ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҚУШУНҲОИ ДОХИЛИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 октябри соли 2020, № 211
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 декабри соли 2020, № 79
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 28 декабри соли 1993 (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, №3-4, мод. 62; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №10, мод. 127; с. 2000, №11, мод. 535; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 260, мод. 263; с. 2003, №4, мод. 141; с. 2014, №11, мод. 658; с. 2015, №12, қ. 1, мод. 1111; с. 2018, №5, мод. 273) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаҳои 18, 38, 39 ва 41 калимаи "бепул" ба калимаи "ройгон" иваз карда шавад.
2. Қисми якуми моддаи 39 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ ҳуқуқ доранд бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои такси) ройгон истифода намоянд. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.". Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе 17 декабри соли 2020,№ 1733