ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ЗАМИНСОЗӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 декабри соли 2020, № 269
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 январи соли 2021, № 120
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи заминсозӣ" аз 5 январи соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 2, мод. 21; с. 2016, №7, мод. 621) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар сархати якум калимаҳои "манзараҳои табиат" ба калимаҳои "манзараҳои табиӣ" иваз карда шаванд;
- сархатҳои чорум ва ҳабдаҳум хориҷ карда шаванд;
- дар сархатҳои панҷум ва ҳаштум калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад;
- сархати ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- объектҳои заминсозӣ - ҳудуди воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин, ҳудуди заминистифодабарӣ, қитъаи замин ва қисмҳои онҳо";
- дар сархати ёздаҳум калимаи "шудааст" ба калимаи "мешаванд" иваз карда шавад;
- аз сархати понздаҳум калимаи "(консерватсия)" хориҷ карда шавад;
- сархати шонздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- барқарорсозии замин - маҷмӯи чорабиниҳое, ки барои барқарор кардани қабати ҳосилхези хок амалӣ карда мешаванд;".
2. Дар сархати даҳуми моддаи 1, сархатҳои нуҳум ва даҳуми моддаи 3, сархати дуюми қисми якуми моддаи 5, қисми якуми моддаи 24 ва сархати сеюми қисми дуюми моддаи 30 калимаҳои "воҳидҳои марзиву маъмурӣ" ба калимаҳои "воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ" иваз карда шаванд.
3. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
4. Сархати дуюми моддаи 3 хориҷ карда шавад.
5. Моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 4. Принсипҳои заминсозӣ
Заминсозӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- таъмини заминистифодабарии устувор;
- мувофиқати манфиатҳои иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист;
- афзалият додан ба заминистифодабарии кишоварзӣ;
- самаранокии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии ташкили ҳудудҳо;
- муҳайё сохтани шароит барои шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ; таъмини яклухтии қитъаҳои замин ҳангоми ташкили заминистифодабарии нав;
- ошкорбаёнӣ дар гузаронидан ва ташвиқи чорабиниҳои заминсозӣ.".
6. Дар моддаи 5:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 5. Мақсад ва вазифаҳои заминсозӣ";
- қисми якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Мақсади заминсозӣ аз таъмини истифодаи пурра, оқилона ва самараноки замин, фароҳам овардани шароити мусоиди экологӣ ва беҳдошти манзараҳои табиӣ иборат мебошад.".
7. Дар моддаи 10 калимаи "хеш" ба калимаи "худ" иваз карда шавад.
8. Дар моддаи 16:
- дар қисми якум калимаи "равона" ба калимаи "амалӣ" иваз карда шавад;
- дар қисми дуюм калимаи "мегирад" ба калимаи "мегиранд" иваз карда шавад.
9. Дар қисми дуюми моддаи 18 калимаҳои "гузаронидани рекултиватсияи" ва "консерватсия," мувофиқан ба калимаҳои "барқарорсозии" ва "боздоштан ва ё" иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 19:
- дар қисми чорум калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад;
- дар қисми панҷум калимаҳои "ҳудуди воҳидҳои алоҳидаи марзиву маъмурӣ ё" ба калимаҳои "воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва" иваз карда шаванд.
11. Дар қисми дуюми моддаи 20 калимаи "геоботаникаи" ба калимаҳои "маълумоти геоботаникии" иваз карда шавад.
12. Дар қисми дуюми моддаи 21 калимаҳои ", дигар соҳаҳо пешбинӣ карда" ва "қаламравии" мувофиқан ва калимаҳои "ва соҳаҳои дигарро пешбинӣ намуда," ва "ҳудудии" иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 22: дар матни модда калимаи "амалҳои" ба калимаҳои "амалигардонии чораҳои" иваз карда шавад;
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- вобаста ба масоҳат ва андозаи заминҳо шинондани ниҳолҳои муҳофизаткунанда ҷиҳати ҳифз аз бодлесшавӣ;";
- дар сархати шашум калимаҳои "эрозияи обӣ" ба калимаи "шусташавӣ" иваз карда шаванд.
14. Дар қисми дуюми моддаи 23 калимаҳои "мақомоти меъморӣ, заминсозӣ, назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат, дигар мақомоти шаҳрсозӣ" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ" иваз карда шаванд.
15. Аз сархати якуми моддаи 25 калимаҳои "ҳангоми хурду калон кардани онҳо" хориҷ карда шаванд.
16. Дар моддаи 28:
- дар қисми дуюм калимаҳои "манзараҳси табиат" ба калимаҳои "манзараҳои табиӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюми қисми сеюм калимаҳои "эрозияи шамолӣ ва обӣ" ба калимаҳои "бодлесшавӣ ва шусташавӣ" иваз карда шаванд.
17. Дар моддаи 30:
- дар қисми якум калимаҳои "аз онҳо" ба калимаҳои "дар заминаи онҳо" иваз карда шаванд;
- дар сархати шашуми қисми дуюм калимаҳои "рекултиватсияи" ва "эрозияи шамолӣ ва обӣ" мувофиқан ба калимаҳои "барқарорсозии" ва "бодлесшавӣ ва шусташавӣ" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
29 январи соли 2021, № 1760
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ЗЕМЛЕУСТРОЙСТВЕ"
Принят постановлением МН МОРТ
от 16 декабря 2020 года, №269
Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 25 января 2021 года, №120
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О землеустройстве" от 5 января 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., № 1, ч. 2, ст. 21; 2016 г., № 7, ст. 621) следующие изменения и дополнения:
1. В статье 1:
- абзацы четвертый и семнадцатый исключить;
- абзац седьмой изложить в следующей редакции:
"- землеустроительные объекты - территория административно-территориальных единиц, населённых пунктов, пределы землепользования, земельных участков и их частей;";
- абзац шестнадцатый изложить в следующей редакции:
"- восстановление земель - комплекс мер, осуществляемых для восстановления плодородных слоев почвы;".
2. Абзац второй статьи 3 исключить.
3. Статью 4 изложить в следующей редакции:
"Статья 4. Принципы землеустройства
Землеустройство основывается на следующих принципах:
- обеспеченность устойчивого землепользования;
- сочетаемость экономических интересов и охраны окружающей среды;
- преимущественность в сельскохозяйственном землепользовании;
- экономическая, социальная и экологическая эффективность организации территорий;
- целесообразность различных форм хозяйствования;
- обеспеченность цельности земельных участков при организации нового землепользования;
- гласность в проведении и агитации землеустроительных мероприятий.".
4. В статье 5:
- название статьи изложить в следующей редакции:
"Статья 5. Цель и задачи землеустройства";
- дополнить частью первой следующего содержания:
"Целью землеустройства является обеспечение полного, разумного и эффективного землепользования, создание благоприятствующих экологических условий и улучшение природных ландшафтов.".
5. В статье 20 слово "геоботаники" заменить словами "геоботанических сведений".
6. Абзац пятый статьи 22 изложить в следующей редакции:
"- посадка лесозащитных насаждений для защиты от ветровой эрозии, в зависимости от площади и размера земель;".
7. В части второй статьи 23 слова "архитектурными, землеустроительными органами, органами государственного контроля по использованию и охране природы, другими градостроительными органами" заменить словами "уполномоченным государственным органом по регулированию земельных отношений, уполномоченным государственным органом в сфере охраны окружающей среды, уполномоченным государственным органом в области архитектуры и градостроительства".
8. Из абзаца первого статьи 25 слова "при их укрупнении и разукрупнении" исключить.
9. В части первой статьи 30 слова "в итоге" заменить словами "на их основании".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 29 января 2021 года, №1760