Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 январи соли 2021, №5
Қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021 - 2025
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.10.2023 № 495, аз 29.04.2024 № 257)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021 - 2025 (минбаъд - Қоидаҳо) бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ, баланд бардоштани фаъолнокии занон дар бахши иқтисодиёт таҳия гардида, тартиби таъсиси комиссияи грантӣ ва ваколатҳои он, ҷудо намудани грант, тартиби қабул ва баррасии дархост, муҳлат ва назорати амалигардонии лоиҳаҳои грантиро муқаррар менамояд.
2. МАҚСАДИ ҶУДО НАМУДАНИ ГРАНТҲО
2. Мақсади асосии ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021 - 2025 (минбаъд - Грантҳо) фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон, таъмини иштироки баробари онҳо дар ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии занон дар бозори меҳнат, дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон мебошад.
3. Грантҳо ба занони соҳибкор, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо ба талаботи Қоидаҳои мазкур ҷавобгӯ буда, ба рушди фаъолияти соҳибкории занон лоиҳаҳои ба иқлим алоқаманд, таъсиси ҷойҳои кории нав, таъмини рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон нигаронида шудаанд, ҷудо карда мешаванд .
4. Грантҳо барои рушди низоми соҳибкории инноватсионӣ ва оғози соҳибкорӣ (стартапҳо) мусоидат менамояд.
3. ТАРТИБИ ТАЪСИС, ВАКОЛАТҲОИ КОМИССИЯИ ГРАНТӢ ВА ҶУДО НАМУДАНИ ГРАНТҲО
5. Бо мақсади амалигардонии фаъолият оид ба дастгирии грантӣ дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) бо фармоиши раиси Кумита комиссияи грантӣ оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025 (минбаъд - Комиссияи грантӣ) таъсис дода мешавад ().
6. Комиссияи грантӣ аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои рушди маҳал, андоз ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода мешавад. Комиссияи грантӣ ба фаъолияти худ метавонад коршиносони мустақилро ҷалб намояд.
7. Раиси Кумита ба фаъолияти Комиссияи грантӣ роҳбарӣ мекунад.
8. Комиссияи грантӣ ба муддати як сол таъсис дода мешавад.
9. Фаъолияти Комиссияи грантӣ мутобиқи Қоидаҳои мазкур танзим карда мешавад.
10. Комиссияи грантӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- лоиҳаҳои ба озмун пешниҳодшударо баррасӣ менамояд;
- вобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо квотаҳо ҷудо менамояд;
- ҳангоми баррасии лоиҳаҳои грантӣ ба лоиҳаҳои занон аз табақаҳои осебпазири аҳолӣ, занони дорои имконияташон маҳдуд ё барои таъмини шуғлнокии чунин занон равонашуда, заноне, ки соҳибкориро (стартап) оғоз менамоянд, инчунин лоиҳаҳои инноватсионӣ ва рушди соҳаи касбу ҳунарҳои миллӣ афзалият медиҳад;
- рӯйхати захиравии довталабони грантиро муайян менамояд ();
- ғолибони озмунро муайян мекунад;
- дар ҳолатҳои аз грант даст кашидани соҳибкор, ба дигар довталаб додани маблағи грантиро тибқи рӯйхати захиравӣ муайян мекунад ().
11. Грантҳо дар асоси озмун аз тарафи Комиссияи грантӣ ҷудо карда мешаванд.
12. Танҳо 120 (як саду бист) лоиҳаи грантӣ мувофиқи харҷномаи воқеӣ ва корҳои банақшагирифташуда баъд аз хулосаи Комиссияи грантӣ маблағгузорӣ мегардад (
13. Байни Кумита ва грантгиранда, ки лоиҳааш дар озмун ғолиб омадааст, шартномаи дуҷониба оид ба амалигардонии лоиҳаи грантӣ ба имзо расонида мешавад, ки дар он ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳо ва шартҳои маблағгузории лоиҳа муайян карда мешаванд ().
14. Грантгирандагоне, ки грант гирифтаанд, танҳо баъди 5 сол ҳуқуқи дубора иштирок кардан дар озмун барои дарёфти грант доранд ().
4. ТАРТИБИ ҚАБУЛ ВА БАРРАСИИ ДАРХОСТҲО
15. Тартиби ба расмият даровардани дархостҳо ва номгӯи ҳуҷҷатҳо тибқи замима муайян карда мешавад. Дархост ва номгӯи ҳуҷҷатҳо танҳо бо забони давлатӣ пешниҳод карда мешаванд. Маълумоти зарурӣ ҷиҳати иштирок дар озмун аз ҷониби Кумита дар воситаҳои ахбори омма баъд аз таъсиси Комиссияи грантӣ инъикос карда мешавад.
16. Қабули дархостҳо ҷиҳати иштирок дар озмун пас аз эълон дар воситаҳои ахбори омма шурӯъ мегардад.
17. Дархостҳо ҷиҳати иштирок дар озмун дар муҳлати 45 рӯзи корӣ қабул карда мешаванд .
18. Дархостҳои пешниҳодгардида аз тарафи котиби Комиссияи грантӣ қабул карда мешаванд.
19. Котиби Комиссияи грантӣ дархостҳоро барои иштирок дар озмун ба Комиссияи грантӣ пешниҳод менамояд. Комиссияи грантӣ дар давоми ду моҳ дархостҳоро тибқи Қоидаҳои мазкур баррасӣ менамояд.
20. Дархостҳое, ки тибқи Қоидаҳои мазкур ба расмият дароварда нашудаанд, аз ҷониби Комиссияи грантӣ баррасӣ карда намешаванд.
21. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва лоиҳаи грантии грантгирандагон, ки ба озмун пешниҳод шудаанд, баргардонида намешаванд ().
22. Маблағи грантӣ барои пардохти маблағи сохтмон (ба истиснои гармхонаҳо), таъмири бино, музди меҳнат ва пардохти андоз пешбинӣ карда намешавад.
23. Грантгирандае, ки лоиҳа пешниҳод менамояд, бояд дар маҳалли амалишавии лоиҳа на камтар аз ду соли охир ҳамчун истиқоматкунанда ба қайд гирифта шуда бошад ().
24. Грантгиранда бояд макони фаъолияти худро дақиқ дар лоиҳааш дарҷ намояд. Дар сурати ивази макони фаъолият бояд, ба таври хаттӣ ба Кумита маълумот пешниҳод намояд ().
5. МУҲЛАТИ АМАЛИГАРДОНИИ ЛОИҲАҲОИ ГРАНТӢ
25. Муҳлати амалигардонии ҳар як лоиҳа на камтар аз шаш моҳ буда, дар сурати аз худ накардани маблағҳои ҷудогардида, фаъолияти лоиҳа боздошта мешавад:
26. Дар ҳолати бо сабабҳои узрнок дар муҳлати муқарраргардида иҷро нагаштани лоиҳа, дар асоси муроҷиати хаттии грантгиранда Кумита метавонад муҳлати амалигардонии онро тамдид намояд ().
27. Соҳибкор уҳдадор аст дар давоми то ду сол ба Кумита оид ба идомаи фаъолияти соҳибкории худ маълумот пешниҳод намояд. Пас аз гузаштани муҳлати мазкур оид ба натиҷаи фаъолият маълумот пешниҳод намекунад, инчунин фаъолияти соҳибкор мавриди санҷиш қарор дода намешавад.
6. МОНИТОРИНГИ РАВАНДИ АМАЛИГАРДОНИИ ЛОИҲАҲОИ ГРАНТӢ ВА ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ ҲИСОБОТ
28. Роҳбарии умумӣ ва назорати рафти амалисозии лоиҳаҳои грантӣ ба зиммаи Кумита вогузор карда мешавад.
29. Бо мақсади амалисозии назорати амалигардонии самараноки лоиҳаҳои грантӣ аз ҷониби Кумита мониторинги фосилавӣ ва ҷамъбастӣ гузаронида мешавад.
30. Санҷиши молиявии хароҷоти мақсадноки ҳар як гранти ҷудошуда аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
31. Дар ҳолати ошкор гардидани истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои грантӣ ва ё амалӣ нагардидани лоиҳаи грантӣ, маблағ пурра ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонида мешавад ва грантгиранда минбаъд аз ҳуқуқи иштирок дар озмун маҳрум карда мешавад ().
Замима
ба Қоидаҳои ҷудо намудани
грантҳои Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва
рушди фаъолияти соҳибкории
занон барои солҳои 2021 - 2025
Дархост ва номгӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои иштирок дар озмуни грантҳо
1. Ариза ба унвони раиси комиссияи грантӣ.
2. Маълумот дар бораи соҳибкор:
- шарҳи ҳоли соҳибкор;
- нусхаи шиноснома;
- 2 дона акси 3x4;
- нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
- маълумот дар бораи суратҳисоби бонкӣ ва қарздорӣ;
- маълумотномаи нозироти андоз оид ба набудани қарз ва уҳдадориҳо;
- маълумоти мухтасар дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ (оғози фаъолият ва самтҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ).
3. Маълумот дар бораи лоиҳа:
- номи лоиҳа;
- тавсифи лоиҳа ва асосноккунии он;
- мақсаднок будани лоиҳа (мақсад бояд воқеӣ бошад);
- вазифаҳои лоиҳа;
- муҳлати амалигардонии лоиҳа;
- маблағҳои дархостшаванда;
- макони амалигардонии лоиҳа;
- саҳми соҳибкор;
- буҷети лоиҳа;
- натиҷаҳои пешбинишавандаи амалигардонии лоиҳа.