Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи санади комиссияи давлатии қабули иншооти сохтмонаш баитмомрасидаи лоиҳаи "Дастгоҳи тақсимкунандаи пўшидаи элегазии 500 кВ дар неругоҳи барқи обии "Норак"
Мутобиқи моддаи 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Санади замимагардидаи комиссияи давлатии қабули иншооти сохтмонаш баитмомрасидаи лоиҳаи "Дастгоҳи тақсимкунандаи пўшидаи элегазии 500 кВ дар неругоҳи барқи обии "Норак", ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 сентябри соли 2018, №460 таъсис дода шудааст, тасдиқ карда шавад.
2. Иншооти "Дастгоҳи тақсимкунандаи пўшидаи элегазии 500 кВ дар неругоҳи барқи обии "Норак" ба тавозуни ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" гузаронида шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 феврали соли 2020 № 123
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 феврали соли 2020,
№ 123 тасдиқ шудааст
САНАДИ комиссияи давлатии қабули иншооти сохтмонаш баитмомрасидаи лоиҳаи "Дастгоҳи тақсимкунандаи пўшидаи элегазии 500 кВ дар неругоҳи барқи обии "Норак"
аз "___ "_______ соли 2019
Комиссияи давлатии қабул, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 сентябри соли 2018, №460 дар ҳайати зерин таъсис дода шудааст
Раиси комиссия:
Азим Иброҳим муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовинони раиси комиссия:
Усмонзода Усмонали вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Исмоилзода Мирзо раиси ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик
Аъзои комиссия:
Гулрў Ҷабборзода муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳалимзод Абдураҳмон муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аҳмадзода Орзу муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Абдуллозода Зикриё муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Зарина Назарзода муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иброҳимзода Нозимҷон сардори сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафарзода Анваршо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бекмуродзода Султон сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қурбонзода Абдулло сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табарзода Раҳматулло сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назарзода Назар директори иҷроияи муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика"
Шоиддинов Фазлиддин директори филиали ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" дар Норак- неругоҳи барқи обии "Норак" Ордан Ургенч роҳбари ширкати мушовири лоиҳа
Содиқов Аъзам намояндаи ширкати пудратии лоиҳа.
Талаботи меъёрҳою қоидаҳои сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистонро (МҚС ҶТ) аз 12январисоли 2007 дастури амал қарор дода,
МУҚАРРАР НАМУД:
1. Ширкати " ALSTOM GmbH"- и Олмон якҷоя бо ширкати саҳомии холдингии кушодаи " Барқи Тоҷик"пешниҳод менамояд, ки бинобар ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ, васлу насби таҷҳизоти дастгоҳи тақсимкунандаи пўшидаи элегазии 500 кВ дар НБО-и Норак, таҷҳизоти барқӣ дар зеристгоҳҳои" Норак", "Себистон", "Лолазор", "Сангтуда 1", "Сангтуда 2", "Сарбанд"ва хатти нахи нурӣ (ОРОЎЎ) аз НБО-и Норак то зеристгоҳи " Сарбанд" ба истифода қабул карда шаванд.
2. Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот дар доираи лоиҳаи мазкур дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин амалӣ шуданд:
- Созишномаи грантии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд, ки 26 декабри соли 2008 ба имзо расида, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 2012, №796 тасдиқ шудааст;
- . қарордоди байни ШСХК"Барқи Тоҷик" ва Ширкати " АЛСТОМ", ки 15 октябри соли 2011 ба имзо расидааст.
3. Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизоти барқӣ дар доираи лоиҳаи мазкур аз тарафи пудратчӣ " ALSTOM GmbH " - и Олмон ва зерпудратчиён " Нетракон " - и Амороти Мутаҳидаи Араб," Трейзан " ва "Боздемир"- и Туркия, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Интеграл", ҷамъияти саҳомии кушодаи"Тоҷикгидроэнергострой", ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Зумрад", ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шаҳрофар", ҷамъияти саҳомии кушодаи " ГИИНТИЗ " ва ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷикгидроэлектромонтаж" Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шудааст.
4. Ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва харҷномавии лоиҳаи " Дастгоҳи тақсимкунандаи пўшидаи элигазии 500 кВ дар НБОи Норак" аз тарафи пудратчӣ " ALSTOM GmbH "- и Олмон ва ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шаҳрофар" Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шудааст.
5. Маълумотҳои ибтидоӣ барои корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" пешниҳод шудааст.
6. Корҳои сохтмонӣ, васлу насби таҷҳизоти элегазӣ ва барқӣ тибқи лоиҳаи омоданамудаи ширкати" ALSTOM GmbH " ва ҷамъияти саҳомии кушодаи" Шаҳрофар" ба роҳ монда шуда аз тарафи раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз экспертизаи давлатӣ №302/13/8216-А гузаронида шудааст.
7. Ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва харҷномавӣ аз тарафи ширкати саҳомии холдингии кушодаи " Барқи Тоҷик " бо мактуби № ЦУП/1-890 аз 17 августи соли 2010 тасдиқ шудааст.
8. Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот дар муҳлатҳои зерин иҷро шудаанд:
оғози кор 15 октябри соли 2011
анҷоми кор 10 октябри соли 2015.
9. Ба комиссияи давлатии қабул ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шудаанд: қарордод байни ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ва ширкати "ALSTOM GmbH" аз 15 октябри соли 2011, ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, санадҳои баистифодадиҳии дастгоҳи тақсимкунандаи пўшидаи элегазии 500 кВ ва таҷҳизоти барқӣ, протоколҳои санҷишӣ ва тестикунонии таҷҳизоти барқӣ, протоколҳои ченкунии муқовимати асбоби заминваслкунӣ барои таҷҳизот, санади корҳои сохтмонӣ, маълумотномаҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳои аз ҷониби аъзои комиссияи корӣ пешниҳодшуда.
10. Иншооти ба истифода пешниҳодшуда ва нишондодҳои асосии лоиҳа чунин мебошанд:
- бинои дастгоҳи тақсимкунандаи пўшидаи элегазӣ 500 кВ;
- нақбҳои кабелӣ ва новаҳои кабелӣ барои кабелҳои қудратй, кабелҳои шиддати миёна ва кабелҳои назоратӣ;
- кабелҳои қудратии 500 кВ;
- системаи заминвасла барои дастгоҳи тақсимкунандаи пўшидаи элегазии 500 кВ ва таҷҳизоти барқии дар берун ҷойгиршуда;
- кабели нахи нурӣ ба масофаи 73 км дар хатти интиқоли барқи 220 кВ аз неругоҳи барқи обии "Норак" то неругоҳи барқи обии "Сарбанд".
11. Дар доираи лоиҳаи мазкур таҷҳизоти элегазӣ ва таҷҳизоти барқии 500 кВ аз заводҳои истеҳсолкунанда ворид гардида, васлу насб ва мавриди истифода қарор дода шудааст
- таҷҳизоти элегазии 500 кВ ва системаи телекоммуникатсияи истеҳсоли ширкати "Алстом"-и Фаронса;
- кабелҳои қудратии 500 кВ истеҳсоли ширкати "Зудкабел" - и Олмон;
- таҷҳизоти идора, муҳофизатӣ ва перелег истеҳсоли ширкати "Шнайдер-электрик" - и Олмон;
- трансформаторҳои шиддат, ҷараён ва конденсаторҳои алоқа истеҳсоли ширкати "Алстом" аз Испания;
- барқгиракҳои муҳофизатӣ аз раду барқи истеҳсоли ширкати "Триделта" - и Олмон;
- монеагузарҳои баландбасомади истеҳсоли заводи "Треш"- и Олмон.
12.Чорабиниҳо оид ба ҳифзи меҳнат, таъмини бехатарӣ аз таркиш, бехатарии оташангезӣ, ҳифзи табиат ва муҳити зист, чорабиниҳои зиддисейсмикӣ, ки дар лоиҳа пешбинӣ шудаанд, ба пуррагӣ иҷро шуда, ба меъёру қоидаҳои амалкунанда ҷавобгў мебошанд.
13. Камбудиҳои ҷузъӣ ва нуқсонҳои аз ҷониби аъзои комиссияи корӣ муайяншуда пурра бартараф карда шудаанд (маълумотнома оид ба бартарафкунии камбудиҳо замима мегардад).
14. Нархи харҷномавӣ аз рўи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию нархномавӣ ҳамагӣ барои пудратчӣ 24 995 798,0 евро ва 10 610 111,0 доллари ИМА, аз ҷумла корҳои сохтмонӣ, васлу насб ва лоиҳакашӣ 10 610 111,0 доллари ИМА, барои ворид намудани таҷҳизоти барқӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва мавод 24 995 798,0 евро ва хизмати мушовирӣ 1 457 675 евро ва 855 613 доллари ИМА мебошад.
15. Арзиши сметавии ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ ба истифода қабулшавандаи лоиҳа ҳамагӣ 32 926 109,67 евро (355 625 032,71 сомонӣ) ва 13 297 382,75 доллари ИМА (125 389 000,38 сомонӣ),
аз ҷумла:
- корҳои сохтмонӣ, васлкунӣ 13 297 382,75 доллари ИМА (125 389 000,38 сомонӣ),
- таҷҳизоту асбобҳо 32 926 109,67 евро (355 625 032,71 сомонӣ).
16. Арзиши сметавии фондҳои асосии ба истифода қабулшаванда 54 755 344,29 доллари ИМА-ро (481 014 033,09 сомонӣ) ташкил мекунад,
аз ҷумла:
- корҳои сохтмонӣ, васлкунӣ 13 297 382,75 доллари ИМА (125 389 000,38 сомонӣ);
- таҷҳизоту асбобҳо 32 926 109,67 евро (355 625 032,71 сомонӣ).
17. Санади мазкур бо дар назар доштани қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи талаботи қарордоди байни ширкати саҳомии холдинги кушодаи "Барқи Тоҷик" ва ширкати "ALSTOM GmbH"-и Олмон омода карда шудааст.
БО ҚАРОРИ КОМИССИЯИ ДАВЛАТИИ ҚАБУЛ
Иншооти "Дастгоҳи тақсимкунандаи пўшидаи элегазии 500 кВ дар неругоҳи барқи обии "Норак", ки барои қабул пешниҳод шудааст,
БАРОИ ИСТИФОДА ҚАБУЛ ШУД.
Раиси комиссия
Муовинони раиси комиссия
Аъзои комиссия |
Азим Иброҳим
Усмонзода Усмоналӣ
Исмоилзода Мирзо
Гулру Ҷабборзода
Халимзод Абдураҳмон
Аҳмадзода Орзу
Абдуллозода Зикриё
Зарина Назарзода
Иброҳимзода Нозимҷон
Сафарзода Анваршо
Бекмуродзода Султон
Қурбонзода Абдулло
Табарзода Раҳматулло
Назарзода Назар
Шоиддинов Фазлиддин
Ордан Ургенч
Содиқов Аъзам |