Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2021, № 1756 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 январи соли 2021, № 310

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 январи соли 2021, № 116

 ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба қисмҳои 1 ва 2 моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 20 марти соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 193; с. 2009, №5, мод. 323; с. 2010, №3, мод. 154; с. 2011, №6, мод. 459; с. 2013, №7, мод. 517; с. 2014, №11, мод. 645; с. 2016, №3, мод. 137; с. 2017, №1-2, мод. 10, мод. 11, мод. 12, №5, қ. 1, мод. 298; с. 2020, №1, мод. 10, мод. 11, мод. 12, №5, қ. 1, мод. 298) пас аз калимаҳои "забони давлатиро донад" калимаҳои ", хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад" илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. Муқаррароти моддаи 1 Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандоне, ки то мавриди амал қарор додани он корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, татбиқ намегардад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

 

 

 ш. Душанбе

 29 январи соли 2021, № 1756

 

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ АГЕНТСТВЕ ПО ГОСУДАРСТВЕННОМУ ФИНАНСОВОМУ КОНТРОЛЮ И БОРЬБЕ С КОРРУПЦИЕЙ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Принят постановлением МН МОРТ

от 20 января  2021 года, №310

Одобрен постановлением ММ МОРТ

от 25 января 2021 года, №116

Статья 1. Части 1 и 2 статьи 26 Закона Республики Таджикистан "Об Агентстве по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан" от 20 марта 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №3, ст. 193; 2009 г., №5, ст. 323; 2010 г., №3, ст. 154; 2011 г., №6, ст. 459; 2013 г., №7, ст. 517; 2014 г., №11, ст. 645; 2016 г., №3, ст. 137; 2017 г., №1-2, ст. 10, ст. 11, ст. 12, №5, ч. 1, ст. 298; 2020 г., №1, ст. 10, ст. 11, ст. 12, №5, ч. 1, ст. 298) после слов "владеющее государственным языком," дополнить словами "прошедшее обязательную срочную военную службу (за исключением женщин, а также мужчин, имеющих военные билеты, кроме лиц, проходивших военную службу в составе мобилизационного призывного резерва),".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования. Положения статьи 1 настоящего Закона не применяются к гражданам, являющимся работниками Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией до вступления его в силу.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 29 января 2021 года, №1756