ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи миллии ҳимояи аҳоли аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амалигардонии Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва2).
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мухдати се моҳ Нақшаи мониторинг ва баҳодиҳии Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025-ро таҳия ва тасдиқ намояд.
3. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати амалӣ намудани барномаи мазкур дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби сармояҳои шарикон оид ба рушд тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар нимсола ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои анҷомдодашуда маълумот пешниҳод намоянд.
4. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни амалӣ намудани барномаи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1 январ маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 феврали соли 2021, № 49
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Национальной программе защиты населения от туберкулеза в Республике Таджикистан на 2021-2025 годы
В соответствии со статьей 11 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Национальную программу защиты населения от туберкулеза в Республике Таджикистан на 2021-2025 годы и План реализации Национальной программы защиты населения от туберкулеза в Республике Таджикистан на 2021-2025 годы (приложения 1 и 2).
2. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан в трехмесячный срок разработать и утвердить План мониторинга и оценки Национальной программы защиты населения от туберкулеза в Республике Таджикистан на 2021-2025 годы.
3. Соответствующим министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти принять необходимые меры по реализации данной программы в рамках ежегодно предусматриваемых средств государственного бюджета и привлечения инвестиций партнеров по развитию, и каждое полугодие представлять информацию о проделанной работе Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан.
4. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан ежегодно до 1 января представлять Правительству Республики Таджикистан информацию о ходе реализации настоящей программы.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 27 февраля 2021 года, №49