ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016, №737
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
Ба §10 боби 2 фасли II Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016, №737 "Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- ба зербанди 15(1).1 банди 15(1) дар мансабҳои категорияи чорум калимаҳои "Мудири бахш" илова карда шаванд;
- ба зербанди 18.1 банди 18 дар мансабҳои категорияи якум калимаҳои "Сардори раёсат" илова карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
27 феврали соли 2021, № 129