақлиётӣ, маҳалҳои истироҳатӣ ва ғайраҳо) ва барои маъюбон муҳайё намудани шароити фаъолияти ҳаётии баробар бо табақаҳои боқимондаи аҳолӣ ҳангоми таҳия, мувофиқакунӣ ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмон ва азнавсозии онҳо, инчунин танзими асосҳои муносибатҳои мутақобилаи иштирокчиёни ҷараёни сармоягузорӣ дар самти лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид ва истифодаи иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ, мутобиқшавии иҷтимоӣ, тавонбахшӣ ва ҳамгироии маъюбон дар ҷомеа равона гардидааст.
5. Мақсади барнома таъсиси муҳити дастрас барои фаъолияти маъюбон мебошад. Дар барнома давраи миёнамуҳлат захираҳои ташкилӣ ва молиявӣ мутамарказонида шуда, муносибати маҷмӯӣ барои ҳалли мушкилоти ҳамгироӣ ва иҷтимоикунонии маъюбон таъмин мегардад. Бо барнома дастрасии маъюбон ба инфрасохтори иҷтимоӣ, нақлиётӣ, муҳандисӣ ва хизматрасониҳо, баланд бардоштани сатҳ ва сифати ҳаёти онҳо таъмин мегардад.
6. Вазифаҳои барнома:
- мушоияти меъёрии ҳуқуқии ташаккули инфрасохтори иҷтимоӣ, нақлиётӣ ва муҳандисии дастрас барои маъюбон, ташаккули низоми мониторинг ва назорати таъмини дастрасии инфрасохтори иҷтимоӣ ва нақлиётӣ барои маъюбон;
- мутобиқгардонии иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ, нақлиётӣ ва муҳандисӣ барои дастрасии бемамониати маъюбон, гирифтани хизматрасонӣ бо дар назар доштани талаботи махсуси онҳо вобаста ба маҳдудияти асосии фаъолияти ҳаётӣ;
- мутобиқ намудани интернет-захираҳо ва воситаҳои алоқа, инчунин пешниҳоди хизматрасонӣ дар соҳаи иттилоотонӣ ва алоқа;
- ташаккул додани муносибати таҳаммулпазиронаи ҷомеа ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд.
7. Бо Барнома ҳалли масъалаҳои зерин дар таъмини муҳити дастрас ҷиҳати фаъолияти ҳаётии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад:
- норасоӣ ва номукаммалии танзими қонунгузорӣ ва меъёрӣ дар сатҳи гуногун;
- мавҷуд набудани ҳуҷҷатгузории дастрасии танзимкунанда;
- мавҷуд набудан ё самаранок набудани ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, соҳибкорӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон оид ба фароҳам овардани муҳити дастрас, аз он ҷумла ҳангоми амалӣ шудани барнома ва чорабиниҳои алоҳида;
- парокандагии амалҳо;
- огоҳии сатҳи паст ва фаъолнокии ками аҳолӣ.
2. ТАВСИФ ВА ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ МУШКИЛОТ
8. Шарт ва воситаи муҳимми таъмини имконияти иштироки маъюбон дар ҳаёти ҷомеа дар баробар бо шаҳрвандони дигар ташаккули муҳити дастраси фаъолияти ҳаётӣ барои маъюбон, аз ҷумла дастрасии бемамониати маъюбон ба иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ, истифодаи бемонеаи ҳама гуна воситаҳои нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ, воситаҳои алоқа ва иттилоот мебошад.
9. Муҳити дастраси фаъолияти ҳаётӣ шарти асосии ҳамгироии маъюбон ба ҷомеа маҳсуб меёбад. Қобилияти маъюбон барои субъектҳои мустақили иқтисодӣ будан, иштироки онҳо дар ҳаёти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷомеа сатҳи татбиқи ҳуқуқи онҳоро ҳамчун шаҳрвандони давлати иҷтимоӣ инъикос намуда, барои татбиқи тавону имконияти онҳо шароит фароҳам меоварад, ки ин барои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат мусоидат менамояд.
10. Ба ҳолати 1 январи соли 2020 дар ҷумҳурӣ 149709 маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 28627 нафарро кӯдакони маъюб ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии маъюбони ҷумҳурӣ 33000 маъюб истифодабарандаи аробача, зиёда аз 9000 маъюби бо мушкилоти шунавоӣ ва суханронӣ, 8000 маъюби бо мушкилоти биноӣ ба қайд гирифта шудааст.
11. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ташаккули муҳити дастраси фаъолияти ҳаётӣ барои маъюбон шароит муҳайё карда мешавад.
12. Бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон", "Дар бораи маориф", "Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ", "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш", "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ", Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳои дигар талабот муайян гардидааст, ки ба маъюбон (аз ҷумла маъюбоне, ки бо аробача ҳаракат мекунанд) барои дастрасии бемамониат ба иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ, инчунин истифодаи бемонеаи нақлиёти роҳҳои оҳан, ҳавоӣ, нақлиёти автомобилии байнишаҳрӣ ва ҳама гуна нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ, воситаҳои алоқа ва иттилоот аз ҳисоби маблағҳои соҳибмулкони ин иншоот шароит муҳайё намоянд.
13. Қонунгузории ҷумҳурӣ ҳамчунин муқаррар менамояд, ки банақшагирӣ ва сохтмони шаҳрҳо, маҳалҳои дигари аҳолинишин, ташаккули маҳаллаҳои аҳолинишин ва минтақаҳои истироҳат, таҳияи қарорҳои лоиҳавӣ барои сохтмони нав ва таҷдиди биноҳо, иншоот ва маҷмааҳои онҳо бо мутобиқгардонии иншооти болозикр барои дастрасӣ ва истифодабарии онҳо аз тарафи маъюбон ба роҳ монда шавад. Илова бар ин, фаъолияти алоқаманд бо татбиқи талаботи дастрасии маъюбонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ (регламентҳои техникӣ, стандартҳои давлатӣ, меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ ва ғайраҳо, ки ба Номгӯйи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонии амалкунанда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 июл нашр мешавад) мутобиқанд, ба танзим медароранд ва ба онҳо метавон инҳоро дохил намуд:
- Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МҚШ ҶТ 35-01-2012 "Дастрасии бино ва иншоот ба гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ";
- Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МҚШ ҶТ 30-01-2018) "Шаҳрсозӣ. Банақшагирӣ ва бунёди маҳалҳои аҳолинишин";
- Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МҚШ ҶТ 31-01-2018) "Биноҳои истиқоматии бисёрманзил";
- Меъёру қоидаҳои сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон (МҚС ҶТ 35-02-2019) "Муассисаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони маъюб";
- Меъёру қоидаҳои сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МҚС ҶТ 31-02-2007) "Бино ва иншооти ҷамъиятӣ";
- Дастуру роҳнамоҳои низоми ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҲРС ҶТ 11-201-2020) "Таркиб ва тартиби таҳияи лоиҳаҳои кории сохтмони бино ва иншоот. Фасли 10. "Чорабиниҳо оид ба таъмини дастрасӣ барои гурӯҳи камҳаракати аҳолӣ".
14. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маъюбон ҳуқуқи гирифтани иттилоотро дар шакли ба онҳо дастрас муқаррар менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ" барои маъюбон ҳуқуқи хизматрасонии китобдорӣ ва гирифтани ҳуҷҷатҳоро дар ҳомилҳои махсуси иттилоот, китобхонаҳои махсус ва дигари дастраси умум пешбинӣ менамояд.
15. Сомонаҳои расмии вазорату идораҳо бояд барои дастрасии шахсони имконияташон маҳдуд бо роҳи пешниҳоди низоми садобардории муҳтавои иттилоот мутобиқ карда шаванд.
16. Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 марти соли 2018 Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро ба имзо расонид, ки нишондиҳандаи омодагии кишвар барои ташаккули шароити ба риояи стандартҳои байналмилалии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайраи маъюбон равона мегардад.
17. Тибқи ин Конвенсия давлатҳои иштирокчӣ дар баробари шаҳрвандони дигар бояд барои таъмини маъюбон ба дастрасӣ ба муҳити ҷисмонӣ, нақлиёт, иттилоот ва алоқа, инчунин иншоот ва хизматрасонии дигар ба таври кушода ё ба аҳолӣ пешниҳодшуда тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ин тадбирҳо, ки ошкор ва бартараф намудани монеаҳои халалрасон ба дастрасиро фаро мегиранд, аз он ҷумла бояд дар ҷойҳои зерин истифода шаванд:
- биноҳо, роҳҳо, нақлиёт ва иншооти дигар, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҷойҳои корӣ;
- хадамоти иттилоотӣ, коммуникатсионӣ ва ғайраҳо, аз ҷумла хадамоти электронӣ ва таъҷилӣ.
18. Самти афзалиятноки рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ таъсис додани муҳити умумибашарии бемонеа барои таҳсилоти фарогирии кӯдакони маъюб мебошад. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2011 ташаббусе, ки ҷиҳати рушду такмили таҳсилоти фарогирии кӯдакон дар ҷумҳурӣ тавассути Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 равона гардидааст, дастгирӣ карда мешавад.
19. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таъмини дастрасии кӯдакон ба талаботи махсус ҳамаи шакл ва усулҳои таълим ташкил карда шудааст, аз ҷумла кӯдакони мазкур дар хона, мактабҳои махсусгардонидашуда ва муассисаҳои алоҳидаи таълимии таҳсилоти умумӣ таълим мегиранд.
20. Айни замон дар ҷумҳурӣ фаъолияти як қатор муассисаҳои таълимии махсусгардонидашуда барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, аз ҷумла барои кӯдакони нобино, ношунаво, гунг, шунавоиашон паст ва бемории руҳидошта ба роҳ монда шудааст, ки бо таълиму тарбияи чунин гурӯҳи кӯдакон машғул мебошанд. Дар низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 муассисаи таълимии томактабӣ амал мекунад, ки барои кӯдакони синни томактабии имконияташон маҳдуд ба фарогирии 730 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Шумораи мактаб-интернатҳо дар ҷумҳурӣ 64 адад мебошад, ки аз онҳо 18 мактаб-интернатҳои иҷтимоии навъи омехта, 11 мактаб барои кӯдакони имконияташон маҳдуд буда, 5 адади дигар барои кӯдакони гирифтори бемории силанд. Дар муассисаҳои мазкур 8971 кӯдак (543 духтар) таълиму тарбия мегиранд, ки аз онҳо 1895 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд мебошанд. Кӯдакони имконияташон маҳдуд асосан дар муассисаҳои махсусгардонидашуда (барои кӯдакони шунавоиашон паст, нобино, ихтилои сухан, маъюби зеҳнӣ, маъюби узвҳои такягоҳӣ-ҳаракатӣ, аз ҷиҳати ақлонӣ қафомонда) таҳсил менамоянд.
21. Дар низоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии "Литсейи касбии махсуси маъюбон" бо филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳо фаъолият дорад, ки дар онҳо маъюбон аз рӯи ихтисосҳои гуногун таҳсилоти ибтидоии касбӣ мегиранд.
22. Аз ҷониби вазорату идораҳои давлатӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ як қатор лоиҳаҳо амалӣ мешаванд, ки ба рушди таҳсилоти фарогирӣ нигаронида шудааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ 4 маркази рӯзона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар шаҳрҳои Хоруғ, Кӯлоб, Ҳисор ва ноҳияи Восеъ амал мекунад.
23. Бо мақсади таъмини шароит барои татбиқи ҳуқуқҳои асосии таълимӣ ва иҷтимоӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра дар таҷрибаи муассисаҳои зертобеи иҷтимоӣ амалӣ менамояд ва шаклҳои нави расонидани хизмати иҷтимоиро ба кӯдакони имконияташон маҳдуд ба воситаи марказҳои рӯзона рушд медиҳад. Айни замон дар ҷумҳурӣ, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Исфараи вилояти Суғд ва шаҳри Бохтари вилояти Хатлон машваратҳои равонӣ-тиббӣомӯзгорӣ фаъолият доранд. Машваратҳои равонӣ-тиббӣ-омӯзгорӣ доираи васеи мутахассисон, аз ҷумла кормандони иҷтимоӣ, мутахассисон-омӯзгорон оид ба норасоиҳои гуногуни инкишофи кӯдакро дар бар мегирад.
24. Новобаста ба он ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ташаккули муҳити дастрас барои маъюбон бо қонунгузории кишвар ба танзим дароварда мешавад, вале татбиқи амалии он нокифоя аст.
25. Қисми зиёди биноҳои манзилии ба истифода додашуда, дармонгоҳҳо, беморхонаҳо, иншооти дигари соҳаҳои иҷтимоӣ, иншооти нақлиётии шабакаҳои роҳҳо дастрасии онҳоро барои маъюбон ба назар нагирифтаанд. То кунун дар нуқтаҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври пурра барои дастрасии бемамониати маъюбон ба иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ, бино ва иншооти ҷамъиятӣ ва истеҳсолӣ шароит фароҳам оварда нашудааст. Маъюбон дар ҷумҳурӣ барои ҳаракат аробачаҳои маъюбӣ, асо, воситаҳои дигари махсус ва ё кумаки атрофиёнро истифода мекунанд ва ба ҳамаи ин иншоот вобаста ба гирифтор шудан ба бемории гуногуни низоми узвҳои такягоҳӣ-ҳаракатӣ ва ё осебгирии қисми поёнӣ (пойҳо) дастрасӣ надоранд.
26. Манфиати шахсонеро, ки маъюбии шунавоӣ ва биноӣ доранд, ба назар гирифтан лозим аст, зеро онҳо низ ҳангоми истифодаи иншооти зикргардида ба душворӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Сомонаҳои расмии вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот барои маъюбон мутобиқ карда нашудаанд. Чароғакҳои роҳгузар барои нобиноён бо сигналҳои овозӣ мукаммал гардонида нашудаанд. Дар китобхонаҳои дастрасии умумии кишвар барои маъюбон, аз он ҷумла барои нобиноён ҷиҳати гирифтани ҳуҷҷатҳо дар ҳомили махсуси иттилоот (шрифти Брайл) шароит фароҳам оварда нашудааст, китобхонаҳои махсус барои нобиноён вуҷуд надоранд. Хизматрасонии иттилоотӣ вобаста ба сатри равони барномаҳои телевизионӣ дар сатҳи кофӣ пешниҳод намегарданд. Кори сатри равондошта ҳам тавассути ворид кардани навиштаҷоти навории мувофиқ ва ҳам ба воситаи хатти равон гузаронида мешавад. Ҳамаи ин монеаҳо барои гирифтани дастрасӣ ба иттилоот ба маъюбон душворӣ пеш меоранд.
27. Айни замон сатҳи таъминот бо иншооти варзишӣ барои машғулияти мувофиқшудаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар байни варзишгарон-маъюбон нокифоя боқӣ мондааст.
28. Нақлиёти ҷамъиятии шаҳрҳо, ки хизматрасонии он заминаи муҳимми ҳамгироии иҷтимоӣ мебошад, қисман ба имкониятҳои маъюбон мутобиқ гардонида шудааст. Қисми гузаргоҳҳои кӯчаҳо дар бисёр ҳолат ҳаракати маъюбонро дар аробачаҳои маъюбӣ таъмин карда наметавонанд, мушкилоти иловагӣ барои ҳаракат бо аробачаҳо ба миён меорад. Дар чароғакҳои роҳ таҷҳизоти овозӣ барои маъюбон вуҷуд надорад.
29. Зарур аст, ки иштироки созмонҳои ҷамъиятӣ ва падару модарон ҷиҳати таъсиси муҳити мутобиқ барои маъюбон васеъ карда шавад. Имконият барои худамалисозӣ ва иҷтимоикунонии маъюбон, кӯдакони имконияташон маҳдуд тавассути амалисозии чорабиниҳои аҳаммияти иҷтимоидошта ва намудҳои гуногуни фаъолияти иҷтимоӣ ва эҷодӣ ба таври нокифоя таъмин гардидааст. Дар муҳити ҷамъиятӣ ва фазои таълимӣ огоҳии нокифояи аҳолӣ оид ба ҳуқуқ ва имкониятҳои маъюбон ба мушоҳида мерасад.
30. Ба ҳамгироии иҷтимоии маъюбон монеаҳои эҳсосӣ халал мерасонанд, ки ин муносибат барқароркунии иҷтимоии маъюбонро бо атрофиёнашон душвор мегардонад.
31. Бинобар номувофиқ будани бино ва иншоот, роҳгузар ва истгоҳҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ, воситаҳои алоқа ва иттилоот барои истифодаи маъюбон душвор буда, ё ин ки баҳрабардорӣ аз бисёр хизматрасониҳои тиббӣ, иҷтимоӣ, таълимӣ, маишӣ, фарҳангӣ ва иштироки баробарҳуқуқии онҳоро дар ҳаёти ҷомеа номумкин мегардонад.
32. Бинобар набудани муносибати маҷмӯӣ ба ҳалли масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ - таъсиси имконияти баробар барои маъюбон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо роҳи таъмини дастрасии муҳити ҷисмонӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ як қатор мушкилот ташаккул ёфтааст, аз ҷумла:
- номукаммалии қонунгузорӣ ва танзими меъёрии масъалаҳои таъмини муҳити дастрас барои маъюбон - нопуррагӣ ва ҳамоҳангии номукаммали санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, инчунин меъёр, қоида ва стандартҳои барои иҷро хусусияти тавсиявидошта, ки шароитҳои ташаккули муҳити дастраси фаъолияти ҳаётии маъюбонро муайян менамоянд;
- муносибати рӯякӣ ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтмон барои ҳалли масъалаи дастрасӣ, ки дар натиҷаи он талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрию техникии амалкунанда оид ба масъалаҳои дастрасӣ дар ҳаҷми пурра иҷро намегарданд;
- унсурҳои амалинамудаи дастрасии сохтмон ба маъюбон имконият намедиҳанд, ки аз онҳо тибқи вазифа, ба пуррагӣ ва самаранок истифода баранд;
- мавҷуд набудан ва ё бесамарагии ҳамоҳангии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, соҳибкорӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон оид ба фароҳам овардани муҳити дастрас, аз ҷумла ҳангоми татбиқи барномаҳои мақсаднок ва чорабиниҳои ҷудогона;
- норасоиҳо ҳангоми ташхиси лоиҳаҳо, мавҷуд набудани низоми ташхис ва назорати мустақил дар соҳаи лоиҳакашӣ, сохтмон ва таҷдиди иншоот аз нуқтаи назари дастрасӣ барои маъюбон.
33. Ҳал нагардидани мушкилоти дастрасии маъюбон ба муҳити фаъолияти ҳаётӣ як қатор оқибатҳои ҷиддии иҷтимоӣ-иқтисодиро ба бор меорад:
- рӯйпӯши ошкорои фаъолнокии меҳнатӣ ва иҷтимоии маъюбон, ки ба шуғл, сатҳи таҳсилот ва фарҳангии маъюбон, сатҳ ва сифати ҳаёти онҳо ба таври манфӣ таъсир мерасонад;
- маҷбуран ҷудо нигоҳ доштани маъюбон, ки гузаронидани чорабиниҳои тиббӣ, иҷтимоӣ ва равонии тавонбахши маъюбонро душвор мегардонад, афзоиши талаботи маъюбонро ба хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ дар шароити статсионарӣ ва хона муайян менамояд;
- муносибати манфӣ ба маъюбон дар мафкураи умум, ки зарурати гузаронидани корҳои муносиби фаҳмондадиҳӣ ва таълимӣ-иттилоотиро ба миён меоварад;
- нороҳатӣ ва маҳдудияти фаъолияти ҳаётии маъюбон.
34. Бо мақсади таъмини баҳисобгирии иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ ва ҳолати дастрасии онҳо барои маъюбон бояд бақайдгирии (шиносномакунонии) иншооти соҳаҳои афзалиятноки фаъолияти ҳаётӣ гузаронида шавад. Шиносномакунонӣ метавонад дараҷаи мутобиқатии ҷиҳати беҳтар кардани дастрасӣ зарурбударо дақиқ намуда, ба сифати асос барои таҳияи барномаи дарозмуҳлат ва ҷиҳати тадриҷан ноил шудан ба беҳбудӣ дар самти дастрасӣ истифода шавад.
35. Бино бояд барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ - занони ҳомила, модарон бо аробачаҳои кӯдакона, одамони синну солашон барҷомондаи дорои норасоии амалкардӣ, харидорон бо бағоҷи дастӣ ва ғайраҳо мувофиқ карда шавад.
36. Чорабиниҳои лоиҳавӣ-ташкилӣ бояд на барои дастрасии бино ба маъюбон ҳамчун мақсади шахсии онҳо, балки барои бемонеа гирифтани хизматрасонии талаботии онҳо равона карда шаванд. Агар дастрасии рӯякии бино бо воситаҳои банақшагирӣ ва муҳандисӣ ба даст оварда шавад, он гоҳ дастрасии гирифтани хизматрасонӣ аз чорабиниҳои ташкилӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, таъмини дастрасии муҳит барои маъюбон яке аз мушкилоти муҳими иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба шумор меравад.
37. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №834 Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки вазифаи асосии он мусоидат намудан ба ҷараёни татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии маъюбон мебошад.
38. Талаботи зиёд барои таъмини дастрасии биноҳо, ки ба вазифаҳои муосири ҳифзи иҷтимоӣ мувофиқат кунад ва дар робита ба ин зарурати ҳалли масъалаҳо оид ба таъмини дастрасии бино, иншоот ва сохтмонҳо барои маъюбон қабул ва татбиқи маҷмӯи чорабиниҳои самараноки ташкилӣ-техникӣ ва меъёриро пеш меоварад.
39. Бо дар назар доштани мушкилоти мавҷуда имконияти таҳия ва татбиқи Барномаи мазкур ба миён омад, ки маҷмӯи чорабиниҳои бо мақсадҳои мушаххас алоқаманд, захираҳо, муҳлати татбиқ ва шахсони масъулро пешбинӣ менамояд ва муносибатҳои бонизоми ҳалли мушкилоти маъюбонро бо методҳои барномавӣ-мақсаднок ҳамчун ҳалли нисбатан мақсадноки тавонбахшии маҷмӯии маъюбон, инчунин зарурати ҷалби як қатор сарчашмаҳои маблағгузориро таъмин менамояд.
40. Воситаи самараноки татбиқи муносибати маҷмӯӣ барои ҳалли мушкилоти дастрасӣ ба иншоот ва хизматрасонӣ барои маъюбон ҳамкориҳои байниидоравии ҳамаи сохторҳои манфиатдор, аз ҷумла мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилот ва ҷомеа мебошад. Таъмини ҳамкориҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон аз тарафи Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯроҳо оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №834 "Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шудаанд, амалӣ карда мешавад.
3. САМТҲОИ АСОСИИ БАРНОМА
41. Барои ҳалли вазифаҳои барнома татбиқи маҷмӯи чорабиниҳои ба ҳам алоқаманд ва ҳамоҳанггардида оид ба ташаккули муҳити дастрас барои маъюбон ба нақша гирифта шудааст.
42. Самти асосии барнома ин ташкили раванди ҳуқуқии ташаккули муҳити дастраси инфрасохтори иҷтимоӣ ва нақлиётӣ барои маъюбон, ташаккули низоми мониторинг ва назорати таъминоти дастрасии инфрасохтори иҷтимоӣ, нақлиётӣ ва муҳандисӣ барои маъюбон мебошад. Чорабиниҳои самти мазкур аз инҳо иборат аст:
- такмили қонунгузории ҷумҳурӣ дар бахши таъминоти шароит барои ташаккули дастрасии инфрасохтори иҷтимоӣ, нақлиётӣ ва муҳандисӣ барои маъюбон, муайян намудани вазифаҳои назорати иҷрои ин вазифаҳо;
- таҳияи шаклҳои шиносномаи иншооти амалкунандаи инфрасохтори иҷтимоӣ, манзилҳои истиқоматӣ ва ҳудудҳои дохилиҳавлигӣ бо мақсади дастрасии онҳо барои маъюбон;
- гузаронидани бақайдгирии иншоот ва хизматрасониҳо дар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳаётии маъюбон бо ҷалби намояндагони ташкилоти ҷамъиятии маъюбон;
- ташкили таҳсили гурӯҳҳои кормандон барои гузаронидани бақайдгирии иншооти амалкунандаи инфрасохтори иҷтимоӣ, нақлиётӣ ва муҳандисӣ;
- таҳия ва нашри тавсияҳои методӣ, ки ташкили муҳити дастрас барои маъюбони узвҳои такягоҳӣ-ҳаракатӣ, нобино ва шунавоиашон паст;
- бунёди инфрасохтори иҷтимоӣ, нақлиётӣ ва муҳандисӣ, ки барои маъюбони узвҳои такягоҳӣ-ҳаракатӣ, нобино ва шунавоиашон паст (бо ҷойгир намудани маводи методӣ дар интернет-сомонаҳо) дастрас бошад.
43. Бо мақсади расонидани кумаки методӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоти шакли моликияташон гуногун чорабиниҳои зерин пешбинӣ шудааст:
- таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба ташкили барномаҳои мақсаднок ҷиҳати ташаккули муҳити дастраси фаъолияти меҳнатӣ барои маъюбон;
- таҳия ва тасдиқи шаклҳои соҳавии ҳисоботи оморӣ бо таснифоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъмини муҳити дастрас барои маъюбон;
- ташкил ва амалисозии мониторинги маблағҳое, ки барои ташкили шароит ба маъюбон ҷиҳати дастрасии бемонеа ба иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ, нақлиётӣ ва муҳандисӣ равона гардидаанд, инчунин шумораи чунин иншоот бо дастрасии бемонеа барои маъюбон;
- коркард ва татбиқи маҳсулоти барномавӣ ҷиҳати таъсиси махзани маълумот ва нақшаи дастрасии иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ, нақлиётӣ ва муҳандисӣ барои маъюбон, ки дар натиҷаи бақайдгирии иншооти барои маъюбон афзалиятнок ташаккул меёбад.
44. Дар баробари расонидани кумаки методӣ, назорати риояи талаботи дастрасии маъюбон ба иншооти инфрасохтори иҷтимоии амалкунанда ва нав баистифодадодашуда таъмин карда мешавад ва аз рӯи натиҷаҳои санҷиш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотнома дар шакли ҳисобот пешниҳод мегардад.
45. Тадбирҳои амалӣ оид ба ташаккули муҳити дастрас барои маъюбон дар доираи барнома дар соҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори иҷтимоӣ, нақлиётӣ ва муҳандисӣ татбиқ карда мешаванд.
46. Муносибати маҷмӯӣ ҳангоми ташаккули муҳити дастрас бо роҳи ба ҳисоб гирифтани талаботи инфиродии маъюбони шунавоиашон паст, нобино ва бемории узвҳои такягоҳӣ-ҳаракатӣ ба нақша гирифта мешавад.
47. Тадбирҳои амалӣ оид ба ташаккули муҳити дастрас барои маъюбон дар соҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори иҷтимоӣ, нақлиётӣ ва муҳандисӣ чорабиниҳои зеринро дар бар мегиранд:
1) мутобиқгардонии биноҳои ҳудудии мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ, муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, мақомоти шуғли аҳолӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ, инчунин ҳудуди ҳамшафати онҳо барои бемамониат дастрас гардидан ба маъюбон бо дар назар доштани талаботи махсус ва хизматрасонӣ ба онҳо, аз ҷумла:
- таъсис ва таҷҳизонидани ҷойҳои махсуси барои таваққуфгоҳ ҷудогардида ва ҷойҳои бароҳатиашон зиёд бо ҷойҳои иловагии паҳлуӣ ва дар пеши бино, ки барои ҳаракат дар маҳалҳои интизоршавӣ ва қабули шаҳрвандон мувофиқанд;
- таҷҳизонидани биноҳо бо шебраҳаҳо, таҷҳизот ва асбобҳои дигари махсус, лавҳаҳои иттилоотӣ, тугмачаҳои даъваткунандаи "ёрдамчиён", насби таҷҳизот барои баланд намудани шунавоии шахсони шунавоиашон паст;
- ҷойгир намудани нуқтаҳои иттилоотӣ оид ба пешниҳод намудани хизматрасонӣ барои маъюбон дар шакли барои онҳо маъюбон мутобиқгардида бо дар назар доштани талаботи махсуси онҳо;
- таъмини маъюбони ношунаво бо тарҷумонҳои дорои тахассуси зарурӣ;
2) таъмини дастрасии иншооти варзишӣ барои маъюбон, ки барои машғулиятҳои варзишӣ ва тарбияи ҷисмонии маъюбони гирифтори бемории узвҳои такягоҳӣ-ҳаракатӣ, шунавоиашон паст ва нобино талаб карда шудааст;
3) омода намудан (аз нав омода намудани) омӯзгорон ва мураббияҳое, ки бо маъюбон кор мекунанд;
4) таъмини дастрасии ҳайати ҳаракаткунандаи нақлиёти мусофиркаш барои маъюбон бо дар назар доштани талаботи махсуси онҳо, аз ҷумла:
- таҷдиди воситаҳои нақлиёти истифодаи умум бо таҷҳизоти махсус, таҷҳизонидани онҳо бо лавҳаҳои диодравшаникунанда барои маъюбони биноиашон суст ва тугмачаҳои махсуси овоздиҳӣ барои маъюбони шунавоиашон паст;
- харидории воситаи нақлиёти дорои таҷҳизоти махсус ва хусусиятҳои таркибӣ, ки дастрасии онҳоро барои маъюбон таъмин менамоянд;
5) таҷҳизонидани алоқаи заминии роҳгузарӣ ва нақлиётӣ, роҳгузарҳо, истгоҳҳои нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ бо низоми гуфтугӯии синхронӣ ва иттилооти матнӣ (бо дар назар доштани нақшаҳои ҷадвалии хатсайрҳои нақлиёт), шебраҳаҳо, сатҳҳои ламсӣ ва контрастӣ ва ғайра;
6) дар майдончаҳои истгоҳҳо насб кардани лавҳаҳои иттилоотӣ бо огоҳонии овозӣ тибқи дархост (тугмачаи даъватӣ) дар бораи вақти пешбинишудаи омадани автобусҳои хатсайрҳо;
7) паст намудани девораҳои баландсангҳои гузаргоҳҳои пиёдагардон барои бароҳат ворид ва хориҷ шудан;
8) насб кардани чароғакҳои овозӣ;
9) таҷҳизонидани исгоҳҳои роҳи оҳан, автобусҳо, фурудгоҳҳо ва ҳудуди ҳамшафати онҳо;
10) ташкил намудани барномаҳои телевизионӣ бо сатри равон дар шабакаҳои ҳатмии дастраси умум;
11) таъмини дастрасии бемамониати муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ барои маъюбон бо дар назар доштани талаботи махсуси онҳо;
12) омӯзиши тарҷумонҳо барои ношунавоён ба кормандони муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ.
48. Барои бартараф намудани муносибатҳои монеа дар чорабиниҳо оид ба таъсис ва интишори рекламаҳои иҷтимоӣ, омодагӣ ва интишори барномаҳои мавзӯии телевизион ва радио, ташкили корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст, ки барои ташаккули муносибатҳои таҳаммулпазирона нисбати маъюбон, эҳтироми махсусиятҳои онҳо, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои ҷамъиятӣ-маърифатӣ оид ба ғоя, принсипҳо ва воситаҳои ташаккули муҳити дастрас барои маъюбон равона гардидааст.
4. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
49. Барнома аз ҳисоби манбаҳои зерин маблағгузорӣ карда мешавад:
1) аз буҷети давлатӣ;
2) аз дигар манбаъҳо, аз ҷумла:
- маблағҳои ғайрибуҷетӣ;
- маблағҳои хайриявӣ;
- кумаки техникии созмонҳои байналмилалӣ.
5. МОНИТОРИНГ, АРЗЁБӣ ВА БАҲОДИҲИИ САМАРАНОКИИ БАРНОМА
50. Низоми мониторинг ва арзёбии Барнома банақшагирӣ ва дурнамо, татбиқи чорабиниҳои барномавӣ ва назорати ҷараёни иҷрои Барномаро дар бар мегирад.
51. Амалигардонии Барномаи мазкур ба инҳо мусоидат хоҳад кард:
- баланд бардоштани сатҳ ва сифати фаъолияти ҳаётии маъюбон;
- бартараф намудани танҳоӣ ва коҳиши вобастагии иҷтимоии маъюбон;
- ҳавасмандгардонии фаъолнокии иҷтимоӣ ва меҳнатии маъюбон;
- дастрасии маъбон ба иншоот ва хизматрасониҳо дар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳаётӣ;
- афзоиши шумораи маъюбоне (оилаҳое, ки дар ҳайати худ маъюб ва кӯдаки маъюб доранд), ки ба манзилҳои мутобиқкунонидашуда таъминанд;
- баланд бардоштани дастрасӣ ва сифати хизматрасонии тавонбахшӣ барои маъюбон;
- таъсиси низоми таъминоти зарурии иттилоотӣ-методӣ, баланд бардоштани тахассус ва аттестатсияи мутахассисоне, ки дар низоми тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоиии маъюбон машғул ҳастанд;
- бартараф намудани парокандагии иҷтимоӣ ва муносибатҳои монеадор дар ҷомеа.
Рӯйхати ихтисораҳо
Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи давлатии "Муҳити дастрас" барои солҳои 2021-2025
Нақша