ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амалигардонии он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Амалигардонии Барномаи мазкур дар доираи маблағҳои ҳамасола аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешбинишуда ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода шавад.
3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дигари дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амалигардонии он тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба натиҷаҳои амалишавии барнома ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 декабри соли 2020, № 704
ш. Душанбе