Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2020, №1742 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ШАҲРВАНДОНЕ, КИ БАР АСАРИ ФАЛОКАТИ НЕРӯГОҲИ БАРҚИ АТОМИИ ЧЕРНОБИЛ ЗАРАР ДИДААНД"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 октябри соли 2020, № 227

 қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 декабри соли 2020, № 88

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд" аз 5 марти соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод. 175; с. 2008, №10, мод. 820) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Аз матни моддаи 3 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Сархати шашуми қисми якуми моддаи 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- бо пешниҳоди шаҳодатнома дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи ройгон аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои такси), рафтуо кардан барои табобат бо нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ барои шахсони дар бандҳои "а". "б" ва "в" моддаи 4 Қонуни мазкур пешбинишуда дар ҳаҷми 50 фоиз, барои шахсони дар банди "г" моддаи 4 Қонуни мазкур пешбинишуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе 17 декабри соли 2020,№ 1742

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О СОЦИАЛЬНОЙ ЗАЩИТЕ ГРАЖДАН, ПОСТРАДАВШИХ ВСЛЕДСТВИЕ КАТАСТРОФЫ НА ЧЕРНОБЫЛЬСКОЙ АТОМНОЙ ЭЛЕКТРОСТАНЦИИ"

Принят постановлением МН МОРТ

от 28 октября 2020 года, №227

Одобрен постановлением ММ МОРТ

от 9 декабря 2020 года,№88

Статья 1. Абзац шестой части первой статьи 8 Закона Республики Таджикистан "О социальной защите граждан, пострадавших вследствие катастрофы на Чернобыльской атомной электростанции" от 5 марта 2007 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2007 г., №3, ст. 175; 2008 г., №10, ст. 820) изложить в следующей редакции:

"- бесплатный проезд на общественном транспорте (за исключением такси) на территории Республики Таджикистан, проезд в оба конца с целью лечения на железнодорожном и воздушном транспорте для лиц, указанных в пунктах "а", "б" и "в" статьи 4 настоящего Закона - в объёме 50 процентов, для лиц, указанных в пункте "г" статьи 4 настоящего Закона - в соответствии с законодательством Республики Таджикистан на территории Республики Таджикистан и стран Содружества Независимых Государств. Порядок покрытия расходов на бесплатное пользование транспортными услугами определяется Правительством Республики Таджикистан;".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 17 декабря 2020 года, №1742