Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 октябри соли 2020, № 569
Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (минбаъд - Барнома) бо мақсади таъмин намудани рушди устувори саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва беҳтар намудани дастрасии аҳолии кишвар ба маводи доруворӣ ва молҳои тиббии хушсифат таҳия гардидааст.
2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 90 фоизи дорувории дар бозори фарматсевтӣ мавҷудбуда аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд. Барнома барои таъмини рушди саноати дорусозӣ дар шароити мамлакат, амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъмини самаранокӣ ва сифати доруворӣ, ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.
3. Саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ қарор надошта, қисми зиёди доруворӣ аз кишварҳои Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Литва, Украина ва Чин ворид карда мешаванд.
2. ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
4. Барнома амалишавии вазифаҳои зеринро дар бар мегирад:
- такмили заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсол, бақайдгирӣ, воридот, содирот ва фурӯши маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ; - амалисозии низоми ягонаи идоракунии сифат мутобиқи талаботи байналмилалӣ;
- ҷудо намудани қарзҳои бонкӣ бо фоизи имтиёзнок ба корхонаҳои фарматсевтие, ки ба талаботи амалияи муносиби истеҳсолӣ мувофиқат мекунанд;
- ҳавасмандгардонии давлатӣ ва маблағгузории раванди дорувории инноватсионӣ, инчунин кишт ва парвариши рустаниҳои шифобахши аҳамияти саноатидошта;
- таъмини усули дахлдори инноватсионӣ ва ҳамгироӣ дар байни субъектҳои бозори фарматсевтӣ;
- таъсиси ташкилотҳои дорусозӣ бо мақсади зиёд намудани номгӯи маводи доруворӣ ва молҳои тиббии истеҳсоли ватанӣ, аз он ҷумла тибқи рӯйхати маводи дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тақвияти ҳамкориҳо ҷиҳати таъсиси ташкилотҳои муштараки дорусозӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ;
- дастгирии молиявии лоиҳаҳои муҳимтарини навоварӣ дар соҳаи дорусозӣ;
- амалисозии самараноки корҳои илмию тадқиқотӣ бо дар назар доштани талабот, мавҷудияти ашёи хоми доруворӣ, шаклҳои дахлдори маводи доруворӣ, инчунин таъсиси ташкилотҳои махсусгардонидашудаи илмӣ;
- такмили ихтисоси сатҳи тахассусии мутахассион бо дар назар доштани талаботи байналмилалӣ (амалияи муносиби лабораторӣ - GLP, амалияи муносиби клиникӣ - GCP, амалияи муносиби истеҳсолӣ - GMP);
- таҳияи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятнок; - таҳияи барномаҳои илмӣ оид ба коркарди дорувории муосири рустанигӣ дар асоси набототи Тоҷикистон.
3. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪ
5. Дар ҷумҳурӣ айни ҳол 38 ташкилот ба истеҳсоли банду басти 403 номгӯи доруворӣ машғул буда, аз онҳо 16 ташкилот дар шаҳри Душанбе, 7 - вилояти Суғд, 7 - вилояти Хатлон, 6 - ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 2 ташкилот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир мебошанд. Дар ташкилотҳои номбурда зиёда аз 450 мутахассиси соҳа ба ҷойҳои нави корӣ таъмин гардида, дар вақти корҳои мавсимӣ то 3500 корманд ба кор ҷалб мешаванд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дорувории дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда дар соли 2019 6578,4 ҳазор дона ва дар шаш моҳи соли 2020 4022,3 ҳазор донаро ташкил дод.
6. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 ширкати истеҳсолии ватанӣ ба истеҳсоли ниқобҳои якбормасрафшаванда ва либосҳои муҳофизатӣ машғул буда, 10 ширкати истеҳсолии ватанӣ ба истеҳсоли маҳлули антисептикии 95 ва 70 фоиз ва маводи шӯянда машғул буда, талаботи аҳолӣ ва муассисаҳои табобатию пешгириро таъмин намуда истодаанд.
7. Дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 16 ташкилот коркарди зиёда аз 45 номгӯи рустаниҳои шифобахш ба роҳ монда шуда, танҳо 2 номгӯи онҳо (решаи ширинбия ва шираи камол) ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад, ки ҳаҷми он дар соли 2019 729350 килограмро ташкил дод. Соли 2020 дар соҳаи мазкур ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ориён медикал" дар шаҳри Душанбе - истеҳсоли системаи якбормасрафшаванда барои гузаронидани маҳлулҳо, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Таҷ фарма" дар ноҳияи Рӯдакӣ - истеҳсоли маводи доруворӣ, марҳилаи дуюми корхонаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Фарм Текс" дар ноҳияи Данғара ба истифода дода шуд. Қобили зикр аст, ки марҳилаи аввали баистифодиҳии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Фарм Текс" 5 ноябри соли 2018 баргузор гардида буд. Ташкилоти мазкур ба бандубасти пахтаи тиббӣ, маводи бастубанди тиббӣ, маводи косметологии аз пахта тайёршуда ва маводи истифодаи гигиенаи шахсӣ машғул буда, ҳаҷми истеҳсоли онҳо дар як сол зиёда аз 25 млн ададро ташкил менамояд.
8. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбияи мутахассисони дорои таҳсилоти олии фарматсевтӣ дар муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино" (354 нафар), Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (877 нафар) ва мутахассисони дорои маълумоти миёнаи тиббию фарматсевтӣ дар коллеҷҳои тиббӣ (4372 нафар) ба роҳ монда шудааст. Дар як сол теъдоди хатм дар муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино" 66 нафар, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 144 нафар ва дар коллеҷҳои тиббӣ 1451 нафарро ташкил медиҳад. Вале дар ҷумҳурӣ тарбияи мутахассисон аз рӯи ихтисоси саноати фарматсевтӣ ба роҳ монда нашудааст, ки ин омил яке аз мушкилоти рушди саноати дорусозӣ мебошад.
9. Солҳои 2021-2022 дар шаҳри Душанбе ифтитоҳи ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷикдорусаноат" ба нақша гирифта шудааст. Барои таъмири бино ва ворид намудани таҷҳизот ва технологияи муосир барои истеҳсоли маводи доруворӣ дар шаклҳои ампула, ҳаб, ғилофак, марҳам ва шарбат маблағ дар ҳаҷми 50 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ташкилоти сохташаванда истеҳсоли зиёда аз 80 номгӯи маводи доруворӣ, аз ҷумла шираи камол ва решаи ширинбия ба роҳ монда шуда, дар марҳилаи аввал зиёда аз 150 мутахассис ба ҷойи кори доимӣ ҷалб мегарданд. Дар ин раванд зикр кардан бамаврид аст, ки корхонаи давлатии "Заводи протезию ортопедӣ"-и шаҳри Душанбе ба истеҳсоли маҳсулоти протезию ортопедӣ ва воситаҳои дигари техникии тавонбахшӣ барои маъюбон машғул буда, солҳои 60-уми асри гузашта ба истифода дода шудааст. Солҳои 2020-2021 дар заминаи корхонаи мазкур коргоҳи истеҳсоли протезҳо, ортезу пойафзолҳои ортопедӣ ва истеҳсоли аробачаи маъюбӣ ба нақша гирифта шудааст.
10. Соли 2020 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон истеҳсоли дастпӯшакҳои таъмизшуда ва таъмизношудаи якбормасрафшаванда ба роҳ монда шуда, якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон солҳои 2020-2021 дар ноҳияи Роштқалъа таъсиси сехи коркард ва бастубанди гиёҳҳои шифобахшро ба нақша гирифтаанд ва айни замон корҳои лоиҳакашию тарҳрезии он идома доранд.
11. Ҳиссаи дорувории генерикӣ аз теъдоди умумии доруҳои дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда 21 фоизро ташкил медиҳад. Ҳиссаи зиёди дорувории дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда аз рӯи фаъолияти фармокологӣ ба доруҳои зидди илтиҳобӣ, зидди микробӣ ва маводи безараргардонӣ рост меояд. Аз рӯи шакли доруворӣ бошад қисми зиёди доруҳои истеҳсоли ватаниро шакли сахтдоштаи онҳо (70 фоиз) ташкил медиҳад. Аз рӯи манбаъҳои пайдоиш, 44% онҳоро дорувории рустанигӣ, 41 фоиз доруҳои синтетикӣ ва теъдоди молҳои тиббӣ бошад 11 фоизро ташкил медиҳад. Ба рӯйхати маводи дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон 356 номгӯй дохил мешавад, ки истеҳсоли 48 номгӯй ё 13,5 фоиз онҳо дар муассисаҳои фарматсевтии кишвар ба роҳ монда шудааст. Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли 16 номгӯи молҳои таъйиноташон тиббӣ аз ҷониби 10 ташкилоти ватанӣ ба роҳ монда шудааст.
12. Теъдоди умумии маводи дорувории ватанӣ аз тарафи олимони ватанӣ таҳияшуда зиёда аз 88 номгӯйро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 61 номгӯ аз рустаниҳои шифобахш, 16 номгӯ ба таври сунъӣ ва 11 номгӯ аз ашёи минералӣ ва ҳайвонӣ мебошад. Аммо бо дар назар доштани баъзе омилҳо танҳо 12 номгӯ он аз санҷиши клиникӣ гузашта, фақат 8 номгӯи он дорои ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ мебошанд.
13. Ба ҳисоби миёна талабот нисбати воситаҳои техникии тавонбахшӣ дар як сол зиёда аз 11000 дадро ташкил медиҳад. Таъминоти воқеии эҳтиёҷоти маъюбон бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ, аз ҷумла аробачаҳои маъюбӣ солона дар доираи 15 фоизи талабот қонеъ гардонида мешавад. Дохил намудани лоиҳаи мазкур ба Барномаи давлатии сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати таъмин намудани талаботи болозикр мусоидат хоҳад кард. Ғайр аз ин давра ба давра зиёд намудани маблағгузории давлатии заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ ба мақсад мувофиқ мебошад.
4. МУШКИЛОТ ВА САМТҲОИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
14. Мушкилоти ҳалталаб дар рушди саноати дорусозӣ дар ҷумҳурӣ инҳоянд:
- норасоии маблағҳои гардишии ташкилотҳо ва фоизи нисбатан баланди қарзҳои бонкӣ;
- набудани мутахассисони баландихтисос, ба монанди муҳандистехнологҳои истеҳсолоти фарматсевтӣ;
- дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани пойгоҳи моддӣ-техникӣ, таълимӣметодӣ ва озмоишгоҳҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ;
- мавҷуд набудани стандартҳои касбӣ дар самти омодасозии мутахассисон аз рӯи ихтисоси фарматсияи саноатӣ;
- дар сатҳи паст қарор доштани ҳамкории дуҷонибаи кафедраҳо бо ташкилотҳо ва қаноатманкунанда набудани раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар ташкилотҳои саноатӣ;
- мавҷуд набудани механизми ҳамкории мутақобилаи олимону муҳаққиқон бо ташкилотҳои фарматсевтӣ;
- мавҷуд набудани механизми алоқамандии илм дар истеҳсолоти саноатӣ ва тиҷоратикунонии натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ;
- сатҳи пасти фурӯши дорувории истеҳсоли ватанӣ ва рақобатпазир набудани онҳо бо дорувории истеҳсоли хориҷӣ;
- нотавоноии истеҳсолкунандагони ватанӣ оид ба таъмини бозори дохилӣ бо дорувории асосӣ;
- набудани стандартҳои миллии мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ (амалияи муносиби истеҳсолӣ - GMP ва амалияи муносиби клиникӣ - GCP, амалияи муносиби лабораторӣ - GLP);
- сатҳи пасти технологияи инноватсионӣ дар раванди истеҳсолоти дорувории ватанӣ, миқдори бениҳоят ками доруҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти ватанӣ;
- сатҳи баланди андоз ҳангоми воридоти моддаҳои фаъоли фарматсевтӣ, моддаҳои ёрирасон, маводи бастубанд ва маводи дигари масрафшаванда, ки бевосита ҳангоми истеҳсоли доруворӣ истифода бурда мешаванд;
- сатҳи пасти дониши истеҳсолкунандагони ватанӣ дар бораи талабот нисбати маводи доруворӣ;
- сатҳи пасти заминаи моддию техникии муассисаҳои илмию таълимӣ ва ба раванди таҳия ва истеҳсоли доруворӣ кам машғул шудани онҳо; - набудани ҳамоҳангсозии дахлдори муассисаҳои илмӣ бо мақсади истеҳсоли доруворӣ дар сатҳи саноатӣ.
15. Самтҳои асосии амалисозии Барнома инҳоянд:
- афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти масрафшавандаи ташкилотҳои фаъолияткунанда ва таъсиси ташкилотҳои нав дар ин самт бо мақсади содироти маҳсулот, ташкил намудани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар соҳаи дорусозӣ ва фарматсевтӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ;
- таъмин намудани ташкилотҳои фарматсевтии ватанӣ бо ашёи хоми маҳаллӣ барои коркард то маҳсулоти ниҳоии арзиши баланддошта;
- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои рушди соҳа;
- чораандешӣ баҳри фурӯши бештари доруворӣ ва молҳои тиббии истеҳсоли ватанӣ;
- дуруст дарк накардани моҳияти ҷорӣ намудани талаботи стандартҳои байнамилалии сифат ва бехатарӣ;
- бунёди иншооти нави саноатӣ дар доираи сиёсати воридотивазкунӣ ва афзоиши содирот;
- содагардонии расмиёти содиротию воридотӣ;
- ҷорӣ намудани низоми байналмилалии стандартҳои сифат дар ташкилотҳои фарматсевтӣ;
- роҳандозии чораҳои зарурӣ дар самти бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз намудани озмоишгоҳҳо ва ташхисгоҳҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ;
- тақвияти ҳамкориҳо ҷиҳати таъсиси ташкилотҳои муштарак бо сармояи хориҷӣ;
- паст намудани хароҷоти истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат;
- баланд бардоштани сифат ва эътибори маҳсулоти саноатии ватанӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ;
- васеъ намудани доираи фаъолияти мақомоти марбута бо таъмини мутахассисони касбӣ дар ин самт;
- ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани раванди истеҳсоли доруворӣ ва молҳои тиббӣ;
- ҳавасмандгардонии субъектҳои истеҳсолӣ оид ба ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии идоракунии сифат тавассути дастгирии грантӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои донорӣ;
- дар шартномаҳои хариди давлатӣ пешбинӣ намудани муқаррарот оид ба манзур намудани сертификати мутобиқат ҳангоми аз ҷониби молрасон ба фармоишгар таҳвил гардидани мол ва хизматрасонӣ;
- пурзӯр намудани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ;
- ташкил намудани озмунҳо байни ташкилотҳои истеҳсолӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ҳамкориҳо бо мақсади ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти саноатӣ;
- таъсиси шӯрои байнисоҳавӣ оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар истеҳсолоти фарматсевтӣ;
- мусоидат барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки барои ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, аз қабили таҷҳизоти технологӣ, воситаҳои техникӣ, мошинҳо ва маводе, ки барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва баланд бардоштани иқтидори содиротии иқтисодиёти Тоҷикистон зарур мебошанд;
- дастгирии ҳуқуқӣ, моддӣ ва молиявӣ бо мақсади минбаъд фаъолгардонии корҳои илмию тадқиқотӣ ва озмоишию конструкторӣ дар муассисаҳои илмию тадқиқотии ҷумҳурӣ;
- бештар ба роҳ мондани корҳои илмию тадқиқотии аҳамияти амалидошта дар самти коркарди доруворӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ ва ё ба таври сунъӣ ҳосил кардашуда;
- бештар ҷалб намудани донишҷӯён ба ташкилотҳои саноатӣ дар давраи таҷрибаомӯзӣ;
- бозомӯзии мутахассисон дар хориҷи кишвар бо мақсади аз худ кардани технологияҳои нав дар истеҳсолот;
- дар заминаи ташкилотҳои фарматсевтӣ таъсис додани кафедраҳои тахассусӣ ва бештар гузаронидани машғулиятҳо бо донишҷӯён.
5. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
16. Барои амалисозии Барнома маблағҳои буҷети давлатӣ, ҷалби сармоияи дохиливу хориҷӣ ва дигар манбаъҳои молиявие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, равона карда мешавад.
6. АРЗЁБИИ БАРНОМА
17. Барнома тавассути нишондиҳандаҳои зерин арзёбӣ карда мешавад:
- нишондиҳандаҳои солонаи афзоиши иқтисодӣ ва ҳаҷми доруворӣ ва молҳои тиббии истеҳсоли корхонаҳои фарматсевтии ватанӣ;
- ҷалби сармоягузорӣ дар рушди истеҳсоли ватании доруворӣ ва молҳои тиббӣ;
- таъсиси ташкилотҳои нав оид ба истеҳсоли доруворӣ ва молҳои тиббӣ;
- зиёд намудани теъдоди номгӯй ва ҳаҷми истеҳсоли доруворӣ ва молҳои тиббӣ;
- зиёд намудани ҳаҷми содироти доруворӣ ва молҳои тиббӣ;
- воридоти таҷҳизоти инноватсионӣ баҳри рушди саноати дорусозӣ;
- миқдори санадҳои меъёрии ҳуқуқии таҳияшуда оид ба рушди истеҳсоли доруворӣ ва молҳои тиббӣ;
- афзоиши теъдоди мутахассисони дар дохили кишвар тарбиякардашуда ва дар хориҷи кишвар ба бозомӯзӣ фаро гирифташуда;
- афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда.
Замима 2