ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалисозии Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025-ро дар доираи маблағҳои ҳамасола барои соҳаи тандурустӣ дар буҷети давлатӣ пешбинишуда ва дигар маблағҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, таъмин сохта, ҳар семоҳа ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои он маълумот пешниҳод намоянд.
3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи ҷараёни иҷрои барномаи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола то 20 декабр маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 феврали соли 2021, № 51
ш. Душанбе