ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 октябри соли 2020, № 215
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 декабри соли 2020, № 80
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Қисми 6 моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 20 марти соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 193; с. 2009, №5, мод. 323; с. 2010, №3, мод. 154; с. 2011, №6, мод. 459; с. 2013, №7, мод. 517; с. 2014, №11, мод. 645; с. 2016, №3, мод. 137; с. 2017, №1-2, мод. 10, мод. 11, мод. 12, №5, қ. 1, мод. 298; с. 2020, №1, мод. 10) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"6. Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ҳуқуқ доранд бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ) ройгон истифода намоянд. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе 17 декабри соли 2020, № 1735
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ АГЕНТСТВЕ ПО ГОСУДАРСТВЕННОМУ ФИНАНСОВОМУ КОНТРОЛЮ И БОРЬБЕ С КОРРУПЦИЕЙ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"
Принят постановлением МН МОРТ
от 28 октября 2020 года, №215
Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 9 декабря 2020 года, №81
Статья 1. Часть 6 статьи 28 Закона Республики Таджикистан "Об Агентстве по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан" от 20 марта 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №3, ст. 193; 2009 г., №5, ст. 323; 2010 г., №3, ст. 154; 2011 г., №6, ст. 459; 2013 г., №7, ст. 517; 2014 г., №11, ст. 645; 2016 г., №3, ст. 137; 2017 г., №1-2, ст. 10, ст. 11, ст. 12, №5, ч. 1, ст. 298; 2020 г., №1, ст. 10) изложить в следующей редакции:
"6. Сотрудники правоохранительных подразделений Агентства имеют право по предъявлению служебного удостоверения при исполнении служебных обязанностей на территории Республики Таджикистан бесплатно пользоваться общественным городским, пригородным и районным транспортом (за исключением такси). Порядок покрытия расходов на бесплатное пользование транспортными услугами определяется Правительством Республики Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 17 декабря 2020 года, №1735