Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2021, № 1763 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2 декабри соли 2020, № 260 

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 январи соли 2021, № 123

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба моддаи 69 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" аз 29 апрели соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №4, мод. 201; с. 2008, №12, қ.2, мод. 1017; с. 2009, №3, мод. 89; с. 2011, №3, мод. 178, №6, мод. 444; с. 2015, №3, мод. 220, №11, мод. 961, мод. 962; с. 2016, №3, мод. 144, мод. 145; с. 2017, №7-9, мод. 574; с. 2019, №7, мод. 470; с. 2020, №7-9, мод. 612) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар қисми 2 калимаҳои "се" ва "шаш моҳ" мувофиқан ба калимаҳои "як" ва "понздаҳ рӯз" иваз карда шаванд;

- ба қисми 3 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Агар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки ба он бо сабаби иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар бояд тағйирот дохил карда шавад, аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда бошад, давраи то дастрас шудани нусхаи ин сабт ба муҳлати дар қисми 2 моддаи мазкур нишондодашуда дохил карда намешавад.";

- ба қисми 4 ҷумлаи панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ҷавоби хаттӣ аз ҷониби шуъбаи корҳои дохилии ҷойи истиқомат бояд дар муддати на дертар аз 15 рӯз пешниҳод карда шавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

29 январи соли 2021, № 1763