ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172 "0ид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав)" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) бобҳои 18 ва 40 хориҷ карда шаванд;
2) бобҳои 62 ва 63 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Боби 62. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото
1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото.
2. Фаъолияти иҷозатномашаванда корҳои зеринро дар бар мегирад:
- фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор;
- фаъолият оид ба идораҳои букмекерӣ;
- фаъолият оид ба бозии лото.
3. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозагнома:
1) барои фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор:
- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи моликият ё дигар асоси қонунии истифодабарии биноро тасдиқ мекунанд;
- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки сифати таҷҳизотро барои ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор тасдиқ мекунанд;
- хулосаи мусбати мақомоти санитарию эпидемиологӣ дар бораи мувофиқати бино ба талаботи санитарӣ;
- маълумот оид ба марказҳои равандикунонӣ ва таҳлилии кассаи тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд;
- маълумот оид ба муассисони ташкилкунандаи кассаҳои тотализатор;
- рӯйхати кормандоне, ки идоракунӣ ва гузаронидани бозиҳоро дар объектҳои иҷозатномашаванда анҷом медиҳанд;
- кафолат оид ба пардохти фонди мукофотӣ ва бурдҳо, ки ташкилкунандаи кассаи тотализатор ба мақоми иҷозатномадиҳанда пешниҳод менамояд;
- маълумот дар бораи сомонаи расмии кассаи тотализатор, ки дар он шартбандӣ қабул карда мешаванд;
2) барои фаъолият оид ба идораҳои букмекерӣ:

- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки сифати таҷҳизотро барои ташкилу нигоҳдории идораҳои букмекерӣ тасдиқ мекунанд;

- маълумот оид ба муассисони ташкилкунандаи идораҳои букмекерӣ;

- кафолат оид ба пардохти фонди мукофотӣ ва бурдҳо, ки ташкилкунандаи идораи букмекерӣ ба мақоми иҷозатномадиҳанда пешниҳод менамояд;
- маълумот дар бораи сомонаи расмии идораи букмекерӣ, ки дар он шартбандӣ қабул карда мешаванд;
3) барои фаъолият оид ба бозии лото:

- рӯйхати кормандоне, ки идоракунӣ ва гузаронидани бозиҳоро дар объектҳои иҷозатномашаванда анҷом медиҳанд.
5. Шартҳо ва талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ:
- мувофиқ будани бино барои муштариён ба меъёрҳо ва қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддисӯхторӣ;
- дар биноҳо барои муштариён мавҷуд будани қоидаҳои тартиби кор, қоидаи гузаронидани бозиҳо, қабули пули бозӣ, ки барои шинос шудан дастрас мебошанд;
- дар хазинаи ҷои гузаронидани бозӣ мавҷуд будани маблағ, ки барои фавран пардохт намудани бурди бозӣ ва фонди мукофотии эълоншуда кифоя мебошад;
- риоя намудани қоидаҳои бурдани ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва баҳисобгирии муҳосибавӣ;
- ба бинои фаъолият роҳ додани танҳо шахсони аз 18-сола боло;
- дар шакли электронӣ гузаронидани фаъолияти кассаҳои тотализаторӣ ва бозии лото манъ аст.
6. Андозаи ҳаққи иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор 10000 (даҳ ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар соли амали иҷозатнома муқаррар мешавад.
7. Андозаи ҳаққи иҷозатномадиҳӣ ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти идораҳои букмекерӣ 10000 (даҳ ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар соли амали иҷозатнома муқаррар мешавад.
8. Андозаи ҳаққи иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият оид ба бозии лото барои соҳибкорони инфиродӣ 500 (панҷсад) ва барои шахсони ҳуқуқӣ 2000 (ду ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар соли амали иҷозатнома муқаррар мешавад.
Боби 63. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти гаравхона (ломбард)
1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти гаравхона (ломбард).
2. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:
- нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани бинои заруриро барои амалӣ намудани фаъолияти гаравхона (ломбард) тасдиқ мекунанд;
- хулосаи мусбати мақомоти оташнишонӣ ва корҳои дохилӣ дар бораи мувофиқ будани биноҳо ва таҷҳизот ба талаботи муқарраргардида, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад.
4. Талабот ва шартҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:
- иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти гаравхона (ломбард)-ро оид ба қабул, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории молу мулке, ки ба гарав ва ё барои нигоҳдорӣ қабул мешаванд, тартиби фурӯши молу мулки хариданашуда ё талабкарданашударо танзим менамоянд;
- аз тарафи гаравхона (ломбард) ба манфиати гаравдеҳ аз ҳисоби худ суғуртакунии ҳатмии молу мулки багаравгузошташуда бо арзиши пурраашон;
- дар ихтиёри иҷозатномадор мавҷуд будани биноҳои зарурӣ, таҷҳизот ва системаи ҳимояи биноҳо, ки ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯ мебошанд,
5. Андозаи ҳаққи иҷозатномадиҳӣ ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти гаравхона (ломбард) 2000 (ду ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар соли амали иҷозатнома муқаррар мешавад.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 декабри соли 2020, № 685
ш. Душанбе