Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, № 52 "Дар бораи Барномаи давлатии "Муҳити дастрас" барои солҳои 2021-2025 "

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии "Муҳити дастрас" барои солҳои 2021-2025

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии "Муҳити дастрас" барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи давлатии "Муҳити дастрас" барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷетӣ ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, барои амалигардонии барнома чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рафти иҷрои барнома ҳар сол то 20 декабр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                Эмомалӣ Раҳмон

аз 27 феврали соли 2021, № 52

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственной программе "Доступная среда" на 2021-2025 годы

В соответствии со статьей 11 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Государственную программу "Доступная среда" на 2021-2025 годы и План мероприятий по реализации Государственной программы "Доступная среда" на 2021-2025 годы (приложения 1 и 2).

2. Комитету по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами, исполнительными органами государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов в рамках предусмотренных бюджетных средств и за счет других источников, не запрещённых законодательством Республики Таджикистан, принять необходимые меры для реализации программы.

3. Комитету по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан ежегодно, до 20 декабря представлять информацию о ходе выполнения программы в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 27 февраля 2021 года, №52