ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №294
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Банди 17 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, № 294 "Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зерин ифода карда шавад.
"17. Барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ ба шаҳрванди то 16-сола дар асоси ризоияти хаттии дар нотариат ё муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшудаи падар ё модар, фарзандхондкунанда, васӣ, парастор ё шахсони дигари онҳоро ивазкунанда анҷом дода мешавад. Дар ҳолатҳои дигар, инчунин дар ҳолати норозигии падар, модар, фарзандхондкунанда, васӣ, парастор ё шахсони дигари онҳоро ивазкунанда барон додани шиносномаи хориҷӣ ба шаҳрванди то 16-сола, масъала бо тартиби судӣ ҳал карда мешавад.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 декабри соли 2020, № 687
ш. Душанбе